Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

КОНСТИТУТСИЯ РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият ба қабули Конститутсияи нав, ки ифодакунандаи орзуву омоли  истиқлолияти комил бошад, пардохта буд. Зеро  Конститутсияи қабулшудаи соли 1978 ба талаботи ҷомеаи баъди шуравӣ, яъне ба талаботҳои истиқлолият ҷавобгӯ набуд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буд, ки раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок ва вазнин гузошт.

Подробнее...

КОНСТИТУТСИЯ – ШОҲКИТОБИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар ҳама давру замонҳо бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтор, ба низом овардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои одамон, тарғиби идеология ва пойдории давлату ҷамъият санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин санад дар таърих бо унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Тоҷикистон маҳз дар замони истиқлолияти сиёсию давлатӣ бо ибтикор, омӯзиш ва талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби шоҳкитоби давраи истиқлолиятамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 23 майи соли 2016  ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. Мо дар зер андешаҳои ду бонуи соҳибиқболи диёрро оиди паҳлуҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меорем.

Подробнее...

ТАҲСИН БА “ОФАРИН-5050”

Даҳсолаи охири даврони истиқлолият дар саросари кишвар аз ҷумла дар ноҳияи мо ҳам, коргоҳҳои истеҳсолӣ рӯйи кор омаданд. Маркази хизматӣ-маишии ҶДДМ “Хизмат” (КБО)-и пешинро бисёриҳо медонанд. Он дар ноҳия ягона коргоҳест, ки пас аз пош хӯрдани иттиҳоди шӯравӣ ва хусусӣ гардиданаш дар самти худ фаъолият дорад. Ба наздикӣ соҳибкор Мирзоалӣ Алиев, роҳбари коргоҳи мазкур, бо саҳмгузории Абдузоир Боронов дар назди “Хизмат” дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ сехи коркарди қоғази ташнобро ба роҳ монд. Сехи мазкур дар як шабонарӯз тавони коркарди 300 кг қоғазпораро дорад.

Подробнее...

ДАР КОРГАҲИ КӮЗАГАР

Ҳангоми аз назаргузаронии   бойгониам чашмам ба сурате афтод, ки онро беш аз чил пеш аксбардорӣ карда будам. Дар ин расм   Зарафохола миёни шогирдон  ҳангоми кор, ки ба кузаи сохтааш нақш мегузошт акс ёфта буд.  Бо дидани расм    ёди солҳои пешин чун навори кино аз назар мегузаштанд. Ва гӯё Зарафохола бо ҳамон чеҳраи зебо ва лафзи ширинаш хитобам мекард:- дидӣ писарам, нақши дастамро дар ҳунарам ба ёдгор гузоштаву   рафтам. Ин лаҳза рафтам думболи хаёлоти умри рафта…

Подробнее...

Ӯ ЗЕБИ САД ҲУНАР ДОРАД

 

Сайёра Раҳимова. Ин зани ситорагарми ҳалиму меҳрубонро бо маҳсули дастони пурҳунараш дар ноҳия аксарият мешиносанд. Дастони муъҷизаофари ӯ на танҳо зиннати маъракаҳои диёр, инчунин чорабиниҳои сатҳи ватанианд. Ба ёд меояд, ки чанд сол пеш ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои дастии занони минтақаи Рашт», ки дар ноҳияи Рашт баргузор гардида буд, бо дӯхтани акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки болои онро навиштаҷоти «Зиҳӣ модаре, ки ҳомии сулҳ офарид» зеб медод, сазовори ҷойи якум гардид. Аввал бисёриҳо гумон карданд, ки симои офаридаи Сайёра амали рассомист. Лек вақте бо чашми сар диданд, ки он акс бо ришта моҳирона дӯхта шудааст, таҳсин гуфтанд. Дар ҳақиқат акси инсонро офаридан бо ришта беҳад нозуку душвор буд. Як кӯки ноҷо симои аслиро тағйир медиҳад. Он расм аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сардори давлат ҳадя карда шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Баъдтар акси Президент бо харитаи Тоҷикистону кабутар, ки маънои суханони ӯ «Ман ба шумо сулҳ меоварам»-ро дошт, аз номи мардуми Файзобод ба Сардори давлат ҳадя карда шуд.

Подробнее...

Подкатегории