ИФТИХОР
САРМУҲАРРИРИ «ПАРВИН» ҒОЛИБИ ОЗМУН
- Подробности
- Опубликовано 23.06.2015 11:38
- Автор: Super User
Бо мақсади дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор додани маълумот ва иттилоот оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва усулҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар нимаи моҳи май аз ҷониби ҶҲАТ (Чамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон) озмуни ҷумҳуриявӣ барои рӯзноманигорони дохилӣ оид ба маводи беҳтарин дар ВАО эълон шуда буд. Ҳафтаи гузашта бо иштироки васеи кормандони ҶҲАТ маросими супоридани ҷоизахо ба ғолибони озмун доир гашт. Қайд гардид, ки давоми як моҳ ҳам дар матбуот ва ҳам дар садову симои ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти пурсамари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маводи зиёд пешниҳод шуд. Муаллифон нақши муассири кормандони ҷамъиятиро дар омӯзиши барномаҳои ройгонӣ оид ба забоназхудкунии аҳолии ниёзманд ва такмили касбу ҳунар, паҳн кардани ғояҳои башардӯстона, инчунин кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ки яке аз барномаҳои дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, хуб нишон дода тавонистанд.
Ноиби Котиби Генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Дилором Мирова ҳамкории ВАО- ро хуб арзёбӣ намуда, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин моҳвора иштироки фаъолона доштанд, миннатдории кормандону ихтиёриёни ҷамъиятро расонд. Баъдан ӯ ғолибони озмунро муаррифӣ кард. Ҳайати ҳакамон маводи сармуҳаррири нашрияи “Парвин”, Рустами Назирро бо пешниҳоди мақолаи “Дунё бо умед” ғолиби ҷои аввал дониста ба ӯ мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
“НФ.”