ИФТИХОР
ҒУНЧАҲОИ САНЪАТИ ФАЙЗОБОД ДАР ТВ «БАҲОРИСТОН»
- Подробности
- Опубликовано 02.05.2018 10:41
- Автор: Super User
Бастакори немис Бетховен таъкид мекунад, ки «мусиқӣ дар қалби кас аланга ба вуҷуд меоварад». Воқеан ҳам, ин аланга ҳамасола дили ҳазорон-ҳазорон наврасони дилбохтаи санъатро тасхир сохтаву сӯи дабистонҳои ҳунарӣ раҳнамун месозад. То онҳо навохтани асбобҳои мусиқиро аз бар намоянду ҳунару истеъдодашонро сайқал диҳанд. Зеро таҳсил дар чунин мактабҳо ақлу заковат, дарку зеҳни баланд мусиқӣ, садову шунавоии хуб доштанро тақозо мекунад, ки на ба ҳар наврас он муяссар мегардад. Аз ин хотир фаъолияти чунин мактабҳои ҳунарӣ дар ҷомеа аз манфиат холӣ нест.
Хушбахтона, соли 1974 дар ноҳия мактаби мусиқӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки соли 2009 дар заминаи он мактаби санъат таъсис ёфт ва имрӯз дар рушди фарҳанги ноҳия саҳми босазо мегузорад. Тайи ин муддат зиёда аз ҳазор нафар дӯстдорони санъат мактаби мазкурро хатм намуда пайи шуғли дӯстдоштаи хешанд.
Имрӯзҳо ба дилбохтагони санъати ноҳия 20 нафар омӯзгор дар навохтани асбобҳои мусиқии фортепианно, най, ғиҷҷак, рубоб, дутор, рубоби бадахшӣ, дойра, кларнета, флейта, синфҳои драма, рақс, санъати тасвирӣ ба 233 хонанда дарс мегӯянд.
Қаблан мактаб бинои худро надошту аз як макон ба дигар макон кӯчонида мешуд ва ин албатта ба рафти сифати таҳсил халал мерасонд. Соли 2004 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва собиқ раиси ноҳия Абдуқодир Давлатов мактаб ба бинои куҳнаи боғчаи рақами 1 кӯчонида шуд. Ин дастгирӣ он замон боиси рӯҳбаландии омӯзгорону хонандагон гардида буд.
Соли 1990 ба ифтихори 40-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев мактаб ба номи ӯ гузошта шуд. Ҳамин аст, ки ҳамасола моҳи апрел коллективи омӯзгорону хонандагон бахшида ба ҷашни зодрӯзи ин ҳунарманди нотакрор консерти хонандагонро пешкаши ҳаводорони созу навои ӯ мегардонанд. Имсол низ чун анъана дар толори филармонияи халқӣ барномаи ҳунарии хонандагони мактаб баргузор гардид.
Барномаи консертиро ровигии Шодмеҳри Иқболҷону Рӯҳафзо Гулова, найнавозии Вафову Қадриддин, рубобнавозии Шукруллову Саидбек, фортепианнанавозии Фарзона, Аслиддин ва Шаҳзода, дуторнавозии Шукронаву Ҳадятулло, флейтанавозии Сайфулло, кларнетанавозии Хусрав, дар рубоби кашқарӣ навохтани Субҳон, Бахтиёр, Ҷовидон ва Меҳроб, ғижжакнавозии Аслиддин, сурудхонии Шаҳобуддин, Осима, Фаррух, Сафиаллоҳ, Аслиддин, Шукрона, Вафо, Абдусаттор, рақсҳои ҷаззоби Садорату Судоба, ансамблҳои доиранавозону рубобнавозон, саҳнаҳои ҷолиби синфи драма хело тамошобобу диданӣ гардониданд.
Барномаи консертӣ ба пуррагӣ дар телевизиони дӯстдоштаи бачаҳо «Баҳористон» манзури тамошобинон гардонида шуд.
Барномаи консертии хонандагон аз оҳанги Дӯстмурод Алиев «Чун дили ман лолазор» дар иҷрои ансамбли асбобҳои халқӣ оғоз ёфтаву бо суруди «Чашми тоҷик»-и ӯ дар иҷрои Вафо Мусулмонзода ба анҷом расид. Санъаткорони наврас бо ҳунари волои худ нишон доданд, ки пайрави сазовори мактаби ҳунарии Дӯстмурод Алиев, ҳофизе, ки бо овози ширадору марғуладораш дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтааст, ҳастанд.
