ИФТИХОР
ИФТИХОР АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 09:46
- Автор: Super User
Як фарди тоҷикистониам ва имрӯз аз он меболам, ки дар чунин давлати зебову дунявӣ зиндагӣ мекунам. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари далатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи маориф пайваста таваҷҷуҳ менамояд. Ҳамасола бунёди даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон далели ин гуфтаҳост. Мо омӯзгорон ҷавобан ба ин ғамхориҳои сарвари давлат пайваста мекӯшем, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон заҳмату кӯшишҳои зиёде ба харҷ диҳем. Боиси қаноатмандии мо омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 29 аст, ки соли хониши нав ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассиса бо ҳамаи шароит бунёд шуд. Акнун бо беҳ шудани шароитҳо мо ба он мекӯшем, ки раванди таълиму тарбияро беҳ намоем.
Гулдаста НАЗАРОВА, директори муассисаи рақами 29.