ИФТИХОР
ФАРЗАНДОН МАЪНИИ ҲАЁТИ МОЯНД МЕГЎЯД ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ БЕҲТАРИН» САРВАРИ ХОНАДОН АЗИЗ АБДУРАҲИМОВ
- Подробности
- Опубликовано 12.05.2015 10:08
- Автор: Super User
Азиз Абдураҳимов ва Зебуннисо Абдураҳимова зиёда аз 48 сол инҷониб ҳаёти ширину бобаракат ва ибратомӯзи якҷоя дошта 9 нафар фарзандони солеҳу хуштарбияро ба камол расонидаанд. Фарзанди калони хонадон Бахтиёр баъди хатми Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон дар идораи шабакаи барқи ноҳия муҳандис, Шамсиддин хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон, мутахассиси соҳаи дорушиносӣ, вакили мардумӣ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Баҳриддин хатмкардаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон директори департаменти ангишти Вазорати саноат, Баҳрулло хатмкардаи Донишгоҳи Баумани шаҳри Москва мутахассиси соҳаи компютерӣ, Амонулло хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассиси соҳаи иқтисодиёт, Зафар хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мутахассиси дорушинос, духтаронаш Умедаю Гулшан ва Фарзонаҷон соҳибкасбу соҳибмаълумотанд. Оилаи Абдураҳимовҳо дар озмуни ноҳиявӣ чун оилаи беҳтарин эътироф карда шуд. Мо бо устод Азиз Абдураҳимов дорандаи ордени «Шараф дараҷаи 1», ки қариб 50 соли ҳаёти худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намуда имрӯз низ дар ҳалқаи шогирдон мебошад, дар арафаи Рӯзи байнамилалии оила атрофи чанд масъалаи оилаву оиладорӣ суҳбате доштем.
-- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон соли 2015-ро «Соли оила» эълон карданд. Нигоҳи шумо нисбати ин иқдоми неки навбатии сардори давлат?
-Соли 2015-ро «Соли оила» эълон кардани сарвари давлат ташаббус ва муждаи некест. Ин иқдом наҷибу саривақтӣ буда дар баланд бардоштани мақоми оила, чун як рукни муҳиму сарнавиштсози ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Ман Паёми имсолаи Президенти мамлакатро аз саҳифаҳои матбуот ба пуррагӣ хондаам. Сарвари давлат дар суханрониаш ҷое таъкид карда буданд: «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад». Баъди ин гуфтаҳо мо волидонро зарурияте пеш меояд, ки барои ба дунё овардан ва тарбия кардани насли солиму ояндасоз нақши муҳим дошта бошему масъулияти баландеро ба душ гирем. Зеро фардои миллат аз насли солиму созанда вобастагӣ дорад ва чунин шароитро танҳо оилаи солим муҳаё месозад.
-- Нисбати никоҳи хешутаборӣ чӣ андеша доред?
-Сарвари давлат албатта такя ба далелҳои илмии олимону мушоҳидаҳои шахсии худ оқибатҳои нохуши ин зуҳурот-никоҳи хешутабориро бозгӯ намудааст. Ва ҳар кадоми мо муқобили ин падидаи номатлуб бетарафӣ накунем. Никоҳи хешутаборӣ ҳам риштаи хешутабориро бисёр вақт канда мекунаду ҳам носолим ба дунё омадани фарзандон зиндагии ҷавононро талху ноором мекунад.
-- Устод, фарзандони шумо ҳамсаронашонро худ интихоб кардаанд ё Шумо интихоб кардед?
-Интихоби ҳамсар барои фарзандон масъулияти бештаро талаб мекунад. Волидон бояд ҳамсари ояндаи фарзандонашонро хуб дониста, муносибату рафторҳои онҳоро таҳлил намоянд. Мутаассифона имрӯз масъулиятшиносӣ нисбати ин масъала эҳсос намешавад. Ҳатто пайвандон саъй ба харҷ намедиҳанд, ки низоъҳои оддии оилавии ҷавонон оқилонаву дурандешона рафъ бигардад, то боиси ҷудоӣ нагардад. Саросемагии волидон ба бунёди оилаҳои фарзандон оқибатҳои нохуш дорад. Дар ин масъала бо таҳаммул ва бо тадбир бояд буд. Шукронаи Худовандро мекунем, ки мо соҳиби шаш келин ва се домод ҳастем. Бунёди оилаҳои фарзандони мо аз меҳру муҳаббати самимии ҷавонон, якдигарфаҳмии ману қудоҳоям сарчашма мегирад. Фарзандон маънии ҳаёти моянд.
--Устод, шумо бо янгаи азизи мо Зебуннисо соли гузашта хонаи Худовандро зиёрат намудед. Ҳамчун ҳоҷӣ як каф дуои шумо ба оилаҳои ҷавон.
-Худованд фарзандони ҳамаи мову шуморо нигаҳбон шуда миёни онҳо муҳаббати самимиро пойдор намояд. Зеро муҳаббат ғамро ба шодӣ табдил медиҳад. Бигузор хонаи бахти фарзандонамон бо муҳаббати самимӣ аз лаззату зебоӣ муаттар шуда, нури ин муҳаббат ба қалбҳояшон суруру равшанӣ бахшад.
Т. МУНАВВАРА.