Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

УНВОНИ «БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҶАВОН» НАСИБИ КӢ?

Бахшида ба Соли ҷавонон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҷавон» эълон гардидааст. Озмуни мазкур дар се давр – даври аввал дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, даври дуюм дар сатҳи ноҳиявӣ ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ бояд доир гардад. Дар озмун, ки оилаҳои ҷавон ва навбунёд иштирок менамоянд, аз рӯи 9 шарти пешниҳодшуда бояд байни ҳамдигарӣ баҳсу андешаронӣ намоянд. Омода намудани навъи таъом барои нишасти нисфирӯзӣ, саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қироати шеър, сароидани суруд, иҷрои саҳнаи тарбиявӣ, суханони пандомезу насиҳатомез баҳри якдигарӣ, тавсифи китобҳои хондашуда нисбат ба оила ва оиладорӣ, пешниҳод намудани малакаҳои корҳои дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили шартҳое мебошанд, ки дар озмун ба оилаҳои ҷавон ва навбунёд пешниҳод карда мешаванд. Умуман иштирокчиёни озмун бояд дар бахшҳои рӯзгордорӣ, маънавӣ, фароғатӣ, ҳаҷвӣ, фарҳангию андарзӣ донишу малакаҳои худро санҷанд.

- Аллакай ин озмун дар тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Ба озмуни ноҳиявӣ, ки охири ҳамин моҳ бояд баргузор гардад, ғолибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешниҳод гардиданд. Унвонҳои «Беҳтарин оилаи ҷавон», «Оилаи соҳибмаърифат», «Оилаи соҳибхирад», «Оилаи намунавӣ» насиби киҳо шудаву кадом оилаи беҳтарин ба озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегардад, баъди ҷамъбасти озмуни ноҳиявӣ маълум хоҳад гашт, - иттилоъ дод ба мо сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Р.Дӯстмуродова.