Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

ОФАРИН, ЗАЙДУЛЛО ЗУБАЙДОВ!

Инак моҳи дуюм аст, ки маъракаи обуна ба нашрияву маҷаллаҳои даврӣ, аз ҷумла ба нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳияи Файзобод «Набзи Файзобод» идома дорад. Соли равон тибқи нақшаи тасдиқгардида, теъдоди обуначиён ба нашрияи раиси ноҳия «Набзи Файзобод» бояд  ба 2700 нусха расонида шавад.

Беморхонаи марказӣ (сардухтур Суҳроб Ҷобиров), КАТС (директор Музаффар Мирзоев) ба 125-нусхагӣ «Набзи Файзобод» обуна шуда, иҷрои нақшаро таъмин намуданд.  Нақшаи пешбинигардида  ҳамчунин дар МИҲД-и ноҳия, МДНСЭ (директор Комилҷон Латифов), «Лоиҳакаш» (сардор Нарзулло Давлатов), ҶДММ «Хизмат» (сардор  Алиев Мирзоалӣ), Кумитаи заминсозӣ (раис  Давлатхӯҷа Толибов), Омор (сардор  Саидов Шодӣ), идораи оташнишонӣ ва посбонӣ (сардоронашон Ф. Соҳибназаров ва Каримзода Олимҷон), ҶДММ «Диловар нақлиёт» (сардор  Диловар Раҳматуллоев), ТХҚ «Аврангзеб» (сардор Қурбоналӣ Камолов), Хоҷагии тухмипарварии ба номи А. Назиров (раисаш А. Шарифов), Масҷидҳои ҷомеи Элок, Хоҷаи Ҳотам ва Домуллошоҳ (хатибонашон Қорӣ Носир Раҳимов, Кароматулло Салимов, Ҷиёншоҳ Назаров) ба иҷро расид, ки аҳли эҷоди нашрия аз эшон сипосгузор аст.

Миёни  нуҳ Ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳия аввалин шуда Ҷамоати деҳоти  ба номи Дӯстмурод Алиев  ба 150 нусха «Набзи Файзобод» обуна шуданд. Мо ба раиси ҷамоати мазкур Зайдулло Зубайдов ва мардуми соҳибмаърифати он изҳори миннатдорӣ менамоем.

Ҷамоатҳои деҳоти  Меҳробод (121 нусха) ва Ҷавонон (110 нусха) ба иҷрои нақша наздик шуда истодаанд.

Аммо кас  гумон намекунад,  ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва баъзе ташкилоту муассисаҳои ноҳия ашхоси  фарҳангӣ ангуштшумор бошанд, вале то имрӯз ба ягон нусхаи нашрия обуна нашудаанд. Ҷамъияти матлуботи ноҳия (раисаш Ҳадиса Қурбонова) чун ду соли пешин нияти ба рӯзномаи «Набзи Файзобод» обуна шуданро надоштааст.

Дар Файзобод кору зиндагӣ кардаву   ягона нашрияи  Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳияро нахондану аз ҳаводиси рӯзгори сокинонаш  огоҳӣ наёфтан гувоҳи дур аз маърифат будани чунин масъулон аст, ки дар шумораҳои оянда аз ин хусус сухан хоҳем кард.

УНВОНИ «БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҶАВОН» НАСИБИ КӢ?

Бахшида ба Соли ҷавонон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҷавон» эълон гардидааст. Озмуни мазкур дар се давр – даври аввал дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, даври дуюм дар сатҳи ноҳиявӣ ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ бояд доир гардад. Дар озмун, ки оилаҳои ҷавон ва навбунёд иштирок менамоянд, аз рӯи 9 шарти пешниҳодшуда бояд байни ҳамдигарӣ баҳсу андешаронӣ намоянд. Омода намудани навъи таъом барои нишасти нисфирӯзӣ, саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қироати шеър, сароидани суруд, иҷрои саҳнаи тарбиявӣ, суханони пандомезу насиҳатомез баҳри якдигарӣ, тавсифи китобҳои хондашуда нисбат ба оила ва оиладорӣ, пешниҳод намудани малакаҳои корҳои дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили шартҳое мебошанд, ки дар озмун ба оилаҳои ҷавон ва навбунёд пешниҳод карда мешаванд. Умуман иштирокчиёни озмун бояд дар бахшҳои рӯзгордорӣ, маънавӣ, фароғатӣ, ҳаҷвӣ, фарҳангию андарзӣ донишу малакаҳои худро санҷанд.

