Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

«МУЛКИ ФОЗИЛОН» НИШОНИ ВАТАНДӮСТИСТ

Рўзҳои охири соли 2015 китобе бо номи «Мулки фозилон» бо соядасти муаллиф Тилло Соҳибназар ба дастам расид.
Басо рамзист, ки китоб бо акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханони ӯ дар хусуси Файзободу файзободиҳо оғоз мегардад.
Китоби «Мулки фозилон» саросар даъвату талқин ба дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, таъриху фарҳанги миллат, химояи марзу буми диёр аст.
Абёти шоири беназир ва устоди сухан Бозор Собир ва пешгуфтори китоб, ки ба қалами олими шинохта, яке аз аввалин тадқиқотчиёни таърихи Файзобод Шамсиддин Нуриддинов тааллуқ дорад, хеле ба маврид ҷой дода шудаанд.
Мутолиаи ин асари бемуҳобот хонданӣ дар умқи андешаам солҳои гузаштаи зиндагиамро аз нав пеши назар ҷилвагар намуданд.
Камина бо мардуми ин мулк аз оғози солҳои ҳафтодуми қарни гузашта аввал ғоибона ва баъдтар аз наздик ошноӣ пайдо намуда будам.
Шиносоии ғоибонаам бо фарзонафарзандони ин деҳа соли 1973 тавассути шарикдарси солҳои донишҷӯиам Искандар Гадоев (мутаассифона, ин чеҳраи бароям азизу яке аз фозилони ин деҳ аз китоб берун мондааст) сурат гирифта буд. Баъдтар, ҳангоме соли 1980 ба кумитаи комсомолии ноҳия ба кор даъват гардидам, бо ин деҳа ва мардуми фарҳангиву ниҳоят меҳрубонаш аз наздик ошноӣ пайдо намудам. Бояд гӯям, ки бо аксари қаҳрамонони китоб, ки муаллиф ҳаёти ибратомӯзу шоистаи пайравиашонро ба риштаи тасвир кашидааст, бевосита ҳамкорӣ кардаам ва шумораи зиёди онҳо, аз ҷумлаи Шукрулло Комилов, Тилло шоев (рўҳашон шод бод), Қудратулло Файзуллоев, Аъзам Шарифов, Абдусаттор Сайриддинов, Шодӣ Бобишоев дар фаъолияти минбаъдаи меҳнатиам нақше гузоштаанд.
Мутолиаи китоб собит менамояд, ки муаллиф дар офаридану ба қалам додани чеҳраи қаҳрамонҳо-ҳамдеҳагонаш заҳмати зиёд сарф намудааст.
Ӯ тавонистааст, ки дар натиҷаи омӯзишу таҳлилҳои андешамандона ва тӯлонии чеҳраҳо зиндагиномаи онҳоро хеле муъҷаз ва хислату хулқу атворашонро ба таври воқеӣ тасвир намояд. Пайдост, ки Тиллои Соҳибнизар маводи китобро солҳои дуру дароз гирд оварда, таърихи деҳа ва зиндагиномаи фарзандони онро хеле бодиққат ва мушоҳидакорона омӯхтааст, бо мақсади ба хонанда возеҳу равшан муаррифӣ намудани онҳо бо ҳар кадомашон, сарфи назар аз он ки паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ кардааст, борҳо суҳбату вохӯриҳои хосса анҷом додааст. Ба муаллиф муяссар гардидааст, ки зимни тасвири чеҳраҳои бақаламдодааш танҳо ба зикри фаъолияти меҳнатӣ, корномаҳои онҳо маҳдуд нашуда, ба ин васила волотарин хислатҳо, аз қабили раҳму шафқат, хайру сахо, фазлу карам, инсондӯстию меҳрубонӣ, авло донистани қадру қиммати одам, ғайратмандию ҷасурӣ, донишмандию ҳимматбаландӣ ва монанди ин сифатҳои неки инсониро, ки рисолати ҳаёти инсон дар зиндагист, тарранум намояд, ба хонанда талқин кунад.
Муаллифи китоб дар мавриди таълиф ва ҷо ба ҷогузории маводҳо, овардани иқтибосу далелҳо, қоидаҳои маъмули нигорандагиро, аз қабили муъҷазбаёнӣ, хронология, ишора ба маъхазу сарчашмаҳо, зикри вақту замон риоя намудааст, ки далели равшани заҳматписандӣ ва маҳорати баланди ӯ дар қаламкашию нигорандагист. Барои мисол, ӯ дар очерки «Ҷонварсӯз таърих дорад», ки ба таърихи пешину имрӯзи деҳа бахшида шудааст, ҳатто ба як ибора, ки моли муаллиф нест, ба сарчашма ишора мекунад. Ё худ дар ҷои дигар овардани маводеро аз маҳсули қалами Мунаввара Қурбонова, бе ишораи муаллиф ба худ раво надидааст. Яъне рисола сирф маҳсули пажуҳишу заҳмати худи муаллиф аст, ки барои қаламкашони ҷавон, чун ҳаёту пайкори қаҳрамонони китоб, намунаи пайравист
Муаллиф зимни офариниши чеҳраи ҳамдеҳагон, таърихи мухтасари деҳааш, бо истифода аз услуби ёддоштнигорӣ, хонандаро ба таърихи хеле қадими диёр, вазъи душвору сангини солҳои аввали ҳокимияти шӯроҳо, муборизаи қувваҳои наву иртиҷоӣ, ширкати фарзандони диёр дар ҳифзи Ватан, шахсони таърихӣ, рушди ботадриҷи фарҳангу маориф ва дигар паҳлӯҳои хаёти натанҳо деҳааш, балки диёру кишвар ошно мегардонад.
Муболиға намешавад, агар гӯем, ки китоби мазкур маводест барои истифода дар тарбияи ахлоқию фарҳангии ҷавонону наврасон, дар онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихор аз Ватану миллат, адабиёту фарҳанги он ва фарзандони бофарҳангу саховатпешааш. Беҳуда нагуфтаанд, ки ватандӯстӣ аз домони модар сар мешавад. Касе ҳавлии хеш, деҳи худ, диёри худро дӯст надорад, чӣ гуна метавонад, ки Ватани аз деҳи хеш бузургтареро дӯст дорад.
Рисола аз ҷиҳати ороиш ва сифати нашр низ қобили таваҷҷуҳ буда, аз ҷиҳати баён равону сода ва оммафаҳм навишта шудааст.
Ба андешаи ин ҷониб аз ин рисола метавон ҳангоми гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҷиҳати тарғибу ташвиқи таърихи ноҳия, одамони барӯманди он, беҳтарин хислатҳои инсонӣ, илму маърифат ва меҳри ёру диёр васеъ истифода намуд.


Сафарбег Нурзода, Аълочии матбуот.