Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

АРЗАНДАИ АРЗАНДАҲОСТ

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми арзандаи Пешвои миллат сазовор гардид. Хизматҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар давраи 24 соли истиқлолияти давлатӣ анҷом додааст, ба сухан ифода намудан душвор аст. Танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки бузургтарин дастоварди миллати мо, ки дар он хизматҳои барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад ин истиқрори сулҳи поянда дар Тоҷикистон аст. Маҳз ҳамин сулҳу Ваҳдат кишвари азизамонро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Пеши назар давлати Афғонистони бародар меояд, ки қариб 40 сол боз алангаи ҷанги бародаркуши дохилиаш анҷом намеёбад. Аз ин рӯ, ба мақоми Пешвои миллат сазовор гардидани Эмомалӣ Раҳмон арзандаи арзандаҳост. Мо, модарон, дасти дуо мебардорем, ки саодати ду ҷаҳон насиби Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон гардад.

Алоҳида  ҶОНОВА, сокини деҳаи   Дашти марзо.