Пт01032025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ЯРМАРКАҲОИ МАКТАБӢ

Бо наздик омадани соли нави хониш раиси ноҳия Каримиён Имомназар  роҳбарияти ҷамъияти матлубот ва ҳамаи тоҷирону соҳибкоронро вазифадор намуд, ки барои осон намудани мушкилии падару модарон дар ин фасли гармо барои фарзандони мактабхони онҳо сару либоси мактабӣ ва ашёву ҷиҳози хониши босифат омода намоянд. Масъулин пайи ин супориш дар ҳамаи нуқтаҳои савдои нохия ин амалро хуб  ба роҳ монда, хамчунин дар маркази ҷамоатҳо ва ҷамоати шаҳраки Файзобод нуқтаҳои калони ярмаркаи мактаббачаҳоро ташкил намуданд. Аз ибтидои моҳи август ин нуқтаҳо дар хизмати мизоҷон-волидайни мактабиён қарор дошта, онҳо аксари муҳимоти худро аз ин марказҳои  савдо дастрас менамоянд. Тавре чанде аз падару модарон дар суҳбат ба мо иброз доштанд, онҳо дигар овора шуда ба шаҳри Душанбею Ваҳдат намераванд, якҷо бо писарону духтаронашон аз ҳамин фурушгоҳҳо сару либоси мактабӣ ва ашёи хонишро пурра дастрас  мекунанд. Ба қавли онҳо дар  ин сурат ҳам маблағашон захира шуду ҳам вақташон, зеро имрӯзҳо долу зарбии корҳои кишоварзӣ,ҷамъу гири ҳосил мебошад.

ОРАЗ.