ИФТИХОР
САВРИИ ҲУНАРМАНД
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2018 15:48
- Автор: Super User
Ӯро бештар бо номи дӯзанда мешиносанд. Дӯзандае, ки маҳсули ҳунари ӯ зиннатбахши хонаи арӯсон буда, гаҳвораҳои тифлакон бо кӯрпачаю дастбандак, болиштчаю гаҳворапӯши дӯхтаи ӯ боз ҳам зебою дилкаш мегардад. Барои бонувону модарон куртаҳои миллии тоҷикӣ медӯзад.
Саврӣ дар оила фарзанди ягона буд. Аз хурдӣ гирди модару мошинаи дарздӯзии ӯ парвона буду миёни духтарони қадраси деҳаашон бо пайравии онҳо гулдӯзӣ мекард. Солҳои пеш занону духтарон одате доштанд, ки то нимашаб якҷо нишаста ҳунармандӣ мекарданд. Яке шерозаю чолбанд мебофту дигаре рӯймолчаи силсиладору миёнбанд, болишти гулдӯзӣ, қуроқдӯзию тоқидӯзӣ мекарданд. Чанд нафари дигар гирди сӯзании калони қаламзадагӣ нишаста сурудхонон гулдӯзӣ мекарданд. Саврӣ, ки зеҳни тез дошт, ин ҳунарҳоро ба хубӣ аз худ кард.
Дар хонаи шавҳар кору бори хонаро анҷом медоду назди хушдоманкалони ҳунармандаш–кампири Бибигул нишаста якҷоя дарздӯзӣ мекарданд. Дӯхтани либоси мардонаю ҷомаро аз хушдоманкалон ёд гирифт.
Шунид, ки келини ҳамсоя ҳунари зардӯзӣ дорад. Назди ӯ рафта ин ҳунари нозукро аз бар кард. Барои бонувони деҳаи Кабкрез куртаҳои шинам, тоқиву почаҳои зардӯзӣ медӯхт. Солҳост, ки аксарияти модарон барои ҷиҳози арӯсии духтаронашон ба Саврӣ муроҷиат мекунанд. Саврӣ бо дилу ҷон фармоишҳоро ба ҷо меорад, то зеби дасти ӯ дар хонаҳои арӯсон лоиқи таҳсин бошад.
Саврӣ аз ҷумлаи фаъолзанони Ҷамоати шаҳраки Файзобод буда, дар чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад.
- Вақтҳои охир тамошои зиёди филмҳои ҳархела занону духтаронро аз ҳунарҳои занона дур кардааст. Хуб мешуд ба ҷойи то нимашаб филм тамошо кардан, чун солҳои пешин бонувон якҷо нишаста бо риштаҳои меҳру муҳаббат барои аз байн нарафтани ҳунарҳои аҷдодиамон гулдӯзию зардӯзӣ, дӯзандагию ҳунармандӣ меомӯхтанд, - мегӯяд апаи Саврӣ.