Вс01052025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

СИПОСИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ

СИПОСИ  МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢНимаи дуюми рӯзи ҷумъаи 3 апрел бар асари лағжиши ярч дар деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод даҳ сокини ин маҳалла, ки аслан ҷавонон   буданд, зери ярч монданд. Аз ин шумора танҳо ҷасади се нафар ёфт шуда, кофтукови бокимондаҳо ҳанӯз давом дорад.. Айни ҳол аз номи вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои қудратӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва аз номи раисони вилоят, шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барқияҳои тасаллият ворид шуда, ҳамзамон аз баъзе шаҳру навоҳии мамлакат ва мардуми саховатпеша барои осебдидагон ва онҳое, ки ин ҷо кор карда истодаанд кӯмакҳои хайрия   омада истодааст.

Ба ин хотир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳамаи онҳое, ки дар ин рӯзи сахт моро дастгирӣ намудаву бо мо буданд, изҳори миннатдорӣ менамояд.

Раиси ноҳияи Файзобод Имомназар Каримиён