ИФТИХОР
НАҚШАҲОИ КАЛОНИ САРВАРИ ҶАВОН
- Подробности
- Опубликовано 09.02.2018 13:43
- Автор: Super User
Чӣ тавре огоҳем, соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон шуда буд. Ин иқдоми воқеан муҳиму саривақтӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон далолат мекунад. Имрӯзҳо ҷавонон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, исбот мекунанд, ки аз уҳдаи кор бомуваффақият баромада метавонанд. Зеро айёми ҷавонӣ марҳилаи ҷустуҷӯҳост, марҳилаест, ки инсон мехоҳад мавқеи худро дарёбад, зӯру тавони худро истифода кунад ва истиқлоли андешаву ҷоҳу ҷалол дошта бошад. Ва зиёд хушоянд ҳам ҳаст, ки сафи чунин ҷавонони ҷӯёву пӯё дар ҷомеаи имрӯзаи мо рӯз аз рӯз бештару бештар мегардад.
Ин ҷо мо дар бораи шахсияте сухан мекунем, ки ҷавон аст, роҳбари ҷӯяндаву эҷодкор ва навовару серталаб. Қаҳрамони навиштаи поёнӣ Кароматулло Соҳибназаров аст, ки беш аз як сол боз вазифаи мудирии шуъбаи фарҳанги ноҳияро бар уҳда дорад. Ва тайи ин муддати начандон тӯлонӣ, аллакай бо маданияти баланди муошират, фазилату маърифати зиёд ва дигар хислатҳои наҷиби инсониаш дар дили ҳамкорон ҷой гирифтааст. Фаъолияти пуркорию ҷӯяндагии ин ҷавони роҳбар дар он ҳам зоҳир мегардад, ки кормандони бахши фарҳанги ноҳия имрӯз бо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар гузаронидани чорабиниҳои зиёд ва гуногуни сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ саҳми босазо дошта бошанд.
Ба хотир овардани баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, аз қабили Соли нав, Артиши миллӣ, Наврӯз, Рӯзи оила, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Ҷашни Истиқлолият, Конститутсияи Тоҷикистон, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчам, ҳамчунин дар соли 2017 дар толори Филармонияи халқӣ ташкилу гузаронидани мизҳои мудаввар таҳти унвони «Вохӯрии ду насл », «Шарори Ваҳдат», иштироки санъаткорон дар Фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем», мақомхонон «Ганҷҳои ҳунар», «Бӯстон-2017», бахши дуюми ҳамин озмун, «Китоб ва мусиқӣ», «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», озмуни фарҳангӣ-маърифатӣ «Беҳтарин оилаи ҷавон» ва ғайра собит месозад, ки дар тамоми паҳлуҳои фарҳангии ҳаёти ноҳия нақши бахши фарҳанг басо назаррас аст.
Самти дигари кор бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Кароматулло Соҳибназаров ин тарбият ва мададу дастгирии ҳаматарафа дар рушд ва пешравии ҷавонон, бахусус истеъдодҳои нав мебошад. Ин аст, ки шогирдони ин даргоҳи фарҳангӣ қариб дар ҳама омӯзишгоҳҳову коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таҳсил доранд.
Ҳамзамон дар кори расонидани кӯмакҳои амалию методӣ аз ҷониби мушовирони бахши фарҳанг ба муассисаҳои фарҳангӣ, осорхона, филармонияи халқӣ, китобхонаҳои ҷамоатҳои деҳот, бо таҷҳизот ва технологияи нав таъмин намудани муассисаҳои фарҳангӣ амали доимӣ ва ҳамарӯзаи бахши фарҳанг аст.
Дар пешорӯи бахши фарҳанги ноҳия нақша ва вазифаҳои зиёде истодааст, ки баҳри амалӣ сохтан ва анҷоми онҳо беш аз ҳарвақта ҷаҳду талош намудан лозим меояд.
Бо таҷҳизоту асбобҳои мусиқӣ таъмин намудани ҳамаи панҷ муассисаи фарҳангии ҷамоатҳои деҳот, аз таъмири пурра баровардани хонаи фарҳанги навтаъсиси деҳаи Лолагӣ, бо китобу адабиётҳои зарурӣ таъмин намудани ҳамаи 18 адад китобхонаи ноҳия, сохтани биноҳои нави китобхона дар деҳаҳои Сино, Сарой, Фатҳобод дар назар аст. Ҳамчунин ташкилу гузаронидани ҷашну чорабиниҳои зиёди сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин омодагӣ барои дар дараҷаи баланд гузаронидани чорабинии умумиҷумҳуриявии «Андалеб-2018», ки дар ду давр баргузор мегардад, рафта истодааст.
Хулоса, инсонҳои бо маънии том асил бо шинохту эҳсоси масъулияти бузург тамоми зиндагиву фаъолияти хешро баҳри инсоният, кишвар ва ҷомеа мебахшанд. Ин гуна бахшиш, ки басе муборак аст, онҳоро зиндагии дигар ва шукӯҳу шаҳомат тақдим менамояд. Бошад, ки чун Кароматулло Соҳибназаров сафи ҷавонони уҳдабаро, навовар, эҷодкор ва роҳбару содиқ ба вазифаи худ дар диёру ноҳияи мо зиёд шавад.