Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

МАРДИ ҲУНАР

МАРДИ ҲУНАРҲунар ва ҳунарманд. Ин ду маънӣ сахт ба ҳам тавъаманд.   Ҳунарманди асил меҳру муҳаббати худро ба ҳунар бахшида, соҳиби обрӯву манзалат, иззату ҳурмат мегардад. Ҳунар дар дили ҳунарманд меҳр афрӯхта ӯро кашонукашон сӯйи худ мехонад. Маҳз ҳунар дар дили қаҳрамони мо низ сахт асар кард ва ӯ дигар натавонист худро аз банди он раҳо кунад, ба ҳама кашмакашиҳои зиндагӣ тоб овард,   худро аз нав сохт ва баъд аз он ҳунарманд шуд, ҳунарманди ҳақиқӣ, ҳунарманди асил, ҳунарманди шинохта. Ӯ ин мартабаро бо меҳнатдӯстӣ, эҷодкорӣ, одамгариву хоксорӣ ба даст овард ва ҳамчун Нусратулло Салимов байни мардум маъруфият пайдо карда азизи дилҳо гашт.


Ҳамаи ин муваффақиятҳои бадастомадаро ӯ аз тақдир ва аз шиносоӣ бо дӯсти овони бачагӣ, ҳамсинфаш, Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон Дӯстмурод Алиев медонад. Ҳангоми таҳсил дар мактаб-парваришгоҳи Гумбулоқ бори аввал дар маҳфили худфаъолиятии мактаб назди шогирдону устодон суруд хонда сазовори таҳсину офаринҳо гашт ва ана ҳамин мувваффақият ба Нусратуллои ҷавон имкони бол кушодану баланд парвоз карданро дар ҷодаи ҳунар дод. Баъди хатми мактаб -парваришгоҳ  ӯ бо шарики ҳамдарсаш Дӯстмурод Алиев соли 1967 ба хонаи фарҳанги маркази ноҳия ба кор даъват шуд ва онҳо паҳлӯи ҳамдигар рӯйи саҳнаи калони ҳунар ворид гаштанд. Якҷо суруд мехонданд, менавохтанд, дар тӯю маърака иштирок намуда, аввалин маротиба дар театри халқии ноҳия дар намоишномаи «Бародарон»-и коргардон шодравон Ҷӯрабек Шарифов, нақш офариданд. Соли 1989 марги бемаҳали Дӯстмурод Алиев ӯро нисбати ҳунар, саҳна, зиндагӣ дилшикаста намуд, ӯ   худро танҳо ҳис мекард рӯи саҳнаи ҳунари Файзобод. Хост тарки ҳунар кунад. Муддате чанд касби кафшергариро пеша кард, аммо дар ин ҷода муваффақ нашуд, зеро   ба ҳунар аллакай кафшер гашта буд.
Аз нав  ба рӯи саҳнаи ҳунар   ба пешвози тамошобин баромад. Дар деҳаи Чилчашма зиндагии ширин дошт.  Нусратулло дар хонаи фарҳанги Меҳробод ва завҷааш дар бунгоҳи тиббии деҳа  пайи  хизмати мардум қарор доштанд.Чор фарзанди  нозпарвардашон дар оғӯши гарми оила камол меёфт.
Аммо боди  нооромиҳои солҳои навадум дари онҳоро низ кӯфт. Шаби 7 январи соли 2000, ки бо дамидани субҳ тамоми мардуми мусалмони олам иди рамазонро пешвоз мегирифт, се нафар ниқобпӯшони силоҳбадаст ба хонаи ӯ зада даромадаву бо сабабҳои ночизе  бо Нусратулло даст ба гиребон шуданд. Сӯяш тир кушоданд. Ба тир хӯрдани пои чапаш  нигоҳ накарда, қасди ҷонашро карданд.   Писари калонии хона Зоиршо, ки чанд рӯз пештар хизмати аскариро адо намуда ба хона баргашта буд, ба дифои падар   бархост. Тири нохалафон китфи ӯро сурох кард. Ин лаҳзаҳо модар чун уқобе дар талвосаи наҷоти чӯҷаҳои хеш нохун зад ба рӯи онҳо. Афсӯс, ки ин ҷасорати модар онҳоро боз ҳам хашминтар намуд, ки  ҳадафи тир қарораш доданд. Тири дигари дунёбехабарон модарарӯси Нусратуллоро ҳадаф гирифт. Садои тир мардуми деҳаро ба по хезонд. Афсӯс, ки кӯшишҳои табибон ҳамсари азизи Нусратуллоро наҷот  набахшид. Ин шикасти навбатӣ дар зиндагии ӯ буд. Акнун Нусратулло барои фарзандон ҳам падар буду  ҳам модар.  
Нусратулло бо гузашти рӯзгор  писаронро хонадор карду   келин фаровард. Ганҷинаи азизашро ба хонаи шавҳар гусел кард. Ҳамин аст, ки Сулҳу Ваҳдат барояш азизу муқаддас аст. Суруд аз Ваҳдат месарояд. Шукр аз он дорад, ки бо шарофати Ваҳдат қиссаи талхи рӯзгори ӯ ба дигарон насиб нагардид.
Лаҳзаҳои танҳоӣ олами сеҳрноки санъат ӯро  домангир буд.   Рӯйи саҳна   дар намоишномаҳои «Уқоби қавибол»-и Ҳоҷӣ Содиқ, «Қарзи виҷдон» - и Султон Сафар, «Ишқи араб»-и Миреме, «Тангкӯча», «Фоҷиаи домангир»-и Иноят Насриддин, «Муноҷот», «Аз ҳавас то фоҷиа», «Надомат», «Поси хотир»-и Ҳабибуллои Мирзошариф нақшҳои асосиро офарида маҳбуби ҳамагон гашт.
 Дар филмҳои «Марди роҳ»-и коргардони варзида Давлат Худойназаров ва «Пайванди шикаста»-и Муҳаббат  Сатторӣ низ  нақшофарӣ намуд.  
Меҳнати Нусратулло Салимов бо  медали ҷашнии «40-солагиии Ғалаба» ва нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шудаву лауреати фестивали эҷодиёти халқ дар ноҳияи Мастчоҳ,  фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб – 2006» мебошад.   
 Имрӯз ӯ пайи тавлиди сурудҳои тоза, чӣ дар жанри шашмақом ва чӣ дар жанри фалаку эстрада мебошад. Воқеан ҳам Нусратулло Салимов ба маънои томаш ҳунарманд аст, ҳунарманди асил, ҳунарманди тавоно, ҳунарманди маҳбуб, яъне саропо марди ҳунар.  

    
Ҳабибуллои Мирзошариф, узви Ииттиҳоди
 рӯзноманигорони Тоҷикистон.