ИФТИХОР
ИФТИХОР АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 09:46
- Автор: Super User
Як фарди тоҷикистониам ва имрӯз аз он меболам, ки дар чунин давлати зебову дунявӣ зиндагӣ мекунам. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари далатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи маориф пайваста таваҷҷуҳ менамояд. Ҳамасола бунёди даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон далели ин гуфтаҳост. Мо омӯзгорон ҷавобан ба ин ғамхориҳои сарвари давлат пайваста мекӯшем, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон заҳмату кӯшишҳои зиёде ба харҷ диҳем. Боиси қаноатмандии мо омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 29 аст, ки соли хониши нав ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассиса бо ҳамаи шароит бунёд шуд. Акнун бо беҳ шудани шароитҳо мо ба он мекӯшем, ки раванди таълиму тарбияро беҳ намоем.
Гулдаста НАЗАРОВА, директори муассисаи рақами 29.
ИНШООТИ ИДОНАИ СОКИНОНИ ФАЙЗОБОД
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 09:42
- Автор: Super User
Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашнгирии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Дар назди таърих чоряк аср ин чандон муҳлати тӯлонӣ нест. Аммо дастовардҳои бузурги таърихӣ тайи ин муддат мардуми моро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардида, баробар ба чандин даҳсолаҳост.
БА ФАЙЗОБОД ... ГУЛЧИНӢ
- Подробности
- Опубликовано 02.08.2016 16:36
- Автор: Super User
(Қайдҳо аз баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони диёр дар Муассисаи давлатии боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе)
ЯК РӮЗИ ОБОДКОРӢ
- Подробности
- Опубликовано 02.09.2016 09:28
- Автор: Super User
Имрӯзҳо дар миқёси ноҳия ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии кишварамон иншооти гуногун бунёд шудаву мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Ҳамаи ин дигаргуниҳо ва ободиву гулкардану шукуфтанҳо мардуми диёри моро аз файзу самари даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз насиб гаштааст, ки имрӯзҳо 25-умин солгарди онро таҷлил менамоем. Мо кормандони нашрия тасмим гирифтем, ки рӯзи истироҳат аз рафти корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, ки айни ҳол бо ҷӯшу хурӯш идома дорад, ошноӣ пайдо намоем. Роҳбарии Ҷамоати мазурро давоми як моҳ мешавад, ки Ҷаҳонбек Боев ба уҳда дорад. Ӯ бо ғайрати ҷавонӣ мекӯшад, ки қаламрави ҷамоат ҳамарӯза дигаргуниҳо ба чашм расад.
УСТО СОЛЕҲБЕК
- Подробности
- Опубликовано 28.06.2016 10:29
- Автор: Super User
Агар боре ҳам зебоиҳои деҳаи Файзоваро дида бошӣ, ҳеҷ гоҳ манзараҳои дилфиребу чашмаҳои мусаффои онро фаромӯш намекунӣ.
Баробари ворид шудан ба ин деҳа аз бӯйи гулу вазиши шамоли Кӯҳи Мазор худро дар биҳишти афсонавӣ тасаввур мекунӣ. Ин деҳа шахсеро муаррифӣ месозад, ки умри бобаракати худро сарфи хизмати мардум кардааст. Гарчанде синни мубораки усто Солеҳбек Зоиров ба 83 расида бошад ҳам, худро бе кор лаҳзае тасаввур карда наметавонад. Агар лаҳзае дар даст теша ба тарошидани табақ машғул бошад, дар лаҳзаи дигар ҳамчун табиб ба беморон маслиҳат медиҳад. Дар деҳаҳои Тудаи Наск, Қалошӣ ва чанди дигар осёб ва ҷувози обӣ сохтааст, ки чандин сол ба мардум хизмат мекунад.