Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

УСТО СОЛЕҲБЕК

Агар боре ҳам зебоиҳои  деҳаи Файзоваро дида бошӣ, ҳеҷ гоҳ  манзараҳои дилфиребу  чашмаҳои мусаффои онро фаромӯш намекунӣ.   

Баробари ворид шудан ба ин деҳа  аз бӯйи гулу вазиши шамоли Кӯҳи Мазор худро дар биҳишти афсонавӣ тасаввур мекунӣ. Ин деҳа шахсеро   муаррифӣ месозад, ки умри бобаракати худро сарфи хизмати мардум кардааст. Гарчанде синни мубораки усто Солеҳбек Зоиров ба 83 расида бошад ҳам, худро бе кор лаҳзае тасаввур карда наметавонад. Агар лаҳзае дар даст теша ба тарошидани табақ машғул бошад, дар лаҳзаи дигар ҳамчун табиб ба беморон маслиҳат медиҳад. Дар деҳаҳои Тудаи Наск, Қалошӣ ва чанди дигар осёб ва ҷувози обӣ сохтааст, ки чандин сол ба мардум хизмат мекунад.

 Усто Солеҳбек дар баробари пешаи худ ба шеъргӯӣ низ майл дорад. Ҳангоми кор бадоҳатан чунин шергӯӣ мекунад:

Сиву панҷ сол ҷанг дар Афғонистон,

Осон набуд ин сулҳ дар Тоҷикистон.

Раҳмат ба Эмомалӣ Раҳмон,

Биёед, ҷамъ шавем сари дастархон,

Обод намоем, Тоҷикистон.

Ин мисраҳоро гуфтаву  шукри  Президенти мамлакат ва сулҳу суботро мекунад.

Усто нисбати  Сарвари давлат ҳамеша суханҳои нек гуфта, вохӯриҳояшро бо ин шахс қиматтарин лаҳзаҳои умраш меҳисобаду дар ҳаққи Сарвари давлат дуои нек мекунад.

Усто Солеҳбек Зоиров ба устодони худ, усто Холи ғалмовӣ, усто Гадои қошқаригӣ усто Носиҳи майдонӣ, усто Давлати устошамсӣ ва усто Раҳими файзободӣ изҳори миннатдорӣ менамояд, ки нозукиҳои ин касбро ба ӯ ёд додаанд.

Ӯ дар тарошидани табақ, шона, қошуқ, кафлез, дутор ва тор ҳамто надорад. Дар рафти суҳбат ба мо гуфт, ки “Табақҳои тарошидаи ман табақҳои оддӣ нестанд. –

-Ин табақҳоро табақҳои “Амирӣ” меноманд. Солҳои пеш аз инқилоби октябр, бо супориши Мири Ҳисор қиблагоҳам ҳамин гуна табақ тарошида ба мири Ҳисор  мефиристад ва аз тарафи Амир хуш пазируфта мешавад.

Шодравон Кароматулло Қурбон, Одинаи Ҳошим то нафаси охирин бо дутори тарошидаи ман суруд сароидаанд.- бо ифтихор мегӯяд усто.

Пайравони кори падар дар ин хонадон ҳамаи ҷигаргӯшаҳои ӯ мебошанд. Писари калонӣ Мирзоумар нисбати Саъдуллову Ҳотам ба ин касб шуғли зиёдтар дорад.

Усто Солеҳбек соли 1980 дар олимпиадаи умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Москва бо намоиши маҳсули меҳнати худ иштирок намуда ҳунари худро ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ карда соҳиби ҷоизаю дипломҳо гардид. Усто Солеҳбек мефахрад, ки  чунин пешаро касб кардааст.

Ҳоҷӣ Шамсуллои СОЛЕҲ,
деҳаи Меҳробод.