АБДУРАҲМОН АҲМАДОВ ДОНИШМАНДИ СОХТМОНУ МЕЪМОРӢ
- Подробности
- Опубликовано 02.05.2018 09:22
- Автор: Super User
Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар пайи муаррифӣ намудани донишмандони Тоҷикистон, ки тасмими хеле оқилона ва андешамандона мебошад, унвонии ҷилди аввали «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI»-ро пас аз даҳ соли ҷамъоварии матолиб манзури чоп кард. Дар ин китоби калонҳаҷм номварони илми муосири кишвар ҷой гирифтаанд. Мавриди аҳсант аст, ки «Донишнома…» сурати Абдураҳмон Аҳмадов, собиқ сармеъмори ноҳия (1978-1982), сардори Раёсати сохтмонӣ ва таъмири биноҳои ноҳия (1982-1985), сардори корхонаи комбинати манзилии муассисаҳои коммунали ноҳия (1985-1992)-ро бо шарҳи ҳол ва номгӯи асарҳои офаридааш ҷой додааст. Абдураҳмон Аҳмадов чанд соли то нафақа баромадан дар Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштанаш (2005-2014) се китоб: «Сохтмончиёни Тоҷикистон», «Бунёдкориҳои меъморон ва сохтмончиёни Тоҷикистон» ва «Иншооти даврони истиқлол» таълиф кард. Асарҳои А.Аҳмадов аҳамияти соҳавӣ дошта, дар ояндаи наздику дур ба онҳое, ки ба соҳаи сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд, маълумоти пурарзиш дода метавонанд.
БУЛБУЛИ БОҒИ АНДАЛЕБОН
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2018 15:10
- Автор: Super User
ХОТИРАҲОИ ГУРЕЗ НОЗИМОВ, ДӮСТ, БАРОДАР ВА МУХЛИСИ АШАДдИИ ШОДРАВОН ДӮСТМУРОД АЛИЕВ
Аз рафтани Ҳофизи халқии Тоҷикистон, булбули хушовози дунёи сарояндагӣ Дӯстмурод Алиев 28 сол рафт. Вале садои ӯ аз гӯшҳои мухлисонаш нарафтааст. Ва, аминем, ки то зиндагӣ барҷост, ин садо хатти ҳаракати қатъ надорад. Ӯ дар тӯли камтар аз ду даҳсолаи фаъолияти эҷодӣ соҳибмактаб гардид. Раҷабмурод Алиев, Қурбон Одинаев, Бекмурод Гулмуродов, Ҳасан Шарифов, Наврӯзи Дӯстмурод, Пирхон Файзуллоев (аз Кӯшониён), Амриддин Кабирӣ (Бохтар), Сироҷиддин Киромзода (Душанбе), Маҳкам Мӯсоев (Колхозобод), Мирзо Сафар (Норак) аз пайравони мактаби Дӯстмурод буда, бо номи ӯ фахр мекунанд. Пиру барно, онҳое, ки қадршиноси садои хушу лаҳни ширинанд, аз сурудҳои Дӯстмурод кайфият мебинанду ҳаловат мебаранд. Як тан аз ин қадрдонҳо раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи кишоварзӣ Гурез Нозимов мебошад. Ӯ аз Дӯстмурод ёдҳои шуниданию хонданӣ дорад, ки чанде онҳоро рӯи саҳфа мекашем.
БУЛБУЛОН БА Ӯ ҲАМОВОЗ ШУДАНД
Дар Тоҷикистон азназаргузаронии ҷумҳуриявии эҷодиёти бадеии халқ – «Бӯстон - 2» мерафт. Чанд нафар мутахассисони соҳа аз пойтахт барои ошноӣ ба омодагии ҳаваскорони санъати Файзобод инҷо омада буданд. Дӯстмурод Алиев, ки роҳбари бадеии театри халқии ноҳия буд, аз ман хоҳиш кард, ки дар ҷои хушманзарае барои меҳмонон «як пиёла чой» ташкил кунам. Ман Дараи Файзиро интихоб кардам.
