Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

МО,ҶАВОНОН ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТЕМ

Парчами Тоҷикистон

Чун бахт ёвари мост.

Хуршедсон ҳамеша

Тобанда бар сари мост.

Ҳар як давлат дорои рамз ва нишонаҳои давлатии ба худ хос мебошад, ки онҳо ифодакунандаи  мустақилият ва соҳибихтиёрӣ, баёнгари арзишҳои фарҳангӣ, таърихи миллатҳо ва халқи ин ё он давлатро инъикос менамоянд.

Ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон мебошад. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ шинохта мешавад, яъне ин рамзҳо ифодагари мустақилияту соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ аст.

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии соҳибихтиёрии давлат маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон таъкид намуданд, ки воқеан, Парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон неруву қудрати созандагӣ мебахшад.

Парчами давлатӣ ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  судҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Бонки  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии  шаҳрак ва деҳот (Ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дигар ҷойҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудааст, афрохта мешавад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 мо, ҷавонон ба хотири арҷгузориву эҳтиром ва эҳсоси муҳаббату садоқат нисбат ба рамзҳои давлатӣ ва ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату нерӯи ҷавонӣ ва бо қадамҳои устувор пеш меравем.

Итминон дорам, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони  азиз хоҳанд буд.

Озода ДАВЛАТОВА,

коргузори дастгоҳи раиси ноҳия. 

ОБОДИЮ САРСАБЗИИ ДИЁР - СУННАТИ НИЁГОН

Имрӯзҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизамон бениҳоят ободу зебо гардидааст. Дар ин қатор дар ноҳияи Файзобод ҳам таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ободгарию зебо гардонидани кӯчаву хиёбону деҳаҳо ва шоҳроҳҳову майдончаҳо дар авҷ аст. Сарсабзу хуррамгардонии диёр суннати ниёгон, алалхусус феъли Паёмбари олами ислом Муҳаммад (с) мебошад.

Ҳадисеро имом Муслим ривоят мекунад, ки: «Рӯзе Расули акрам (с) ҳамроҳи наберагонаш Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн (р) дар шаҳри Мадинаи Мунаввара ниҳол мешинониданд». Саҳоба Анас (р) мегӯяд:- «Ҳамроҳи амакам Абӯталҳа (р) хостем асбоби корӣ, яъне белро аз дасти мубораки Ҳазрат (с) гирем, Расули Худо гуфтанд: - Эй Анас, магар намедонӣ шинонандаи ниҳол феъли биҳиштӣ аст?» Дар тафсири «Руҳулбаён», дар ояҳои муборакаи Ёсин омадааст: «Баъди вафоти инсонҳо ҳама корашон, ки дар дунё анҷом додаанд, то рӯзи қиёмат қатъ мегардад, магар се кор аст, ки савобаш то рӯзи қиёмат ба номи шахс мемонад ва яке аз онҳо ин ободкорӣ мебошад».

Ноҳияи мо дар тӯли се соли охир симои худро ба куллӣ дигар намудааст. Давоми ин муддат  бо роҳбарӣ  ва дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ноҳия ба таври шинохтанашаванда  ободу зебо гардид.   Бунёд гардидани боғҳои нав, ба тарзи оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин касро болидарӯҳ мегардонад. Аммо боз нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки ин ободкориҳои босуръати ноҳияамонро дида,  ҳисси кинаву ҳасадашон боло мегирад ва пайи навиштани  шикоятҳои беасосу  назди мардум бад карда нишон додани эшон мешаванд.

Дар шаъни ин тоифаи ҳасуд Худо ва расулаш безорӣ ҷӯстааст. Қуръони Карим дар сураи «Нун» мефармояд: «Шумо нишасту бархез накунед ба тоифаҳое, ки суханчин, туҳматгар ва хабаркаш аст». (сураи Нун ояи 5-6). Паямбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Дохил намешавад ба биҳишт касе, ки суханчин ва фитнаангез аст». (Саҳеҳи Бухорӣ. Ҳадиси 4010).

Боз ҳадиси дигаре ҳаст, ки Расули Худо гуфтаанд: «Фитна ва дасиса ин мисли мори хуфта аст, ғазаби Худо  бар касе, ки ин мори  хуфтаро бедор мекунад». (Ҳадиси Имом Аҳмад ва Маъоз. Китоби «Сиёми ситам», саҳ 590-594, ҳадиси 3016). Ва дар луғати араб шахси суханчин ва фитнаангезро намом мегӯянд.

