Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ВОХӮРИИ СУДМАНД

Чанде пеш дар толори хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Меҳробод бо сокинони ҳудуди ҷамоат вохӯрии судманд атрофи баргузории раъйпурсӣ баргузор гардид.

Вохӯриро раиси ноҳияи Файзобод, узви Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ кушода, оид ба зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад. Дар вохӯрӣ Файзулло Идиев муовини декани факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Зиёев Раҳмон, аъзои комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азиззода Сафо Саид, прокурори ноҳия оиди бобҳои алоҳидаи Конститутсия, ки ба онҳо тағйироту иловаҳо пешниҳод гардидаанд, сухан карданд. Дар охири чорабинӣ раиси ноҳия тамоми сокинони деҳоти мазкурро даъват намуд, ки   рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 фаъолона ба участкаҳои раъйдиҳӣ биёянд.

Шамсуллои СОЛЕҲ.