Баҳорон буд ва мо қатори дигар анвои ғизоӣ хоч муҳайё намудем. Хочро ману Дӯстмурод бирён кардем, ки аз ҷониби меҳмонон «болаззаттарин таъом» ҳисобида шуд.
Табиист, ки ҷое Дӯстмурод ҳузур дошт, ҳатман «як-ду даҳан» гирифтанашро хоҳиш мекарданд. Баъди ҳамин гуна хоҳиш Дӯстмурод рубоб ба даст гирифту хеле баҳавсала замзама кард. Агар дурӯғ гӯям, рӯям сиёҳ, ҳини сурудани Дӯстмурод булбулони «пинҳоншуда»-и анбӯҳи дарахтон «рӯ зада» ба хониш даромада ба садои Дӯстмурод ҳамроҳ шуданд. Меҳмононро ин ҳолат ба ҳайрат гузошт…
ДАР МАҒМУРУД
Дӯстмуродро ба деҳаи Мағмуруди ноҳияи Ленин, имрӯза ноҳияи Рӯдакӣ, ба хизмати тӯй даъват карданд. Соҳиби тӯй қабл аз оғози маърака дар ҷойи хушманзараи боғи зардолу гилему кӯрпача орост. Бо хоҳиши аҳли нишаст Дӯстмурод асбоб ба даст гирифт. Сурудеро ба анҷом нарасонда дидам, ки дуртар аз ҷои нисшасти мо, дутаю сетаю чорта, баъд даста-даста занҳо ҷамъ шудан гирифтанд. Дӯстмурод, ба гуфти худаш, барои бонувон чанд суруд тақдим карду «Эй холаҳо, хоҳарои ҷон, шом шуд, рафта рӯзаҳоятонро кушоед»- гуфта буд, ки аз он сӯ овози чанд нафар якбора баланд гардид: «Мо рӯзаро кушодем, як-ду даҳани дигар бигир». Ва Дӯстмурод аз нав рубоб ба даст гирифту хоҳиши занҳои рамазониро ба ҷо овард.
Ӯ ДАСТИ САХОВАТ ДОШТ
Дӯстмурод бо вуҷуди бузургиаш хеле хоксор буду дасти саховат дошту дили бараҳм. Кам намешунидем, ки мегуфтанд: «Бо ҳама як аст». Ӯ феъли каттагию карру фар надошт. Мансабдору бемансаб барои ӯ як буд, бо мардуми оддӣ шишту хез доштанро дӯст медошт. Борҳо дида будам, ки даст ба ҷайб бурда ба ину он бебокона пул медод. Бодапарастони кайфӣ акаи Маҳмадулло ва Кафлан, ки дар маркази ноҳия мезистанд, аз дидани Дӯстмурод шодӣ мекарданд, чунки дар ҳар вохӯрӣ ӯ дасти онҳоро сафед мекард. Ҳар дафъа аз вохӯрӣ бо Дӯстмурод бенасиб намемонданд.
ГУЛБОРОН
Дар ноҳияи Ленин (ба номи Рӯдакӣ) Шариф ном бригадири хеши мо ба муносибати иҷро кардани нақшаи пахтағундорӣ маърака орост. Ва аз ман хоҳиш кард, ки Дӯстмуродро гирифта барам. Чаро нагӯям, ки Дӯстмурод, дасташ дар зар ҳам мешуд, гапи маро мегирифт. Мо ба ҷои даъватшуда рафтем, ки акаи Шариф ба истиқболи Дӯстмурод аз гулдухтарон, ба қавле як дастагули зебо оростааст. Баробари аз мошин фуромадан духтарон бо гулҳои рангоранг сӯи мо шитофтанд. Аз туфайли Дӯстмуроди азиз ба ман ҳам чанд дастагул расид.
Он рӯз дар бошишгоҳи бригада (шипанги пахтахушккунӣ) садҳо нафар ҷамъ шуда, аз хониши сесоатаи Дӯстмурод лаззат бурданд. Миннатдории акаи Шариф ва чанд фаъоли деҳа ҳадду канор надошт.