- Аллакай ин озмун дар тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Ба озмуни ноҳиявӣ, ки охири ҳамин моҳ бояд баргузор гардад, ғолибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешниҳод гардиданд. Унвонҳои «Беҳтарин оилаи ҷавон», «Оилаи соҳибмаърифат», «Оилаи соҳибхирад», «Оилаи намунавӣ» насиби киҳо шудаву кадом оилаи беҳтарин ба озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегардад, баъди ҷамъбасти озмуни ноҳиявӣ маълум хоҳад гашт, - иттилоъ дод ба мо сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Р.Дӯстмуродова.

САВОРИ САФИНАИ ИЛМ

Ҳамоно беҳтарин чизе, ки мардумон  дар ин ҷаҳон доранд, дониш аст.

Ба доно хорӣ набошад, яъне ҳаргиз хору зор намегарданд.

Аз «Ҷовидон хирад»-и Ибни Мискавейҳ.

Подробнее...

Чемпиони љањон аз Вашгирди бостон

Дењаи Мўминобод дар баландї, рў ба рўи шоњроњи байналмилалии Душанбе-Хоруѓ, ки аз маркази дењоти Мискинобод мегузарад, љо гирифтааст. Шабона аз Мўминобод истода тамошои дењоти чароѓони Ќалъаи дашту  шањри Роѓун аљаб кайфияте дорад, диданиву хотирмон аст он. Дар ин дења фарзандони ба нангу номус, ки имрўз  номбардори диёранд, ба камол расидаанду ифтихори сокинонаш шудаанд. Гулбиддин Рањматзода  низ дар ин дењаи «Ошёни уќобон»   14 майи соли 1996   дар оилаи Иззатулло Рањматов ба дунё омадааст. Талу теппањои Мўминобод љойи бозиву шикастани армонњои даврони кўдакии Гулбиддину њамсолонаш буд. Давидану љањидан, гўштин гирифтану  аз паси тўб то хаста  шудан њаракат намудан машѓулияти  њаррўзаи онњо буд. Дар  ин њама «набардњои њамсолон» Гулбиддин фарќ карда меистод. Падараш Иззатулло, ки худ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи љисмонии мамлакат буд, мекўшид, то писараш  чун варзишгар ба камол расад.

Ибтидои соли 2000-ум Иззатулло  низ пайи таъмини рўзгор ба  Россия рафт. Дар шањри Санкт-Петербург њамроњи оилааш зиндагї ихтиёр кард.

Гулбиддину додараш бошанд аз дењаи Мўминобод дил канданї надоштанд, ки њамроњи бобояшон Саидов Нурулло монданд. Њамин љо ба мактаб рафтаву дар озмуну чорабинињои мактабї фаъолона иштирок менамуд. Омўзгори варзидаи  мактаби дења Мулољон Мўсоев шавќу завќи ўро ба варзиш бештар њис карда, иштироки фаъолонаашро дар чорабинињои варзишї  таъмин мекард.

Соли 2011 акнун синфи њаштумро Гулбуддин хатм карда буд, ки падар уву  бародарашро  ба шањри Санкт-Петербург овард. Дар аввал осон набуд барояш. Ёди дења, њамсолону њамсинфон ўро ба  кўчаи хаёлњо мебурд. Тањсили минбаъдаи  ин навраси  тољик дур аз ватан идома ёфт. Њам тањсил  мекарду лањзањои фориѓ дар клуби варзишии «Белий медвед», ки дар назди хонаашон буд, ба варзиш машѓул мешуд. Баробари машѓулиятњо дар риштаи гўштини озоду самбо ва гимнастикаю дастхобонї таваљљуњи ўро бештар варзиши вазнин, бахусус вазнбардорї ба худ кашид. Дар аввал роулифтинг  машќ мекард. Њатто дар чанд мусобиќаи шањрї аз рўи  армлинг (дастхобонї)-у роулинг сазовори маќоми аввал гардида буд. Аммо ба намуди армлифтинг, яъне бардоштани вазн бо ќувваи  даст дилбастагии бештар пайдо кард ва ният кард, ки ин риштаи варзишро ихтиёр мекунад.

