ХАБАРҲО
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Опубликовано 18.12.2014 11:14
12 декабри соли 2014 Иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар иҷлосия иштирок доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии №13 Зубайдов Зайдулло котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Акрамзода З. А, вакил аз ҳавзаи интихоботии №23, Убайдова Зумрат, вакил аз ҳавзаи интихоботии №1, Саидов Аскар, вакил аз ҳавзаи интихоботии №31 интихоб гардиданд. Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Каримиён Имомназар ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:
-Дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.
-Дар бораи ташкили комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.
Рӯзномаи пешниҳодгардида аз ҷониби вакилони халқ дастгирӣ ёфт. Аз рӯи масъалаҳои дар иҷлосия баррасишаванда раиси ноҳия Каримиён Имомназар баромад намуд. Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ маъракаи муҳими сиёсӣ буда, тақдири давлат ва халқу миллатамонро барои панҷ соли оянда муайян менамояд, қайд намуд раис. Чи тавре ки тариқи воситаҳои ахбори омма ҳамагон огаҳӣ дорем, рӯзи 5 декабри соли 2014 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ба имзо расид ва тибқи он интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи 1 марти соли 2015 таъин карда шуд. Ҳамчунин бо Фармони мазкур интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли 2015 гузаронида мешавад. Дар Фармон инчунин омадааст, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” 1 марти соли 2015 гузаронида мешавад. Тибқи муқаррароти Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” дар муддати на дертар аз 10 рӯзи баъди таъини интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дарназардошти пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ бояд комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихоботро ташкил диҳанд. Ва миқдори ҳавзаҳои интихоботиро муқаррар намоянд. Дар асоси ин талабот ба мо зарур аст, ки дар иҷлосияи имрӯза миқдори ҳавзаҳои интихобот барои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро муқаррар намоем ва комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро ташкил намоем.
Раиси ноҳия Имомназари Каримиён лоиҳаи қарорҳоро дар бораи муқаррар намудани шумораи ҳавзаҳои интихоботӣ ва ташкили комиссияи ноҳиявии интихобот ба вакилон пешниҳод намуд. Лоиҳаи қарорҳо аз тарафи вакилон қабул карда шуд. (Қарорҳои қабулгардида дар ҳамин шумора чоп мешавад).
Раиси ноҳия дар анҷоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия изҳор намуданд, ки ҳар яки мо бояд худро дар гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва тақдирсоз масъул шуморем. Ва сокинони ноҳияро барои иштирок дар он, муттаҳидию сарҷамъӣ ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳидоят намуд. Барои таъмини иштироки фаъолонаи сокинони ноҳия дар маъракаи интихоботӣ аз ҳамин рӯз сар карда бояд ҳар кадоми мо бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо гузаронида моҳият ва муҳимияти ин маъракаи сиёсиро ба онҳо расонем. Ба онҳо фаҳмонем, ки давраи омодагӣ ба интихобот бисёр давраи ҳассос буда ҳар гуна қувваҳои бадхоҳ мехоҳанд дар байни мо низоъ андохта фазои орому осудаи ватани азизамонро халалдор созанд. Ба онҳо дар мисоли давлатҳои араб, ба монанди Сурия, Ироқ, Либия ва Украина фаҳмонем, ки низоъҳои дохилие, ки аз тарафи қувваҳои бадхоҳ ангехта мешаванд, чӣ натиҷаю пайомадҳо доранд. Боварӣ дорам, ки шумо вакилони муҳтарам ва фаъолон сокинони ноҳияро барои иштироки фаъолона дар маъракаи интихоботӣ ва дар руҳияи муттаҳидию якдилӣ гузаронидани он омода месозед, изҳори умедворӣ намуд Каримиён Имомназар.
Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони ноҳия Суруди миллӣ садо дод.
М.ТАҒОЕВА,
хабарнигори “Набзи Файзобод”.