Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

КӮМАК БА ЯТИМХОНА

Соҳибкор Давлатбек Қарчиев мақсад гузошт, ки дар ростои нимпайкараи шоир ва гӯрғӯлисарои машҳур Ҳикмат Ризо барои ободии ин мавзеъ маркази савдо, ошхонаю чойхона, мағозаи китоб, дӯкони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаммоми замонавиро сохта мавриди истифодаи мардум қарор диҳад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо суръат ҷараён дорад. Давлатбек Қарчиев ният дорад, ки дар арафаи 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои мазкурро бо ҳамаи шароитҳояш ба истифода диҳад. Ҳамчунин баробари ба истифода додани иншоот ду атрофи роҳрави он асфалтпӯшу гулпӯш карда мешавад.

Соҳибкор дар давоми чанд соли охир дар ҳудуди шаҳри Роғуну ноҳияи Файзобод даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, ошхонаю чойхона, ҳаммому китобхонаро бунёд карда, дар арафаи идҳои саиди Фитр, Қурбон ба муҳтоҷону оилаҳои камбизоат, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимхонаҳо дасти саховат дароз мекунад.

Мавсими зимистони имсола Давлатбек Қарчиев ба ятимхонаи шаҳри Роғун ба миқдори 3 тонна ангишт, либосҳои зимистонаи духтаронаю бачагона, маводи хӯрока кӯмак расонид.

Ҳ.САФАР.