Азмаш, ки ќавї буд, баъди коллељи техникии шањрро бо ихтисоси таъмири автомобил ба итмом расонидан, соли 2015 роњ гирифт сўи Донишгоњи тарбияи љисмонї, варзиш ва саломатии  ба номи П.Ф. Лезгофтаи шањри соњили Нева. Айни њол  соли сеюми  бахши варзиши вазнини  донишгоњи  мазкурро хатм кард. Баробари тањсил машќњои худро њам идома медињад. Њамаи  зањматталабињои Гулбиддин бор меовард. Њамон сол дар мусобиќаи шањрии «Кракодил» маќоми аввалро касб карду ба мусобиќаи умумиросиягї  роњхат гирифт. Комёбињои  нав ба нав ўро даст медод. Бори аввал дар чемпионати љањон аз рўи намуди армлифтинг љойи дуюмро соњиб шуд.

Моњи апрели соли  2016 мусобиќаи байналхалќї бо номи «Руский танк» доир шуд ва љойи ифтихории дуюм насиби ин тољикписар гардид.  Ин дастовард роњи Гулбиддинро барои иштирок дар чемпионати љањон, ки аз 28 то 30 октябри соли 2016 дар шањри Москва доир гардид, кушод.

Дар 5 бахши чемпионати мазкур иштирок кардаву дар вазни 80 кг сазовори љои якум   ва соњиби 5 медали тиллои ин мусобиќа шуд. Унвони баланди чемпиони љањон дар ин  риштаи варзишро Гулбиддин Рањматзода аз Вашгирди бостон ба даст овард.

Бисёр мехост дар пояи баланди чемпионї Суруди миллї ва Парчами Тољикистон боло гардаду муаррифгари ватани азизаш бошад…

Ин орзу дар дил азм кард, ки минбаъд Тољикистони азизашро муаррифї хоњад кард ва барои амалї сохтани ин нияташ чун таътил фаро расид,  роњ пеш гирифт сўи ватани  бобоияш.

… Баъди шаш сол  ин љавони ќавиирода ба зодгоњаш баргашт. Чун аз њавопаймо берун шуд, бўи ватан, насими тозаи Тољикистони бињиштосо ба димоѓаш зад. Ашки шодї аз чашмонаш љорї шуд.

-Чун ќадами аввалини худро болои хоки ватани азизам гузоштам, дил мехост  хоки онро оѓўш кашидаву бибўсам. Шукр кардам, ки  ман боз ба ватани аљдодиям сињату саломат расидам. Ва аввалин коре, ки кардам, рўи сабзањои фурудгоњ ду ракъат намоз ба хотири шукргузорї  ба ватан гузоштам, -ба ёд меорад он лањзањоро Гулбиддин.

Инак,  ду њафта боз Гулбиддин дар Тољикистон асту чун фурсат даст дод, мењмони идораи нашрияи  «Набзи Файзобод» шуду суњбате орост бо ањли эљоди он.

-Баъди шаш сол Тољикистон, Файзободу дењаи Мўминободро чї  гуна дарёфтед?

-Медонед чї, тўли  ин шаш сол дар бораи  ватани азизи ман шабакањои иљтимої сару садоњои гуногун баланд мекарданд. Њатто баъзе аз њамватанонамон  бо воњима тавре  менавиштанд, ки  барои  ин љо омадан кас њарос мекард. Хушбахтона, њамаи ин  аз нотавонбинї будааст. Бовар мекунед, њафтаи сеюм аст, ки дар Душанбею Файзобод ва чанд минтаќаи дигар ба саёњату тамошо меравем, аммо касе аз мо киву куљої буданамонро  намепурсад. Хоњ рўз мегардї ва хоњ шаб. Њол он ки дар Санкт-Петербургу дигар шањрњои  Россия  сари њар ќадам  гирифтори пурсупоси милисањо мешавї.

Чї ќадар ободиву  пешравињо шудааст, касро ба њайрат меорад. Њатто хонањои баланду биноњои навсохт ва ободињои Файзободу Мўминободро дида ростї гумон кардам, ки шояд дар ягон кунљи шањр бошем.

-Солњои охир таваљљуњи  роњбарияти кишвар ба пешрафти соњаи варзиш  хеле зиёд шудааст. Бунёди варзишгоњу толорњои варзишї дар  мамлакат  рў ба афзоиш дорад. Аз ин хотир,  нияти дар Тољикистон машќу тамрин ва тарбияи  варзишгаронро дар риштаи армлифтинг надоред?

-Чаро не. Маќсади ман аз бозгашт ба ватан њамин аст. Айни њол ман дар Санкт-Петербург баробари тањсил ва тамрин, њамчунин ёвари мураббии клуби варзишї низ њастам. Шогирдони зиёде низ аз њисоби бачањои русу арман, чечену доѓистонї ва дигар миллатњо дорам. Аммо дил мехоњад, ки донишу малакаи худро ба тољикбачањо омўзонда дар риштаи армлифтинг чемпионњои љањонро оянда тарбия кунам.

