Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

НАВРӮЗИ КЕНҶАИ ДӮСТМУРОД

Наврӯз писари кенҷаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон худобиомурз Дӯстмурод Алиев аст. Падар ба фарзанди калонӣ Ҷаҳон ва додари ӯ Парвиз ном гузошт. Дӯстмурод аз Ҳанифабонуи ҳамболинаш ҳашт фарзанд дорад, ки панҷтоаш духтаранд.

Номи Наврӯз ба олами ҳастӣ бо худи ӯ пайдо шуд. Тифл дар фасли баҳор, дар остонаи Наврӯзи хуҷаста аз олами марҳам ба олами Одам омад. Ин рӯз 18 марти соли 1988 буд. Кабкрез, зодгоҳи Дӯстмуроду Наврӯзи кенҷааш, чун тамоми деҳоти Файзобод хушҳол аз обу ҳавои чамани баҳор ба иди Наврӯз тайёрӣ медиданд.

Дӯстмурод ба он хотир ба навзод Наврӯз ном ниҳод, ки рӯзгораш чун баҳорон пурфайзу фаровон бошад. Ва, албатта, кадом гӯшаи қалби ҳофиз талқин кард, ки Наврӯзро тарбияти сарояндагӣ диҳад. Магар марг мемонад, ки инсонҳои хушдил ба ҳамаи орзую ниятҳояшон ҷомаи амал пӯшонанд? Наврӯз расо яксола шуд, ки марг падари азизашро хафагир кард. Дӯстмуроди номдор, ҳофизи пурмухлиси Тоҷикистон, ба чилсолагӣ ҳам нарасид. Ва Наврӯз бе меҳрубонии падар ба воя расид.

Наврӯз санъаткориро пеша гирифту ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов даромад. Пас аз хатми донишкада ба театри халқии Файзобод омад, ба он ҷое, ки Дӯстмуроди падараш пас аз хатми донишкадаи санъати кишвар то лаҳзаҳои вопасини умри хеш инҷо кор мекард. Садои ӯ аз ҳамин ҷо ба тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он паҳн шуд, ҳазорону садҳазорон мухлис пайдо намуд.

Дар яке аз сафарҳои кории Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Файзобод шарафи сарояндагӣ дар назди меҳмони олиқадр ба Наврӯз муяссар гардид. Ӯ яке аз сурудҳои падарро иҷро кард, ки ба Сарвари кишвар писанд омад. Ва аз рӯи ихлосу эътирофи садои Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев ба раиси ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов супориш дод, ки Наврӯзро дар ансамбли «Дарё» ба кор бигирад.

Чанд сол мешавад, ки сурудҳои Наврӯз аз тариқи ин ансамбли овозадор дар тамоми Тоҷикистон ва берун аз он садо медиҳад. Табиист, ки такрор ҳеҷ гоҳ ба ибтидояш монанд намешавад. Барои Наврӯз заҳмати шабонарӯзӣ даркор, ки падарро пайравӣ карда тавонаду чун ӯ пурмухлис бошад.

Ба ҳамин ният, ба фарзанди Дӯстмурод барори кор таманно дорем.