ИФТИХОР
НАКУНОМ ЗИСТ - ЧАНД ЁДЕ АЗ РОЗИҚБЕКИ ЗИНДАЁД
- Подробности
- Опубликовано 17.03.2015 14:31
- Автор: Super User
Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе, дар назди чойхонаи “Роҳат” бо генерал Усмонқул Ғоибов, муовини Фармондеҳи қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрдам. Ёдрас менамоям, ки Усмонқул Ғоибов бо рутбаи капитанӣ солҳои 1991 – 1995 комиссари ҳарбии ноҳия буд. Ӯ ба ёд овард, ки боре Розиқбек Назрибеков (собиқ сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия) гуфтааст: “Биё, якҷоя Файзобод назди акаи Ҷӯрабек равему хоҳиш кунем, дар бораи мо китоб нависад. Баъди марг ягон кас мехонаду мегӯяд, ки мо ҳам ба нафъи халқамон кам хизмат накардаем”. Усмонқул Ғоибов шӯхиомез ҷавоб мегардонад: “Розиқбек, ту магар даррав мурданиӣ?...”
Мо медонем ки, Усмонқул Ғоибов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баҳри оромию осоиштагии сокинони Файзобод ҳамроҳи Розиқбек Назрибеков хизматҳои бузург кард. Ӯ ҷони даҳҳо ҷавонмардони маҳаллиро, ки бо бадгумонии дигарон ба “рӯйхати сиёҳ” дохил шуда буданд, аз марги бегуноҳӣ раҳо намуд.
Хизмати Розиқбек Назрибеков ва Усмонқул Ғоибов дар он солҳои мудҳиш арзиши китоб ҳам дорад. Нияти ҳозираи мо аз фаъолияти Розиқбек Назрибеков дар он солҳо ёд кардан аст.
Розиқбек солҳои 1990-1994 аввал муовин, баъдан сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод буд. Ду соли кори ӯ ба давраи хеле ҳассосу ҷонгудози ҷумҳурии тозаистиқлоли мо рост омад. Насли калонсол ҳодисаҳои он рӯзҳоро аз ёд набаровардаанд. Митингу гирдиҳамоиҳои шаҳри Душанбе, баътар истеъфоталабию майдоншиниҳо, оташзании биноҳою қатлу куштор мардумро ба таҳлука оварда буд. Вазъияти нооромро гурӯҳҳои нафъҷӯ истифода бурда, молу мулки мардуми бечораро ғорат мекарданд. Чангу дуди ҳаводиси мудҳиши канорҳои кишвар ба Файзобод ҳам мерасид. Дар он рӯзҳо масъулияти милитсия даҳчанд зиёд гардида буд. Кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия бо сардории Розиқбек Назрибеков барои фош кардану дастгир намудани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, муътадил нигоҳ доштани вазъ бо тамоми қувва амал менамуданд. Гурӯҳҳои махсусе аз ноҳияҳои ҳамсоя пайдо шуданд, ки оромии Файзободро халалдор карданӣ шуда, ҷавононро ба гӯшаҳои даргир кашидан мехостанд. Розиқбек Назрибеков муқобили чунин балвогарон чораҳои фаврӣ медид, шахсан бо ин гурӯҳҳо гуфтушунид мекард, дар лаҳзаҳои даркорӣ даст ба гиребон мешуд. Аз ёд нарафтааст, ки боре Усмон ном ҷавони кофарниҳонӣ барои муқобили “фронти халқӣ” барангехтани ҷавонони Файзобод бо чанд тани дигар инҷо омад. Ӯ дар чорраҳаи назди имрӯза бинои суди ноҳия бо ин ҳарфҳо – “Эй файзободиҳо, нангу номус дошта бошед, ба ҳимояи ҳамсояи худ бароед! Агар не, имрӯзу пагоҳ ба сари шумо тир меборад”.- садо дар медод.
Ин садо ба гӯши Розиқбек Назрибеков мерасад, ки ду нафарро барои ором кардани Усмон фиристод. Онҳо бо вуҷуди яроқнок будан аз таҳдиди Усмон тарсида, ба қафо баргаштанд. Лаҳзае нагузашта Розиқбек Назрибеков аз дари шуъбаи корҳои дохилӣ берун шуда, сӯи Усмон ҳаракат кард. Усмон бо ҳамон ғурури аввала такроран овоз медод: “Пеш набиё, мепарронам!”. Дар назари мо ин овоз дар гӯши Розиқбек ҳамчун таҳдиди рӯбоҳ ба шер мерасид, ки устуворона қадам мезад. Ӯ аз автомат пеши пои таҳдидкунанда як тир холӣ кард. Аз афташ, Усмонро ваҳм зер кард, ки садояш пастар шуд. Розиқбек шерона қадам партофта наздик шудан баробар туфангчаро аз дасти Усмон пахш карда гирифта, бо қаҳр ба замин зад. Ва амр дод, ки “бо бачаҳояш аз Файзобод зуд баромада равад”. Ин амри қатъӣ Усмонро водор кард, ки Файзободро тарк кунад.
Ҷасорату далерии Розиқбекро бори дигар ҳангоми ба Файзобод дохил шудани гуруҳи мусаллаҳ дида будем. Шояд ин воқеа ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотир дур наравад.
