ХАБАРҲО
НАҚШАИ ДАЪВАТИ НАВАСКАРОН ИҶРО ШУД
- Подробности
- Опубликовано 12.05.2015 10:01
Тибқи фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ» маъракаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ аз рӯзи 1 апрели соли равон оғоз шуда буд. Ҷавонони ноҳияи мо ҳам бо дарки баланди ватандӯстӣ ба хизмати Ватан омода будани худро нишон доданд. Танҳо дар рӯзи аввали даъват зиёда аз 30 нафар ҷавонони ноҳия ихтиёрӣ барои хизмати Модар-Ватан рафтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки нақшаи даъвати баҳории хизмат ба сафи Артиши миллӣ дар ноҳия пеш аз муҳлат ба иҷро расид. Дар ин маърака ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор ва Мискинобод пешсаф буданд.
Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори «НФ».