Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

САХОВАТИ АНВАР ҚОДИРОВ АВВАЛИН НЕСТ

САХОВАТИ  АНВАР ҚОДИРОВ АВВАЛИН НЕСТБаъди хизмати аскарӣ Анвар Қодиров қариб 7 сол дар идораи рӯзномаи ноҳиявӣ ронанда шуда кор кард. Дарси меҳнатдӯстию ростгӯйӣ, бурдборию сабурӣ ва некию накӯкориро аз ин даргоҳи барояш муқаддас омӯхт. Соли 1977 бо тавсияи рӯзнома барои  кор ба шуъбаи корҳои дохилӣ гузашт ва то ба нафақа баромадан дар ин ҷо бо сари баланду бенуқсон фаъолият дошт. Баъди ба нафақа баромадан Анвар Қодиров якҷоя бо писаронаш нуқтаеро барои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ аз Маркази савдои ноҳия гирифта солҳо боз ба мардум хизмати поквиҷдонона менамояд. Воқеан, ӯ миёни дигар соҳибкорон  бо дасти кушоду хайру сахои хеш фарқ карда меистад.

Чанд сол пеш дар тантанаи ҷамъбасти озмуни "Беҳтарин саховатманди диёр", ки бо ташаббуси нашрияи «Набзи Файзобод» баргузор гардида буд, миёни саховатмандон барои беҳтарин шогирди англисидони мактабҳои ноҳия   700 сомонӣ мукофот таъсис намуд. Инчунин борҳо ба оилаҳои ниёзманд дасти сахои ӯ расидааст. Кӯмак кардан ба ятимону бепарасторонро Анвар яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ меҳисобад. Ӯ дар вохӯрии сокинони ҷамоати шаҳраки Файзобод бо иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳия Раҷабзода М. бо сари баланд гуфт, ки ба ятими кул Насриддинова Нигора, ки дар яке аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ бо баҳои аъло таҳсил карда истодааст, ҳар моҳ 200-сомонӣ кӯмак мекунад.
Худованд саховатмандонро дӯст медорад ва файзу баракати корашонро арзонӣ медорад. Боварӣ дорем, ки ин иқдоми накӯкоронаи Анвар Қодировро нисбати ятимони кул дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ саховатмандону соҳибкорон дастгирӣ хоҳанд кард.

Т. МУНАВВАРА