ДАР ТӮЙИ РАҶАБМУРОД
Раҷабмуроди бародарбузурги Дӯстмурод дар тӯи нахустфарзандаш ҳофизи хатлонӣ Бобоҷон Азизовро даъват кард. Бобоҷон қабл аз ҳофизӣ дар таърифи Дӯстмурод чанд ҳарфе ба забон овард ва миннатдорӣ кард, ки дар тӯи бародари ҳофиз барои мардуми Кабкрез хизмат мекунад.
Чӣ тавре мухлисони санъат медонанд, Бобоҷон Азизов ҳофизи хуб аст. Ӯ лаҳни зафарӣ (Зафар Нозимов - ҶМ) дорад. Бобоҷон чанде хонду барои соф кардани овозаш пиёлаи чой хост. Дар ин фосила ҷавонҳои Кабкрез овоз доданд: «Акаи Бобоҷон нафас рост кунад, торро Дӯстмурод бигирад…»
Бобоҷон Азизов «бо ҷону дил»-гӯён торашро дароз кард, Дӯстмурод бо асбоби худ ба хониш даромад, дигар мардум намонд, ки торашро ба замин монад. Дӯстмурод дар тӯи Раҷабмурод муддаои дили ҳамдеҳагон ҳофизӣ кард. Он вақт тӯйҳо се соат не, чи хеле ҳоло қонуни танзим муқаррар кардааст, баъзан то панҷ-шаш соат, то «дилбазан» шудани шунавандаҳо давом мекард.
УСТОД ЗАФАР НОЗИМ БА ҲУНАРИ Ӯ ҚОИЛ БУД
Муродулло Ҳусейнов гуфтанӣ хеши мо тӯй кард ва азбаски дӯстии мову Дӯстмуродро медонист, гуфт: «Ҳадяи тӯйи ту овардани Дӯстмурод». Мо дар «Волга»-и чанд ҳафта пеш аз Норак харидаи Дӯстмурод шишта ба хонаи хеши мо рафтем. Он ҷо гули маҷлис устод Зафар Нозим буду Дӯстмурод ба сифати меҳмон, тавре гуфтам, ҳамчун ҳадяи тӯйии ман, рафта буд. Моро соҳибхона хушҳолона пешвоз гирифта таклифи дастурхони ҳуҷрае кард. Ба хона надаромада Дӯстмурод аз ман хоҳиш кард, ки «рафта ба устод Зафар Нозим аз омадани ман хабар те». Вақте ман ин корро кардам, Зафар Нозим ҳофизиро бас карда эълон дошт: «Дӯстмуродҷон бо суруди «Модар»-и ман маро салом медиҳад». Ва Зафар торашро сӯи Дӯстмурод дароз кард. Он лаҳза булбули хушгуфтори мо ба гуфтор даромад. Ҳине, ки Дӯстмурод «Модар» мехонд, устод аз ваҷд буд ё «рашк», ки паи ҳам сигор дар мегиронду калла ҷунбонда ба забон меовард: «Бача гузашт (яъне аз мо гузашт ҶМ)».
Пас аз анҷоми «Модар» дар хаёли ман мавҷи қарсак ба фалак печид. Дигар устод Зафар маъракаро ба ихтиёри Дӯстмурод супурд. Дӯстмурод хонду хонду хонд…
ӮРО ДАРДИ ГУРДА КУШТ
Бемории Дӯстмурод хеле давом кард. Чанд карат дар чанд бемористон табобат гирифт – дар Қарияи боло, дар шаҳрчаи табибон, дар касалхонаи ноҳия. Ҳини дар бемористони Қарияи боло хобиданаш дарди гурда хуруҷ кард. Ман назди бистараш будам, ки Нозук Шоазизова, он вақт муовини раиси ноҳия, ба аёдаташ омад ва ҳини хайрухуш ӯро дилбардорӣ кард: «Дӯстмурод, аз ин ҷо рафта хушрӯтарин духтарҳои Файзобода ба хабаргириат роҳӣ мекунам. Медонам, ки нозанинҳоро дӯст медорӣ. Баъди дидани онҳо аз ҷо парида мехезию ба кор бармегардӣ. Фақат ҳамин, ки зиқӣ накун».
Дӯстмурод аз суханони муовини раис нимтабассуме карду бо чашмони аз зиндагӣ ноумед «Апа, дигар намешавад», - гуфта оҳи бадард кашид. Ин лаҳза аз дидаҳо қатраҳои ашк ба рухсораҳояш шориданд. Ин ашкҳои дили хунгаштаи ӯ буд.
