Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

ТУҲФАИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА СОБИҚАДОРОН

Арафаи иди Истиқлолияти давлатӣ ба чор нафар собиқадорони  меҳнат Манонов Нусратулло, Солиҳов Ҳикматулло, Табаров Ятим ва Холов Талбак аз номи  Президенти мамлакат  туҳфаҳои молӣ тақдим гардид. Ин  подоши меҳнати ҳалоли онҳост, ки арафаи ин рӯзи Саид қадрдонӣ шудааст.

МАРДИ ҲУНАР

МАРДИ ҲУНАРҲунар ва ҳунарманд. Ин ду маънӣ сахт ба ҳам тавъаманд.   Ҳунарманди асил меҳру муҳаббати худро ба ҳунар бахшида, соҳиби обрӯву манзалат, иззату ҳурмат мегардад. Ҳунар дар дили ҳунарманд меҳр афрӯхта ӯро кашонукашон сӯйи худ мехонад. Маҳз ҳунар дар дили қаҳрамони мо низ сахт асар кард ва ӯ дигар натавонист худро аз банди он раҳо кунад, ба ҳама кашмакашиҳои зиндагӣ тоб овард,   худро аз нав сохт ва баъд аз он ҳунарманд шуд, ҳунарманди ҳақиқӣ, ҳунарманди асил, ҳунарманди шинохта. Ӯ ин мартабаро бо меҳнатдӯстӣ, эҷодкорӣ, одамгариву хоксорӣ ба даст овард ва ҳамчун Нусратулло Салимов байни мардум маъруфият пайдо карда азизи дилҳо гашт.

Подробнее...

САРМУҲАРРИРИ «ПАРВИН» ҒОЛИБИ ОЗМУН

Бо мақсади дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор додани маълумот ва иттилоот оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва усулҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар нимаи моҳи май  аз ҷониби ҶҲАТ (Чамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон) озмуни ҷумҳуриявӣ барои рӯзноманигорони дохилӣ оид ба маводи беҳтарин дар ВАО  эълон  шуда буд. Ҳафтаи гузашта  бо иштироки васеи кормандони ҶҲАТ маросими супоридани ҷоизахо ба ғолибони озмун доир гашт. Қайд гардид, ки давоми як моҳ ҳам дар матбуот ва ҳам дар садову симои ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти пурсамари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маводи  зиёд пешниҳод шуд. Муаллифон  нақши муассири кормандони ҷамъиятиро дар омӯзиши барномаҳои ройгонӣ  оид ба  забоназхудкунии аҳолии ниёзманд ва такмили касбу ҳунар, паҳн кардани ғояҳои башардӯстона, инчунин  кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ки яке аз барномаҳои дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст,  хуб нишон дода тавонистанд.

Подробнее...

НАКУКОРӢ ПЕШАИ ҒОЗИБЕК АСТ

НАКУКОРӢ ПЕШАИ ҒОЗИБЕК АСТСабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.
Худованд, ҳар як шахсро баҳри коре сохтааст. Таълиму тарбияи насли наврас ва ба роҳи дуруст ҳидоят карда тавонистани онҳо  корест заҳматталабу савоб.

Подробнее...

САХОВАТИ АНВАР ҚОДИРОВ АВВАЛИН НЕСТ

САХОВАТИ  АНВАР ҚОДИРОВ АВВАЛИН НЕСТБаъди хизмати аскарӣ Анвар Қодиров қариб 7 сол дар идораи рӯзномаи ноҳиявӣ ронанда шуда кор кард. Дарси меҳнатдӯстию ростгӯйӣ, бурдборию сабурӣ ва некию накӯкориро аз ин даргоҳи барояш муқаддас омӯхт. Соли 1977 бо тавсияи рӯзнома барои  кор ба шуъбаи корҳои дохилӣ гузашт ва то ба нафақа баромадан дар ин ҷо бо сари баланду бенуқсон фаъолият дошт. Баъди ба нафақа баромадан Анвар Қодиров якҷоя бо писаронаш нуқтаеро барои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ аз Маркази савдои ноҳия гирифта солҳо боз ба мардум хизмати поквиҷдонона менамояд. Воқеан, ӯ миёни дигар соҳибкорон  бо дасти кушоду хайру сахои хеш фарқ карда меистад.

Подробнее...

Подкатегории