-Орзуи оянда зери Парчами Тољикистон дар мусобиќањои љањонї ширкат  карданро доред? 

-Падару модарам имрўз шањрвандии Россияро низ доранд, аммо ман  аз имконияти гирифтани шањрвандии Россия, ки дорам, даст мекашам. Зеро мехоњам њамчун тољик, аз номи Љумњурии Тољикистон дар мусобиќањо иштирок намоям. Аз 29 сентябр то 1 октябр дар шањри Екатеринбурги Федератсияи Россия бо номи «Золотой тигр» чемпионати љањон доир хоњад гашт. Дар ин мусобиќоти бонуфўзи љањонї зери Парчами Тољикистон баромад карданї њастам.

-Бо иќдоми Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон соли 2017 «Соли  љавонон» эълон шудааст. Ин ташаббусро њамчун љавон чї гуна ќабул доред?

-Месазад, ки ба ќадри ин иќдоми Пешвои миллат бирасем. Ва бо дастоварду комёбињои  нав ба нав дар пешрафти кишвари азизамон сањмгузор бошем. Чї тавре огоњї  гирифтам,  тайи чанд соли охир толору варзишгоњњои наву замонавї дар мамлакат бунёд шуда истодааст. Ваќти он расидааст, ки мо аз њамаи ин имкониятњо босамар истифода намоем. Пеши роњи шомилшавии љавононро ба њизбу њаракатњои иртиљої монеа гузорем. Зеро ободии Тољикистон дар дасти мо, љавонон аст. Пас биёед, бо ќадри ин боварии сарвари давлат, ки ба  љавонон доранд, бирасем.

Баъди чандин соли дурї аз ватан бо чашми худ њамаи ин пешрафту  зањматњои  сарвари давлатро дидаву боварї њосил кардам, ки Тољикистон воќеан бињишти рўи замин њасту ояндаи наздиктарин ба љумлаи  пешрафтатарин кишварњои рўи олам хоњад расид.

-Дар ватан шояд арўси  орзуњои худро  пайдо карда бошї?

-Воќеан њам зеботарин бонувон духтарони тољиканд. Бовар кунед, ки дар яке аз калонтарину куњантарин  шањри дунё зиндагиву тањсил намуда њамчунин дўстони зиёде миёни бонувони миллатњои гуногун пайдо кардаам. Вале дар зебої ва хулќу атвор духтарони тољик арзиши болотару волотар доранд. Њусну фаросати онњо касро мафтун мекунад. Худо розї бошад аз миёни гулдухтарони тољик оянда арўси орзуњоямро  хоњам ёфт.

Суњбати мо бо Гулбиддин Рањматзода анљом ёфту  пас аз гуселаш дарк кардам, ки диле саршор аз муњаббат ба Ватан ва мардуми азизаш дорад. Бо мењри зиёд сухан аз  таъриху фарњанги аљдодї мекунад. Дур аз ватан ба ќадри  ин сарзамин расида, ки бо ифтихор сухан аз он мекунад. Умед аст, ки Гулбиддин Рањматзода оянда бо дасту дили пок ба халќу ватанаш хизмат хоњад кард.

Низомиддини ШАМСИЁН.

МАРДИ МАТИНИРОДА БУД, ИБРОҲИМ САЛИМОВ

Аз саҳифаҳои таърих рӯшан аст, ки  дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҷони худро қурбон намуданд. Аз 16 ҳазор намояндагони диёрамон бошад, беш аз 600 нафарашон дар мулкҳои дур аз Ватан ҳалок шудаанд. Боқимондаи онҳо ба Ватан баргашта аз пайи меҳнати ҳалолу зиндагии осоишта гардиданд. Аз шумораи зиндамондагон имрӯз дар ҳаёт танҳо 4 нафари онҳо мондаанд, ки синну солашон аз навад боло мебошад. Шодравон Иброҳим Салимов аз он фарзандони барӯманди диёр аст, ки пеш аз ҷанг дар колхози «Октябри сурх» муаллимӣ мекард ва бо оғози ҷанг ихтиёрӣ барои ҳимояи Ватан ба ҷанг меравад. Ӯ марде буд хоксору меҳнатдӯст, далеру шуҷоъ, ҷаҳондида, некхоҳу некдил ва соҳиби дили бузург.

Подробнее...

Подкатегории