ИФТИХОР
ҶИЛВАИ «ШАМС»
- Подробности
- Опубликовано 16.09.2015 15:45
- Автор: Super User
Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» бахшида ба соли 2015 эълон гардидани «Соли оила» баргузор шуд. Мақсади баргузории фестивали мазкур рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат ва ба ин васила баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебописандии ҷавонону наврасон мебошад.
Барномаи фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи дӯстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин фестивал ноҳияи моро ансамбли оилавии «Шамс» таҳти роҳбарии сардори раёсати кишоварзии ноҳия Сайдалӣ Шамсов намояндагӣ карда, ҳунари хешро назди аъзои ҳакамон, ки аз ҳисоби мутахассисони Вазорати фарҳанги кишвар иборат буд, пешкаш намуданд.
Фестивали мазкур аз 10 қисмат иборат буд, ки дар иҷрои ҳар яки он ҳунари волои аъзоёни ансамбли мазкур баръало ҳис гардид. Суруди «Тоҷикистон», дар иҷрои Ҳусноро Шамсова, рақси «Дуторӣ» дар иҷрои Шукрона Шамсова, навозиш бо рубоби бадахшӣ дар иҷрои Наврӯз Шамсов, лапари «Табақтарош» дар иҷрои Кароматуллои Қурбон, Суруди анъанавии «Шаҳбаророн», рақси умумии «Найбазм» аз қабили дилписандидатарин баромадҳо буд.
Ҳамин буд, ки дар анҷоми ҳунарнамоии ансамбли «Шамс» директори фестивали мазкур дастагули омоданамудаи «Шамс»-ро дар сатҳи баланд арзёбӣ карда барои дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат намудани онҳо барор хост.
Шуҳрати «Шамс» яку якбора рӯ назадааст. Ин дастаи ҳунарӣ, ки дар ибтидо ба ин ном мушарраф нагардида буд, аз ду-се нафар – имрӯза пири хирад бобои Гургак ва ҳамсару бародараш Холназар иборат буд. Айни ҳол ансамбли «Шамс» аз 15 нафар мутрибон, сарояндаю раққосон иборат мебошад.
Боиси зикр аст, ки ҳунарнамоии дастаи оилавии «Шамс» чанд карат тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд.
Шавқу ҳаваси иштирокчиёни «Шамс» касро дилпур мекунад, ки ҳунари ин ансамбли оилавӣ сол аз сол такмил меёбад ва он дар олами санъати кишвар мақоми болотару волотарро касб хоҳад кард.
«НФ».