Қавли Аттор аст, ки:

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Вақте ки Худованди Раҳмон Паёмбари исломро фиристод ва ӯ башариятро, ки ба ботлоқи гумроҳӣ ва торикӣ ғӯта зада буданд, ба равшанӣ ва роҳи рост ҳидоят намуд, мушрикони Макка доимо аз паси айб ҷустани Расули Худо буданд. Дар «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлоно ҳикояте дар ин маврид ба таври зебо баён шудааст: «Вақте ки шаб бо пардаи сиёҳи худ ҷаҳонро мепӯшонидааст, кӯршабпарак қанотҳои худашро паҳн намуда дод мезадааст, ки фардо офтоб намебарояд, дар зери қаноти ман аст, аммо чун субҳи содиқ намоён мегардад, кӯршабпарак зери санг даромада пинҳон мешавад». Худованд дар тафсири сураи «Каҳф» мефармояд: «Эй инсон, ту фаношаванда ва дар рӯзи қиёмат назди Ман ҷавобдиҳанда мебошӣ. Баъд аз бандагие, ки Маро кардӣ чӣ саҳм гузоштӣ; боғ бунёд кардӣ, роҳ ё маҳалле обод кардӣ, ё мардумро насиҳати роҳи рост кардӣ?- ҷавоб мегӯӣ».

Имрӯзҳо сад дар сад мардуми ноҳияамон ба раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, ки таҳти роҳбарии ӯ ноҳияамон рӯ ба ободӣ дорад  миннатдорӣ низ мекунанд. Ба қавли шайх Саъдӣ:

Ошиқ донад забони маъшуқ, ту чӣ донӣ?

Гӯсолаи Сомирӣ чӣ донад, қадри аринию лантаронӣ.

КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ ҲУҚУҚҲОИ МО

Мирзо КАМОЛОВ – раиси хоҷагии деҳқонии Шариф Гадо.

-Имсол ба қабули Конститутсияи ҶТ 23 сол пур мешавад. Бо қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар як муддати начандон тӯлонӣ дар саросари кишвар дигаргуниҳои азими иқтисодӣ ба амал омада соҳаи кишоварзӣ рушд кард. Тавассути баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои соҳа, аз худ кардани заминҳои нав рушди устувори соҳа имконпазир шуд. Соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ ба як миллиону 400 ҳазор тонна, картошка ба 890 ҳазор тонна, сабзавот ба як миллиону 670 ҳазор тонна расонида шуда, инчунин дигар соҳаҳои кишоварзӣ пешрафт намуда, таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ ҳалли худро ёфтанд. Дар хоҷагии мо ҳам даҳҳо гектар боғи нав бунёд гашта дар дигар соҳаҳои кишоварзӣ пешравиҳо ба чашм мерасад.

ГУЛСАРА АШӮРОВА - сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Манотиқ».

Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳифз мекунад». Зеро оила пойдевор ва як рукни асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таҳти ҳимояи давлат будани онҳо чунин маъноро дорад, ки давлат ҷиҳати пойдории оила як қатор масоили иҷтимоӣ: аз қабили ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва пиронсолӣ, хизмати зарурии тиббӣ ва ғайраҳоро таъмин менамояд. Мо бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои хеш истифода намоем. Зеро ҳуқуқ дар қонуну истифодааш дар дасти ҳар яки мост.

Маҳмадалӣ ХОЛИҚОВ – табиб.
Аз қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол сипарӣ шуд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурии азизамон такони бузурге гузошт.
Дар моддаи 38-и Конститутсия омадааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббӣ ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд”. Дар давраи Истиқлолият беш аз 1000 муассисаҳои тандурустӣ бунёду азнавсозӣ шуда, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфт, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардид.
Кушодани клиникаҳои шахсӣ тақозои замон аст. То ки мардум бо хоҳиши худашон аз клиникаҳои давлатӣ ё шахсӣ истифода баранд. Айни вақт мо ба мардум аз рӯи 14 номгӯй хизматрасонии ташхисӣ мерасонем.

Озода Давлатова - коргузори дастгоҳи раиси ноҳия.
Ба андешаи ман нақши таърихии Конститутсия пеш аз ҳама дар он аст, ки аз солҳои аввали Истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид намудаанд, ки: «Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст». Конститутсия-бахтномаи миллат дар дилу дидаи мо ҷавонон мебошад ва бо риояи бандҳои он мо кишварамонро боз ҳам ободтару зеботар ва осудатар хоҳем гардонид.

Абдулҳақ АЗИЗОВ - нафақахӯр, Муаллими шоистаи Тоҷикистон.
Маҳз бо шарофати Конститутсия дар як муддати на чандон тӯлонӣ дар саросари кишвар дигаргуниҳои азими иқтисодӣ ба амал омада Тоҷикистони азизи мо ободу зебо гардида дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта мешавад.
Боиси шукру ифтихор аст, ки соҳаи маориф низ хело рушд ёфт. Чӣ тавре аз Паёму баромадҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳӣ ёфтем, танҳо дар доираи “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015” зиёда аз 600 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Фақат дар соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст. Мактаббачагони ноҳияи мо низ аз ин дигаргуниҳо баҳра бардоштанд. Сохтмонҳои мактабҳои бисёрошёна ва таъмини мактабҳо бо асбобу ашёҳои хониш гувоҳи онанд.


Омодасозон: Т. Соҳибназаров, М. Тағоева.

КОНСТИТУТСИЯ - ТАҶАССУМГАРИ ОРМОНҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсия қонуни асосии давлат ба ҳисоб рафта қувваи олии ҳуқуқӣ дошта муносибатҳои муайяни ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҷассумгари ормонҳои давлатдории миллӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ дониста, ба ҳар кас ҳифзи судӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳояшро кафолат додааст.

