ИФТИХОР
САВОРИ САФИНАИ ИЛМ
- Подробности
- Опубликовано 14.07.2017 16:25
- Автор: Super User
Ҳамоно беҳтарин чизе, ки мардумон дар ин ҷаҳон доранд, дониш аст.
Ба доно хорӣ набошад, яъне ҳаргиз хору зор намегарданд.
Аз «Ҷовидон хирад»-и Ибни Мискавейҳ.
Ин ҷо сухан дар бораи як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Зулолаи Раҳматзода меравад, ки бо дониши аъло ва рафтору ахлоқи намунавии худ дар байни дигар хонандагони муассиса соҳибэҳтиром гаштааст. Зулола аз рӯзҳои аввали ба даргоҳи муассиса қадам гузоштанаш бо ақли расою зеҳни буррои худ аз дигарон фарқ мекард. Ҷаҳду талош барои фаҳмидану донистан, аз дигар хусусиятҳои муҳими ҳаррӯзаи ӯст.
Инак, ҳамин ҷаҳду талош ва кӯшишу ғайрати ӯ буд, ки бо ҳидояти омӯзгорон ба қатори беҳтарин хонандагони муассиса дохил гардид.
Ӯ дар соли таҳсили 2016-2017 дар озмуни байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ иштирок намуда, сазовори ҷайи аввал ва медали тилло шуд. Ҳамчунин дар озмуни даставии байни хонандагони синфи 7-и муассиса иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва ифтихорномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 гардид. Вале муваффақияти аз ҳама бештари ӯ ғолибият дар озмуни умуминоҳиявӣ миёни мактаббачагон барои сазовор гардидан бо идрорпулии президентӣ буд, ки бо қарори якдилонаи ҳайати ҳакамони ин озмун Зулола Раҳматзода сазовор гардид.
Зулола бар зами омӯзиши пайваставу доимии худ, ташкилотчиву иштирокчии бевоситаи ҳамаи чорабиниҳои мактабӣ мебошад. Ҷонишини раиси созмони талабагии мактаб буда, ташкилкунандаи чорабиниҳои зиёди мактабӣ дар ин самт аст.
Ба наздикӣ дар озмуни «Ҳозирҷавобони наврас» иштирок намуда, соҳиби баҳои баланд шуданд ва интизори даври дуюми онанд, ки дар Душанбе мегузарад.
Зулола Раҳматзода дар омӯзиши ҳамаи фанҳои мактабӣ муваффақ аст, аммо завқи ӯ ба омӯзиши забони англисӣ, русӣ ва забони модарӣ бештар аст. Аз ин хотир аъзо ва иштирокчии доимии маҳфили «омӯзиши компютерӣ»-и Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия мебошад. Падару модар ва хусусан омӯзгорони муассиса аз ояндаи Зулола умедҳои калон доранд ва шиори ҳамешагии ӯ суханони пурҳикмати Носири Хисрав аст:
Зебо ба илм шав, ки на зебо аст,
Он кас, ки ӯ ба дебо зебо шуд.
Ҳукматуллои Бузург,
рӯзноманигор.