ХАБАРҲО
МАШВАРАТ ДАР КАРСАНГ
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 11:40
Дар пойгоҳи институти хокшиносии АИКТ дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи “Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот” машварати минтақавӣ дар мавзӯи “Усулҳои пешгирии таназзулёбии нишебизаминҳо” баргузор гашт. Ҳадаф аз баргузории ин машварат дар алоқа бо арзишҳои илмӣ таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва пешниҳодҳо оид ба усулҳои ҷадиди баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо баҳри ташаккул додани маърифати истифодабарии самаранокии замин мебошад. Ин омили коргузорӣ ба мо имкон медиҳад, ки минбаъд дар ҳудуди кишварамон амнияти бехатарии озуқавориро таъмин намоем. Дар машварати мазкур баробари олимону коршиносон инчунин Раёсати кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат доштанд.
Ҳасан АСОЕВ.