ИФТИХОР
ИСМАШ БИҲИШТИСТ
- Подробности
- Опубликовано 13.10.2015 10:32
- Автор: Super User
Дар ҳар нишасту маҳфили фарҳангии аҳли илму адабу эҷод, хоҳ дар Файзобод бошад, хоҳ дар ҷои дигар, чун сухан аз шахсиятҳои фарҳангӣ, фозилону орифону донишмандон равад, номи Фирдавсӣ Қурбонзода зикр мешавад.
Фирдавсӣ Қурбонзода дар улуми сиёсат, таъриху забону адабиёт ва маърифати динӣ балад буда, аз тафаккуру ҷаҳонбинии хеш борон – борон ҳарфи маънию хирад мерезад. Бесабаб нест, ки эҷодкорони маҳаллӣ, онҳое, ки бо ӯ кор кардаанд, эҳтиромона «Мавлоно» - яш мехонанд.
Фирдавсӣ Қурбонзода дар Файзобод аз ҷумлаи аввалин хатмкардаҳои Университети давлатии Тоҷикистон, имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро низ хатм кардааст. Фаъолияти кориаш аз муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи №2 (деҳаи Меҳробод) оғоз шуда, дар райком (комитети ҳизби коммунисти ноҳия), рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» вазифаҳои масъулро ба уҳда дошт. Соли 1989 аз муҳарририи рӯзнома тариқи алтернативӣ раиси Комитети иҷроияи ноҳияи Файзобод (раиси ҳукумат) интихоб гардид. Солҳои 1990 – 1991 раиси Раёсати Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Файзобод буд. Аз мансаби намояндаи ваколатдори комитети иҷроияи ноҳия оид ба корҳои дин соли 2000 – ум ба нафақаи пиронсолӣ баромад.
Устод Қурбонзода дар давраи нафақа бекор нишастанро ба худ эб надида ба омӯзиши таърихи диёр, Вашгирди куҳан машғул гардид. Ва дар ин боб се рисола бо унвонҳои «Зоҳиди Хуросон» (аз рӯзгори Ҳотами Асам), «Вашгирд – ёдгории бостон», «Вашгирд: шаҳри ҳунармандон, тоҷирон ва орифон» таълиф дод.
Фирдавсӣ Қурбонзода Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон буда, бо медали «Барои хизмати шоиста» ва Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Устод Фирдавсӣ Қурбонзода дар гулистони 75 – умини умр қадам мезанад. Ҳабдаҳуми сентябр, дар зодрӯзаш кормандони «Набзи Файзобод» бо дастагуле ба муборакбодии ӯ рафта барояш рӯзгори осудаю барори кор хостанд. Аз ин эҳтиром устод хушҳол шуд ва ба аҳли эҷод минатдорӣ баён кард.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
Корманди шоистаи Тоҷикистон.