ХАБАРҲО
КИШТИ КАРТОШКА СУСТ ҶАРАЁН ДОРАД
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2016 16:27
Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Сайдалӣ Шамсов аз рафти кишти картошка дар ноҳия нигаронӣ карда таъкид дошт, ки то имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ноҳия 220 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда хеле кам аст.
Кишоварзони ҷамоати деҳоти Бӯстон дар майдони 35 гектар, ҷамоати Меҳробод 34,7 гектар, ҷамоати Вашгирд 16,3 гектар, ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев дар майдони 71 гектар, ҷамоати Ҷавонон 44,7 гектар, ҷамоати Чашмасор 3,2 гектар, ҷамоати Қалъаидашт 2 гектар, ҷамоати Мискинобод 4,1 гектар, ҷамоати шаҳраки Файзобод 9 гектар ва хоҷагии ҷангал дар 3 гектар кишти картошка гузаронидаанд, ки 20-30 фоизи нақшаи солонаро таъмин мекунад.
Обу ҳавои имсола барои сари вақт гузаронидани кишти картошка мусоид аст. Вале деҳқонон аз он босамар истифода накарданд. Деҳқонони минтақаи поёни ноҳия нарасидани оби полезиро барои кишти картошка баҳона пеш меоранд. Ҳол он ки мувофиқи корҳои анҷомдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имсол канали “50-солагии Тоҷикситон” пурра таъмир гардида, деҳқононро дар мавсим пурра бо оби полезӣ таъмин мекунад. Вақт рафт, нақт рафт гуфтаанд. Мебояд баҳона пеш наоварда нақшаи 750 гектар кишти картошкаро сари вақт иҷро кунанд.
С.ТИЛЛО.