Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ЧОРГОНИКХО –ФАЙЗИ ҚУДУМИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Арафаи ҷашни мубораки 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушхабаре дар ҷумҳурӣ паҳн гардид, ки пеш аз ҳама боиси хурсандии мо, мардуми диёр гардид. Санаи 24 август дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе сокини деҳаи Даштимарзо Шаҳодатхон Нуралиева якбора чор тифл  - ду духтару ду писар таваллуд кард. Аз ин пеш ин оила соҳиби ду духтарчаи дӯстрӯяк - Раҳмияю Шукрона буданд. Мардуми деҳа тавлиди чоргоникҳоро файзи қудуми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон медонанд, ки ду сол пеш ба деҳаи онҳо омадаю ба хонадони ҳар як сокини он файзу баракат, хушрӯзию пирӯзӣ, барору комёбӣ таманно намуда буд.

Баъди даҳ рӯзи таваллуд 2 сентябр чоргоникҳоро сиҳату саломат аз беморхона гусел намуданд. Рӯзи гусел баҳри табрику шодбошии ин оилаи хушбахт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва як гурӯҳ фаъолзанони ноҳия бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Нурия Раҷабова ба таваллудхона омаданд.

ЧОРГОНИКХО –ФАЙЗИ ҚУДУМИ САРВАРИ ДАВЛАТ

-Дар чанд соли охир, ҳангоми гусел бо чеҳраи хандон яке аз тифлакон дар даст мегӯяд, сардухтури таваллудхона Гулҷаҳон Давлатова дар таваллудхонаи мо ин бори аввал аст, ки чоргоникҳо соқу саломат таваллуд шуданд. Ду нафари навзодон худ таваллуд шудаю ду нафари дигарро буриши чоки қайсар намудем. Вазни ҳар яке онҳо аз ду кило боло буд. Чунин ҳомиладории аз чор тифл зиёд мушкилиҳои вазнин дорад. Ва кам ҳолатҳое мешавад, ки чаҳор нафар аз як батн чунин солиму расида ва бенуқсон таваллуд шаванд.

-Сад шукри Худовандро мекунем, ки ману ҳамсарам соҳиби шаш нафар фарзанд – чор писару ду духтар ҳастем, мегӯяд хушдомани Шаҳодатхон Гулнисо Боева. Қудратулло – падари тифлакон писари дуюмам мебошад. Имрӯз ба пайю қадами ин тифлакон сафи набераҳоям ба 16 нафар расид. Ин неъмати Худододаро ман аз файзи қудуми Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи кӯҳистонамон медонам. Гумон мекунам, ки куҷое Пешвои миллат қадам ниҳод, онҷо файзу баракат, фатҳу нусрат меборад.

Вазъи саломатии тифлакон хуб аст. Бо супориши раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ саломатии чоргоникҳо зери назорати доимии табибони ноҳия қарор дорад. Орзуи онро дорем, ки умри онҳо дарозу чун фарзандони баору номус ва арзандаи замони Истиқлолият ба камол бирасанд.

Т.МУНАВВАРА.