ИФТИХОР
«МУАЛЛИМИ МУАЛЛИМОН» МЕНОМИДАНД НАЗИР ҚУРБОНОВРО
- Подробности
- Опубликовано 12.05.2015 09:57
- Автор: Super User
Корномаи меҳнатию хотираҳои бузурги омӯзгории марди фидоӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Назир Қурбонов аз насл ба насли диёри Файзобод қисса гардидааст. Зеро хотираҳо ва корномаҳои ибратомӯзи ӯ аз ёд нарафтааст. Назир Қурбонов дар деҳаи Дубедаи ноҳия таваллуд шуда маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳнаи деҳа гирифта баъд аз барқарор шудаи сохти шӯравӣ ба интернати давлатии шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Ӯ соли 1926 соҳиби маълумоти нопурра мегардад ва фаъолияти омӯзгориаш аз ҳамон давра оғоз меёбад. Он солҳо дар маҳви бесаводии аҳолӣ фаъолона иштирок карда дар деҳаҳои дурдаст ба мардум савод меомӯзонад. Ҳамчунин бар зидди дастаҳои босмачиён муборизаи беамон мебарад. Соли 1930 дар деҳаи Дубеда барои кӯдакони эҳтиёҷманд аввалин интернатро ташкил мекунад. Соли 1937 ба институти муаллимтаёркунии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда соли 1939 онро бо муваффақият хатм менамояд. Соли 1943 ихтиёрӣ ба ҷанг рафта дар озодкунии шаҳрҳои Полтава ва Харкови Ҷумҳурии Украина аз фашистони истилогар иштирок мекунад ва пас аз захмӣ шуданаш соли 1944 ба Ватан бармегардад. Дар солҳои душворӣ барқароркунии баъдиҷангӣ ба маъюбии дасташ нигоҳ накарда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми сазовор мегузорад. Ҳамчун зиёии пешқадам ва коммунисти матинирода яке аз аввалинҳо шуда барои обод гардидани водии Вахш ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) муҳоҷир мешавад. Дар ин ҷо дар вазифаҳои сарварии мактаб, котиби кумитаи ҳизби коммунисти колхози «Бо роҳи сотсиализм» фаъолияти пурсамар кардааст. Соли 1954 лаёқати шоён ва кордониашро ба назар гирифта мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод тайъин карда мешавад, ки дар ин вазифа 7 сол суботкорона кор карда аст. Дар ин давра дар бобати саросар фарогирии ҷавонон ба таҳсил, омода кардани кадрҳои таҳсилдидаи соҳибтахассус, мустаҳкам намудани такягоҳи моддӣ-техникии мактабҳо ва таъмини мактабҳо бо омӯзгорон тадбирҳои мушаххас амали менамояд. Инчунин дар давраи фаъолияти мудириаш дар деҳаҳои Сарисафедхок, Гумбулоқ, Мискинобод, Обигарм, Дараидегдон, Чормағзак, Ҷавонӣ, Арча, Ҷойникудӣ мактабҳо сохта шудаанд. Соли 1961 пас аз нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ шуданаш то охири умр ба соҳаи маорифу фарҳанг сару кор дошт. 15 сол раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия буд. Бо ташаббуси ӯ дар муассисаҳои таълимӣ, корхона, идора ва чойхонаҳои ҷамъияти мулоқоту суҳбатҳои фаромушнашуданӣ гузаронида мешуд, ки дар тарбияи мардум, махсусан ҷавонон саҳми калон мегузошт. Назир Қурбонов «Пионери фахрии» мактабҳои ноҳия буд. Борҳо вакили Шӯрои маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб шудааст. Дар тӯли умри бобаракати худ даҳҳо фарзандони диёрро тарбия намудааст, ки дар рушди минбаъдаи соҳаи маорифи диёр саҳми арзанда гузоштаанд. Хизматҳои ин марди накуном бо орденҳои «Ленин», «Байрақи сурхи меҳнат» ва медалҳои «Ғалаба бар Германия дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён дар солҳои 1941-1945», «20-30 солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945,» «50-60 солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР», «Ветерани меҳнат», «100 солагии Ленин» ва чанд ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст.
Воқеан агар ба хотири гиромидошти қадру манзалати ин фарзанди баруманд, «муаллими муаллимон»- диёр Назир Қурбонов маҳаллае ё мактабе ба номаш номгузорӣ карда мешуд боиси эҳтироми рӯҳи поки ӯ ва хушнудии аҳли пайвандонаш мегардид.
М. ТАҒОЕВА,
хабарнигори «Набзи Файзобод».