Пт01032025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ҶАВОНОН СОЗАНДААНД АГАР ҲАМРОҲАШОН БОШЕМ

Зери ин мафҳум шоми 13-уми декабр дар чойхонаи миллии ноҳия ҷавонони диёр гирд омада буданд.   Бояд гуфт, ки ин маротибаи дуюм аст, ки ба хотири рушду инкишофи диёр ва саҳми ҷавонон дар созандагиву бунёдкории ноҳия маҳфили «Шоми ҷавонӣ»-ро бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор менамояд. Дафъаи аввал, ки дар шабҳои салқину пур аз ҳавои форами фасли тобистон рост омада буд, бо ҷавононе, ки берун аз ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ адои вазифа мекунанд, аз мавзеҳои таърихии диёр дидан намуда, пасон дар бӯстонсарои Чаноро сари як пиёла чой суҳбати гарму самимӣ доир шуд. Иқрорем, ки аз лиҳози дастрасӣ надоштан ба ҳамаи ҷавонони фаъоли диёр маротибаи аввал имкон нашуд, ки ҳамаи онҳоро дар чорабинӣ иштирок намоянд. Ин навбат бошад бо андухтани таҷриба ва фаъол намудани саҳифаи фейсбукии «Файзобод ва файзободиҳо» масъулини чорабиниро ба мақсад расонид. Пеш аз оғози маҳфил меҳмонон аз осорхонаи миллии диёр, ки дар шафати чойхонаи миллӣ ҷойгир аст, дидан намуданд. Маҳфилро дастаи ҳаваскорони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо суруду тарона ҳуси оғоз бахшиданд. Меҳмонони навбатии маҳфил олимону муаллимони ҷавони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва хизматчиёни давлатӣ, дар маҷмуъ наздики 100 нафар чеҳраҳои ҷавонони фарҳангиву сиёсии диёри файзбахш буданд. Ин ҷо низ раиси ноҳия Имомназар Каримиён ба хотири ошноӣ бо ҷавонони диёр ва гӯш додан ба таклифу пешниҳоди онҳо ҷавононро ҳамроҳӣ мекард. Ҳозирин аз дастандаркорони маҳфил изҳори сипос намуда, андешаҳояшонро перомуни маҳфил ва саҳм доштан дар ободии диёр баён мекарданд. Аз ҷумла номзади илм, гирандаи ҷоизаи «Олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ» Сироҷиддин Раҷабов иброз намуд, ки мо, омӯзгорон аз ин баъд тасмим мегирем, ки намунае аз кашфиёту чопи китобҳои хешро ба осорхонаи ноҳия пешкаш намоем, то ҳамагон аз он огаҳ шаванд. Ҳамчунин дар идома гуфтугӯи онлайн бо донишҷӯёни диёр, ки хориҷ аз кишвар таҳсил доранд, доир шуд, ки ҳамагон аз ҷараёни таҳсил ва муваффақиятҳои ноилгаштаи эшон огаҳӣ пайдо намуданд.

Мо ба шумо ҷавонон эътимоди зиёд дорем ва аз саҳмгузориву дастовардҳои касб намудаатон бениҳоят хурсандем. Дар миёни шумо будан ва андешаву пешниҳоди шуморо гӯш кардан ба мо имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ ба муваффақиятҳои бузург ноил гардем, гуфт зимни баромади хеш раиси ноҳия. Ҳамчунин ӯ аз таъсиси сомонаи «Набзи Файзобод» ёдоварӣ карда, ҷавононро ба ҳамфикриву созандагӣ даъват намуд. Дар идома ҷавонон таклиф намуданд, ки то маҳфили навбатӣ маблағ ҷамъ намуда онро дар ободонии диёр сарф хоҳанд кард. Соҳибкорон Манучеҳр Каримов, Субҳиддин Ғафуров ва Зафар Ҳакимов ташаббус нишон дода, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроия барои идомаи таҳсил ба донишҷӯйи соли сеюми Колеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Мирзошарифзода Комрон        дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣкӯмак намуданд. Ин ба он хотир буд, ки ихтисоси ӯ гачкор-кандакор аст ва дар ноҳияи мо чунин мутахассисро надорем.     

Бобати саховатмандии Манучеҳр борҳо гуфта будем ва хонанда ҳам аз ҳар иқдоми ӯ тариқи рӯзномаи “Набзи Файзобод” огаҳӣ дорад. Дар ин маҳфил ӯ тасмим гирифт, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи имсола ҳудуди 100 нафар тифлакони ятиму бепарасторро хатнасур менамояд. Ҳамчунин ба хотири ҷалби паҳлавонони ҷумҳурӣ ҳамчун ҷоиза як автомашина дар гӯштини навбатӣ туҳфа хоҳад кард.

Ҳамин тавр бо ташаббусу иқдомҳои наҷиби ҷавонон маҳфил ба поён расид.

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори “НФ”.