САВРИИ ҲУНАРМАНД
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2018 15:48
- Автор: Super User
Ӯро бештар бо номи дӯзанда мешиносанд. Дӯзандае, ки маҳсули ҳунари ӯ зиннатбахши хонаи арӯсон буда, гаҳвораҳои тифлакон бо кӯрпачаю дастбандак, болиштчаю гаҳворапӯши дӯхтаи ӯ боз ҳам зебою дилкаш мегардад. Барои бонувону модарон куртаҳои миллии тоҷикӣ медӯзад.
Саврӣ дар оила фарзанди ягона буд. Аз хурдӣ гирди модару мошинаи дарздӯзии ӯ парвона буду миёни духтарони қадраси деҳаашон бо пайравии онҳо гулдӯзӣ мекард. Солҳои пеш занону духтарон одате доштанд, ки то нимашаб якҷо нишаста ҳунармандӣ мекарданд. Яке шерозаю чолбанд мебофту дигаре рӯймолчаи силсиладору миёнбанд, болишти гулдӯзӣ, қуроқдӯзию тоқидӯзӣ мекарданд. Чанд нафари дигар гирди сӯзании калони қаламзадагӣ нишаста сурудхонон гулдӯзӣ мекарданд. Саврӣ, ки зеҳни тез дошт, ин ҳунарҳоро ба хубӣ аз худ кард.
Дар хонаи шавҳар кору бори хонаро анҷом медоду назди хушдоманкалони ҳунармандаш–кампири Бибигул нишаста якҷоя дарздӯзӣ мекарданд. Дӯхтани либоси мардонаю ҷомаро аз хушдоманкалон ёд гирифт.
Шунид, ки келини ҳамсоя ҳунари зардӯзӣ дорад. Назди ӯ рафта ин ҳунари нозукро аз бар кард. Барои бонувони деҳаи Кабкрез куртаҳои шинам, тоқиву почаҳои зардӯзӣ медӯхт. Солҳост, ки аксарияти модарон барои ҷиҳози арӯсии духтаронашон ба Саврӣ муроҷиат мекунанд. Саврӣ бо дилу ҷон фармоишҳоро ба ҷо меорад, то зеби дасти ӯ дар хонаҳои арӯсон лоиқи таҳсин бошад.
Саврӣ аз ҷумлаи фаъолзанони Ҷамоати шаҳраки Файзобод буда, дар чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад.
- Вақтҳои охир тамошои зиёди филмҳои ҳархела занону духтаронро аз ҳунарҳои занона дур кардааст. Хуб мешуд ба ҷойи то нимашаб филм тамошо кардан, чун солҳои пешин бонувон якҷо нишаста бо риштаҳои меҳру муҳаббат барои аз байн нарафтани ҳунарҳои аҷдодиамон гулдӯзию зардӯзӣ, дӯзандагию ҳунармандӣ меомӯхтанд, - мегӯяд апаи Саврӣ.
БИБИИ 100-СОЛА СОҲИБИ 100 НАБЕРАЮ...
- Подробности
- Опубликовано 27.03.2018 15:20
- Автор: Super User
Дар арафаи Наврӯзи имсола ба хотири як каф дуою болидарӯҳии пирони табаррукӣ ба манзили сокини деҳаи Ҷонварсӯз бибии Файзимоҳ Бердиеваи 100-сола омадем. Ташрифи мо ба ин хонадон ғайричашмдошти аҳли хонавода буд. Бибиро рӯи тахти тозаю озода дар ҳалқаи наберагон бо либосҳои сафеди ба қад зебанда чун фаришта дарёфтем. Бибӣ зери лаб сари набераҳояшро сила карда зам-зама менамуд:
Ман булбуламу баҳора дӯст медорам,
Себаргаю лолазора дӯст медорам.
Себаргаю лолазор дар боғи шумо,
Эй Пирназари ҷон, шуморо дӯст медорам…
Бо шунидани ин мисраҳою чеҳраи бардамонаи бибӣ гумони пешакии мо, ки шояд ӯ дар ин синну сол хеле нотавону хотирпарешону бемор бошад, дигар шуд. Бибӣ он қадар аз хотираҳои кӯдакию ҷавонию пириаш ёдовар мешуд, ки шояд мо ба андозаи ӯ ёд оварда натавонем.