...Он вақт сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия вазифаи комендантиро ба зимма дошт. Чанд тан аз фаъолони ноҳия дар ошёнаи дуюм, дар дафтари кори Розиқбек Назрибеков ҷамъ омада буданд. Як маҳал садои гӯшхароши танки ҷангї баланд гардид. Аз тиреза нигоҳ кунем, аз дохили танк марди гирдпасти автоматбадаст фуромада, дохили шуъба шуд. Хеле бадқаҳр менамуд. Муовини сардори бозрасии давлатии автомобилӣ Маҳмадраҷаб Исмоилов, ки дар қабулгоҳ меистод, ҳолати ҷангӣ гирифт. Вале Розиқбек ишора кард, ки ором истад. Ӯ назди мизи кориаш рост меистод. Яроқбадаст бо ғазаб вориди дафтари кории Розиқбек шуд. Табиист, ки ҳамаи ҳозирин аз ҷо хеста буданд. Силоҳбадаст мили автоматро ба Розиқбек рост карда, дод зад: “Ҳамаатонро мепарронам! Ман амаки худро паррондагӣ одам!” Аз гуфтораш маълум шуд, ки тоҷик нест. Розиқбек бо ишораи даст ӯро ором кардан хост: “Маълум, ки, бародар, ба куштани мо дили ту хунук намешавад. Ист. Мили автомататро поён куну талабатро гӯ. Чӣ мехоҳӣ?” “Чӣ мехоҳам?! -хитобан ҷавоб гардонд яроқбадаст,- бачаҳои мо на шир доранд, на гӯшт на картошка. Ту бошӣ, маҷлис мегузаронӣ. Канӣ пеш даро!”
Розиқбек “Рафтем, гӯён” пеш- пеши автомат аз дафтари кор берун шуд...
Мардуми Файзобод, хосса ҷавонони солҳои навадум Розиқбекро як марди ҷасуру нотарс, бо вуҷуди солорию таҳамтанӣ, хеле хоксор, инсони дорои сифатҳои нек эътироф кардаанд.
Лаҳзаи дигаре аз ҷасорату накӯкории Розиқбек Назрибеков пеши рӯ меояд, ки охири соли 1992 ба мушоҳида расида буд.
Вақте сели яроқбадастони “фронти халқӣ” ба Душанбе ворид гардид, сокинони шаҳрии Вилояти Кӯҳистони Бадахшон дар чандин автобусу КамАЗ ба Файзобод расиданд. Табиист, ки чунин меҳмонӣ мардуми осоиштаи ноҳияро ба таҳлука андохт. “Меҳмонон” яроқу лавозимоти ҷангӣ доштанд. Аз эҳтимол дур набуд, ки нохушие ба амал ояд. Танҳо милитсия метавонист аз ин эҳтимолият мардумро раҳо кунад. Розиқбек Назрибеков бо андешаи солим ба истиқболи бадахшониҳо баромад ва бо як обу иззати андак тавонист онҳоро гусел кунад. Ӯ “КамАЗ”-у автобусҳоро бо шумораи зиёди саворагонашон аз ҳудуди ноҳия бароварда дар баромадгоҳи Обигарм бо онҳо хайрухуш кард...
Розиқбек Назрибеков аз Файзобод ба мансабҳои калон рафт. Рӯзҳои пеш аз рафтанаш ба вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии Вилояти Кӯҳистони Бадахшон аз ёд намеравад. Ба эҳтироми ӯ зердастонаш, кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия дар қаҳвахонаи “Файзобод” маҳфили гусел ташкил карданд. Он ҷо вақте ба Розиқбек сухан доданд, ҳини гапзанӣ аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Ашки ӯ чунин маънӣ дошт, ки аз Файзобод дил канда наметавонаду ба ин диёр ба обу ҳавои он сахт эҳтиром дорад.
Ашкрезии ӯро рӯзҳои охири соли 1992, баъди аз ҷониби яроқбадастон ба ҳалокат расонидани 43 нафар сокинони деҳаи Субулоқ (Чашмасори имрӯза) ва чандин нафар раҳгузарон низ дида будам. Пас аз ин ҳодисаи мудҳиш, (он субҳи 26 декабр рух дода буд) қумандони ҳамонвақта, баъдан раиси Ҳукумати шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Мансуров, ба Файзобод омада дар зали ҳукумат маҷлис гузаронд. Ба Розиқбек Назрибеков ҳамчун комендант сухан доданд. Ӯ сари минбар то он ки аз вазъи ноҳия сухан гӯяд, ҳодисаҳои мудҳиши Субулоқ, таҳқирёбии худро аз ҷониби яроқбадастон пеши рӯ оварда, сухан дар гулӯяш монд ва дар чашмонаш ашк ҳалқа зада ба рухсораҳояш шорид...
Розиқбек дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр кор накард. Аз он ҷо ӯро ба Вазорати корҳои дохилӣ ба пойтахт гузарониданд. Дар шаҳри Душанбе дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият чандин сол бенуқсон кор кард. Вале аз Файзобод аз мардуми он худро канор нагирифт, дар маъракаҳои хурсандии одитарини сокини ин ҷо, агар даъваташ мекарданд, ҳозир мешуд, аз маргу мурдае хабар меёфт, ҳатман барои ҳамдардӣ меомад. Дар ҳар дафъаи омадан, чӣ пиру чӣ ҷавони ин диёр бо эҳтироми баланд ӯро пазироӣ мекарданд.
Ӯ солҳои охир ба бемории диабети қанд гирифтор шуд. Ва ҳамин дард ӯро аз пой афтонд. Розиқбеки ба қавле мисли кӯҳ устувор 30 августи соли 2014 аз олам гузашт.
Яке аз журналистони болаёқати кишвар, собиқ корманди газетаи ноҳия, полковники мустаъфӣ Саид Ашӯрови зодаи деҳаи Чилчашма аз ҳаёту фаъолияти Розиқбек Назрибеков китоб таълиф кардааст. Афсӯс, ки китоб ҳини барҳаёт будани Розиқбек ба нашр нарасид. Ба ҳар ҳол, фикр мекунем, нияти Розиқбеки зиндаёд ба ҷо омад. Ва ӯ осуда хоҳад буд.
Ҷӯрабек МУЪМИН