Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

«МУЛКИ ФОЗИЛОН» НИШОНИ ВАТАНДӮСТИСТ

Рўзҳои охири соли 2015 китобе бо номи «Мулки фозилон» бо соядасти муаллиф Тилло Соҳибназар ба дастам расид.
Басо рамзист, ки китоб бо акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханони ӯ дар хусуси Файзободу файзободиҳо оғоз мегардад.
Китоби «Мулки фозилон» саросар даъвату талқин ба дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, таъриху фарҳанги миллат, химояи марзу буми диёр аст.

Подробнее...

АРЗАНДАИ АРЗАНДАҲОСТ

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми арзандаи Пешвои миллат сазовор гардид. Хизматҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар давраи 24 соли истиқлолияти давлатӣ анҷом додааст, ба сухан ифода намудан душвор аст. Танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки бузургтарин дастоварди миллати мо, ки дар он хизматҳои барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад ин истиқрори сулҳи поянда дар Тоҷикистон аст. Маҳз ҳамин сулҳу Ваҳдат кишвари азизамонро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Пеши назар давлати Афғонистони бародар меояд, ки қариб 40 сол боз алангаи ҷанги бародаркуши дохилиаш анҷом намеёбад. Аз ин рӯ, ба мақоми Пешвои миллат сазовор гардидани Эмомалӣ Раҳмон арзандаи арзандаҳост. Мо, модарон, дасти дуо мебардорем, ки саодати ду ҷаҳон насиби Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон гардад.

Алоҳида  ҶОНОВА, сокини деҳаи   Дашти марзо.

ИСМАШ БИҲИШТИСТ

ИСМАШ БИҲИШТИСТДар ҳар нишасту маҳфили фарҳангии аҳли илму адабу эҷод, хоҳ дар Файзобод бошад, хоҳ дар ҷои дигар, чун сухан аз шахсиятҳои фарҳангӣ, фозилону орифону донишмандон равад, номи Фирдавсӣ Қурбонзода зикр мешавад.
Фирдавсӣ Қурбонзода дар улуми сиёсат, таъриху забону адабиёт ва маърифати динӣ балад буда, аз тафаккуру ҷаҳонбинии хеш борон – борон ҳарфи маънию хирад мерезад. Бесабаб нест, ки эҷодкорони маҳаллӣ, онҳое, ки бо ӯ кор кардаанд, эҳтиромона «Мавлоно» - яш мехонанд.

Подробнее...

БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Ман чун омӯзгори собиқадор қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро ҳамчун арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар  назди миллату давлат медонам. Барои ҳар яки мо равшан аст, ки Эмомалӣ Раҳмон чи заҳмату хизматҳое баҳри пойдории давлату ҳаёти осоиштаю хушбахтонаи имрӯзаи мо накардаанд. Лаҳзаҳое, ки давлати тоҷикон дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт, бо ҷоннисориҳои ин фарзанди худодод, Тоҷикистон ҳамчун давлат ва тоҷик ҳамчун миллати соҳибихтиёр бақо ёфт.


З.СОБИРОВ, омӯзгори собиқадор.

ҶИЛВАИ «ШАМС»

Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар Фестивал-озмуни  ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ  таҳти унвони «Дунёи саодат»  бахшида ба соли 2015 эълон гардидани «Соли оила» баргузор шуд. Мақсади баргузории фестивали мазкур рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат ва ба ин васила баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебописандии ҷавонону наврасон мебошад.
Барномаи фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи дӯстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.

Подробнее...

Подкатегории