- Бибии азиз, то ҷое медонем шуморо авлоди дарозумрон дар диёр мегӯянд. Шояд инҷо сире бошад?
- Духтарам, ин суханҳо то дараҷае ҳақиқат доранд. Хоҳарам Сочигул, ки говҷӯши пешқадаму даҳҳо мукофотҳо дошт ва, шумо ӯро медонед, умри хуб дид. Акаам Оймаҳмад умри аз 90 боло дид. Додарам Аҳмад Бердиев ба 93 медарояд. Духтари амакам аз деҳаи Кабкрез Бибигул Ҳақназарова дар синни 122-солагӣ вафот кард. Синну соли ман шояд аз 100 боло бошад. Чунки модари раҳматиам мегуфтанд, ки баъди ман се фарзанди дигарашон вафот кардаанду баъд хоҳарам Сочигул таваллуд шудааст. Сири дарозумрии мо, авлод шояд аз дили поку соф, холӣ аз кинаву кудурат ва зиндадилиамон бошад. Мо як бурда нонро бо табъи хуш ва шукронакунӣ мехӯрем. Дар ин синну сол сиҳатмандам. Бовар кунед, ягон хел доруро истеъмол намекунам. Хӯроки дӯстдоштаам то ҳол қурутобу шакаробу фатирмаска, суманаки чанголию далдаю шавдег аст.
- Сад сол умр дидаед ва шояд аз ин ҳам зиёд. Сад баҳору тобистону тирамоҳу зимистон ба гуфтан осон. Шояд аз Наврӯзиҳои давраи ҷавониятон ёд кунед?
- Давраҳои кӯдакию ҷавонии ман, то шавҳар карданам, дар деҳаи Хурӯзак (ҳозира Чува), ки он вақт деҳаи хеле обод буд, паси сар гашт. Ёд дорам, рӯзҳои Наврӯзӣ модарам аз шаб то субҳгоҳон дар рӯшании чароғ дар деги калон далда мепухт. Мо, духтаракони қадрасро бо гули қоқу майдабофӣ мекарданд. Занону мардону кӯдакон дар рӯзҳои Наврӯзӣ алоҳида-алоҳида нишаста базм меоростанд. Имрӯз ҳам, шукрона мекунем, ки наврӯзиҳо хеле хушу хуррамона мегузарад. Ман ҳар сол бо дастони худ суманак мемонаму мекӯбаму мепазам. Сари дегдон назди келинҳоям нишаста нон тунук мекунам…
- Бибиҷон, аҳли хонадонатонро ба мо муаррифӣ мекардед?
- Шукрона, ки 5 духтару як писар дорам. Набераю абераю чевараю кабераҳоям аз 100 зиёданду… 100 нафар нависед, мешавад. (Чашм нарасад гуфта бибӣ механдад). Духтаронам ҳама соҳиби хонаву дари обод. Ҳамеша аз ҳолу аҳволам пурсонанд. Писари ягонаам Мирзоалиҷон бо ҳамсару фарзандонаш ба ҷони ман бечора. Келинам, ки ҳамноми худам Файзимоҳ аст, намегузорад, ки болои болини ман чанг афтад. Ҳамеша дар ҳаққаш дуои хайр мекунам. Падари фарзандонам Пирназар барвақт вафот кард. Ҳар нафас ӯро ёд мекунаму мегирям. Ёд аз зиндагии ширину якҷояамон. Ба набераҳоям аз бобои меҳрубонашон нақл карда рубоихонӣ мекунам.:
Ман булбуламу баҳора дӯст медорам…
-Домони дуо сабз аст. Ҳоло, ки ба баҳори нав расидем, ба хотири як каф дуо меҳмони шумо, бибии меҳрубону табаррук шудем…
-Худованди бузург ин давлату Сарвари халқамон Эмомалӣ Раҳмонро, ки ман чун писари ягонаам дӯсташ медорам, нигаҳбону мададгор бошад. Дуо мекунам, ки ранги ман умри бобаракати аз 100 зиёд бинеду баҳору Наврӯзи имсола бофайзу баракат ояд.