Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

НАКУКОРӢ ПЕШАИ ҒОЗИБЕК АСТ

НАКУКОРӢ ПЕШАИ ҒОЗИБЕК АСТСабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.
Худованд, ҳар як шахсро баҳри коре сохтааст. Таълиму тарбияи насли наврас ва ба роҳи дуруст ҳидоят карда тавонистани онҳо  корест заҳматталабу савоб.
Ғозибег Қаландаров аз зумраи инсонҳоест, ки  тамоми умр баҳри рушду нумӯӣ соҳаи маориф заҳмат кашидааст. Ин марди бузург  фаъолияти кории  худро ҳамчун омӯзгори   забони олмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами  2 – и ноҳия   оғоз намуда, шогирдони зиёдеро тарбия  кардааст. Баъдан, кордон ва масъулиятшиносиашро   ба назар гирифта ӯро ба шуъбаи маорифи ноҳия ба ҳайси мутахассис (инспектор) ба кор қабул карданд. Сипас  дар шуъбаи ташвиқ ва тарғиботи кумитаи ҳизбии ноҳия  ба ҳайси мудир   фаъолият дошт. Дар рафти кор   ҳамеша маслиҳату расонидани ёриву   кӯмакро     ба мардум пешаи худ қарор дода буд. Бо одамон бисёр муносибати меҳрубонона ва одилона дорад. Баъдан таҷрибаи ӯро ба инобат гирифта, барои кор ба шаҳри Душанбе даъваташ карданд.
Айни ҳол Ғозибек  дар идораи байналмилалии “Иттиҳодияи   башардӯстонаи хайриявии “Наrvest Korea” ва форсизабонҳо” фаъолияти  пурсамар намуда,  саҳми  ташкилоти ҷамъиятиро барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва ва мустаҳкам намудани  базаи моддӣ – техникии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кардааст.
Маҳз бо саъю кӯшишҳои зиёди устод Ғозибег Қаландаров шурӯъ аз соли 2000   муассисаҳои таълимии рақамҳои  2, 17, 1, 35, 16, 19, 21, 4, 40-и ноҳия дар давраҳои гуногун ҳамкориҳои мутақобила баҳри пешравии сатҳи донишандӯзии хонандагон ба роҳ монда шуд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар   давраҳои ҳамкорӣ ба омӯзгорон ва хонандагони фаъол  стипендияҳо таъсис дода,   ба оилаҳои ниёзманди камбизоат  ёриҳои башардӯстона расониданд.   Дар варзишгоҳи муассиса   дарвозаҳои футбол насб гардида, тубҳои футбол ва волейбол  дастраси шогирдон  шуд. Баҳри сайқал додани донишҳои техникӣ ва омӯхтани технологияи муосир дар муассиса як синфхонаи компютерӣ бо ҳашт компютер ва ҳашт мизи махсус муҷаҳҳаз гардонида  шуд.
Дар муассисаи мо китобҳои забони англисӣ набуд. Имсол бо иқдоми устод Ғ. Қаландаров ва дастгирии “Иттиҳодияи   башардӯстонаи хайриявии “Наrvest Korea” ва форсизабонҳо”ба муассиса 180 адад китобҳои фанни забони англисӣ дар ҳаҷми 2320 сомонӣ ба тариқи ройгон туҳфа карда шуд.


Ба поён расад кисаи симу зар,
Нагардад тиҳӣ кисаи пешагар.


Дар ҳамаи муваффақият ва пешравиҳои муассиса устод Ғ. Қаландаров ва “Иттиҳодияи   башардӯстонаи хайриявии “Наrvest Korea” ва форсизабонҳо” саҳми арзанда доранд.
Фикр мекунам, ки агар дар ҷомеаи имрӯза  ба мисли устод Ғ. Қаландаров шахсони маорифпарвар ва миллатдӯст зиёд бошанд миллати тоҷик ба пешравию  комёбиҳои калон ноил хоҳад гардид.


Н. ҲАСАНОВ,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16.