Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

80 БАҲОРИ УМР

«Дили ятимону мискинонро ба даст овардан баробар ба ҳаҷҷи Акбар буда, парасторӣ ва нигоҳубини шахсони муҳтоҷ аз савобтарин амалҳост. Худованд накӯкорон ва шахсонеро, ки аъмоли шоиста анҷом медиҳанд дӯст медорад ва ҳар фарде, ки дасти сахову эҳсон дорад, умраш зиёда мегардад, кораш пешрав ва баракати хонадонаш афзун мешавад»                                                

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН.

Подробнее...

БИЁ, БАҲОРИ ИШҚУ ЗЕБОӢ!

Сабзу шукуфову дилангез аст баҳори Аҷам. Бо вазидани насими накҳатбор бӯйи хуши гулу ёсуман ба машом мерасад. Насими атрогини баҳорӣ сару рӯйи касро сила мекунад, чангу ғубори танро меафканад, кӯфти касро дур месозад, ғами дилро мебарад, ба дилҳо шодиву сурур меорад. Ин насими фораму дилангез гӯё гулобест, ки дар соғар аз дасти арӯси моҳпайкар бо сад ишваву ноз, ғамзаву роз, саодату садоқат, меҳру муҳаббат таровид, ки онро ба як дам дар мекашӣ. Фораму лазизу дилкаш ва нозуку латифу париваш. Беҳуда нагуфтаанд: «аз боди баҳор баҳра бардор…»

Подробнее...

ЗАЙНИДДИНИ ҒУРАМАРГИ ОТА, ОРЗУҲОИ ШИРИНИ ҶАВОНИАШРО БА ХОК БУРД

Ман Изомиддинов Тоҷиддин собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошам. 27 сол дар ин соҳа хизмати ҳалолу поквиҷдодона карда, бо сари баланд ба нафақа баромадам. Фаъолияти ман асосан ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд. Он солҳо мо, кормандони милиса, шабу рӯз хоб надоштем. Бо баҳои ҷони даҳҳо фидоиёни роҳи ин касб сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон барқарор гардид. Ифтихорманду худро хушбахту хурсанд меҳисобидам, ки заррае бошад ҳам, барои Ватану мардуми азизам баҳри расидан ба чунин рӯзҳои нек хизмат намудаам. Лек зиндагӣ пастию баландӣ, талхию ширинӣ доштааст. Ва мане, ки дар сояи фарзандони азизам даврони хуши пирӣ мерондам, доғу дарди сахте дидам, ки тамоми умри боқимонда месӯзаму мегирям.

Подробнее...

МАН АЗ ФАРЗАНДОНИ ВАТАНДӮСТАМ ИФТИХОР ДОРАМ МЕГӮЯД СОКИНИ ДЕҲАИ СУРХДАРА САФАР ТАҒОЕВ

Акаи Сафар сокини деҳаи Сурхдараи ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев мебошад. Оилаи намуна буда, фарзандонашро тарбияи хуб додааст. Тӯли беш аз чил соли зиндагии доштааш бо ҳамсари меҳрубону ҷигарбандонаш касе аз бошандагони деҳа аз узви ин хонавода ба ҷое шикоят набурдааст. Меҳнати ҳалолу зиндагии хоксоранаашро ӯ аз ҳама чӣ боло медонад. Аслан муҳтавои ин суҳбатро акаи Сафар намехоҳад рӯи коғаз биёрем ва агар чизе ҳам иншо карданӣ бошем, хоҳиш дошт, ки бисёр кӯтоҳ баён кунем.

Подробнее...

БАЛАНДИИ САРИ МО АЗ ВАТАНДОРИСТ

Кас намехоҳад аз ҳаводиси ду даҳсолаи пеш ёд оварад. Вале магар метавон воқеоти таърихро пушти даст бигзориву ба ифодаи «Ба гузашта салавот» худро тасаллӣ бахшӣ?

Ҳодисаҳои солҳои 1992 -1997 аз саҳифаҳои таърихи миллат зудуда намешаванд.

То ба имрӯз ҳар хел баҳо доданд ҳаводиси он солҳоро . «Ҷанги таҳмилӣ» гуфтанд, «Аз ноогоҳии худшиносӣ» гуфтанд, «Дасти хориҷиён» гуфтанд, «Қувваҳои пинҳонкори сеюму чорум» гуфтанд…

Подробнее...

Подкатегории