Нақши асосии Конститутсия дар ташаккул ва такомули рукнҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят бориз буда, таҷлили 23-юмин солгарди қабули он дар сатҳи баланд баргузор мегардад.
Таҳия гардидани Конститутсия аз тарафи Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлатамон дар шароите ҷараён гирифта буд, ки вазъияти муташанниҷ дар кишварамон ҳукмфармо буд.
Маҳз 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конститутсия ҳамчун санади воқеан таърихиву муқаддаси давлату миллати тоҷик ва пеш аз ҳама танзимкунандаи асосии муносибатҳои ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар таҳкими сохти нави давлатдории кишвар нақши басо муҳимро мебозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуда буданд: «Истиқлолият муқаддастарин ва азимтарин неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Бо шарофати ин рӯйдодҳои бузург мардуми мо соҳиби рамзҳои давлатӣ, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуданд, баъди ин, Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуд».
Дигаргуниву иловаҳои саривақтӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тағйир ёфтани мақоми конститутсионии парламенти Тоҷикистон гардид.
Парламенти касбӣ аз як тараф барои инкишофи андешаи парламентаризми миллии давлати соҳибистиқлоли мо ва аз тарафи дигар барои амалияи демократии давлату давлатдорӣ мусоидат намуд. Аҳамияти сиёсии такмилдиҳии Конститутсия, пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон ба қатори он мамлакатҳое дохил шуд, ки дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.
Бо назардошти ба миён омадани зарурати таърихӣ ва ба вуқӯъ пайвастани бархе аз тағйироти сиёсӣ дар ҷаҳони муосир, 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Конститутсия қабул гардид, ки пеш аз ҳама, манфиатҳои ҷавонони Тоҷикистонро ифода намуда, аз ҷумла фароҳам шудани ҳуқуқи ширкат дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳоро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат барои дастгирии ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд ва ҷалби бештари онҳо ба мақомоти давлатӣ роҳи бебозгаштро пеша кардааст. Бинобар ин асосҳои марҳилаи тозарушди мамлакатро ба инобат гирифта ба Конститутсияи Тоҷикистон боз ҳам бо роҳи раъйрпурсии ҳамагон тағйирот дароварда шуд, яъне Қонуни асосии кишвари тоҷикон боз ҳам мукаммалтар гардид ва ин боиси шарафмандии мост. Конститутсияи мамлакатамон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарин ва демократитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷой гирифтааст.
Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф менамояд ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медиҳад. Худи ҳамин нуқтаҳои ифтитоҳӣ бозгӯи мазмуну муҳтавои демокративу башардӯстонаи Қонуни асосии мамлакати тозаистиқлоли мо мебошанд.
Конститутсия боиси ифтихору шарафмандии мост. Бояд ҳамагон онро дақиқ омӯзем, аз мазмуну муҳтавояш огаҳии амиқ дошта бошему талаботи ин ҳуҷҷати муқаддаси миллатро риоя намоем ва онро ҳамчун яке аз муқаддасоти асосии Ватани маҳбубамон эҳтирому арҷгузорӣ бикунем, муътабар донем. Зеро мо имрӯз танҳо бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошта метавонем.


Қудратзода С. Қ, раиси суди ноҳия.

ШАҲКИТОБИ САОДАТИ ХАЛҚ

Мирзо ФАЙЗАЛӢ

Қонуни Асосии Ватан қудрати халқ аст,
Он раъйи умум аст, ки аз ваҳдати халқ аст,
Ганҷинаи афкори башар, сарвати халқ аст,
Даҳ боб дар он гашта рақам – қисмати халқ аст.

Ҳангоми қабулаш ҳама гаштем ҳамовоз,
З-он рӯз бишуд ваҳдати бесобиқа оғоз,
Имрӯз, нигар, халқ шуда ҳамдилу ҳамроз,
Аз партави он гашт ҳама кори Ватан соз,
Соҳибватаниро санаду ҳуҷҷати халқ аст.

Саршор бувад аз сухани адлу адолат,
Бар ҳаққу ҳуқуқи ҳамагон ҳаст кафолат,
Бинвишта чунин хубу амиқу ба асолат,
Дарёбӣ аз он посухи ҳар гуна саволат,
Ин шоҳкитоб аст, пур аз ҳикмати халқ аст.

Озодии виҷдону сухан сабт дар он шуд,
Бе дахл дигар мазҳабу дини ҳамагон шуд,
Ҳамсанг ба ҳам ҳаққи зану мард баён шуд,
Ҳар фард баробар ба дигар фарди замон шуд,
Таъкид дар он шаъну шараф, иззати халқ аст.

Фахрем аз ин ҳуҷҷати созанда, ки дорем,
Қонуни ҳаёт аст, ба он арҷ гузорем,
Ҳар ҳарфу ҳиҷояш ба дили хеш нигорем,
Шаъну шарафашро ба сари арш барорем,
К-он ҳурмати ман, ҳурмати ту, ҳурмати халқ аст.

Подкатегории