Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ДАРАХТШИНОНӢ ОҒОЗ ШУД

Бо омади фасли тирамоҳ дар  ноҳия ба маъракаи  дарахтшинонӣ шуруъ мекунанд. Тибқи дастури раиси ноҳия пеш аз ҳама талу теппаҳои атрофи шоҳроҳи  Душанбе-Рашт ҳамвор шуда истодааст, ки дар навбати аввал дар ин қитъаҳо дарахтони ҳамеша сабз шинондаву атрофи онро маҳкам мегардад. Дурнамои бунёди боғҳои нав низ  барои соли оянда аз ҷониби  раёсати кишоварзии ноҳия   омода шудааст.             Дар соли 2017  беш 600 гектар боғҳои нав  бояд  бунёд ёбад. Барои амалӣ шудани ин мақсад аз ҳоло боғдорони ноҳия ҳамаҷониба тайёрӣ мебинанд.

Бо бунёди боғҳои нав ва  дарахтони сояафкану ороишӣ ҳусни  диёрамон боз ҳам зебо гаштаву ба гулистони сарсабз мубаддал хоҳад ёфт.

«НФ».