ИФТИХОР
Ӯ ЗИНДА АСТ...
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2016 16:31
- Автор: Super User
Ё худ нақл дар бораи иштирокчии ҶБВ Авғон Эрдонаев, ки баҳри имрӯзи фирӯзи ҳаёти мо аз захми тири душмани ғаддор дур аз ёру диёр дар госпитали шаҳри Кандалахши вилояти Мурманск ҳангоми ҷарроҳӣ ҳалок гаштааст. 69 сол мешавад, ки бародари бемори ӯ - Абдулло Эрдонаев мактуби додарашро бо ашки рехта мехонад.
Холбек Нарзиқулов аз райони Ховости РСС Ӯзбекистон баъди 37 сол бо хешони ҳамяроқаш Авғон Эрдонаев дидор дид. Рӯзе марди болобаланде вориди кабинет гашта худро шинос намуд. Дар даст як бастае дошт. Онро кушода чанд сурату як мактуби зардшудаву куҳнашударо пеши ман гузошт. Номаро гирифта ба он чашм давондам. “Бародари ба ҷону дил баробарам Бегмаҳмадҷон ва Абдуллоҷон! Баъди чанд моҳҳову ҳафтаҳо ба шумо ин мактубро менависам. Шумоён роҳи маро интизор будагистед. Албатта, шумо маро ёд ҳам кардаед. Чанде мешавад, ки ман ба ин бало гирифторам. Пештар бехуду беёд будам. Шукр, ки каме шай шудаам. Ҳоло дар ин ҷо баҳор ҳукумронӣ мекунад. Аз тирезаи госпитал мебинам, ки ҳамаҷо каб-кабуд, дарахтон гул кардаанд, гулҳо шукуфтаанд. Рости гап ин манзараҳоро дида деҳаи худро ба ёд овардам. Дар колхозамон кор дар авҷ будагист? Аз шумоён, бародарони азизам Бегмаҳмадҷон ва Абдуллоҷон хоҳишу илтимос мекардам, ки асло аз кори колхоз қафо намонед. Хайр, агар насиб бошад, дидор мебинем. Бо салом Авғон Эрдонаев 20.07.1947”. Аз дидаҳои мард ашк ҷорӣ шуд. Гиряаш талх буд. Аз ҳолаташ пай бурдам, ки дар дил дарди вазнине дорад. Бинобар то андаке бошад ҳам, ӯро ба ҳолаш гузоштам, алами дилаш кам шавад. Мард баъди чанде ба худ омада “мебахшед, додар, чӣ кор кунам? Дигар илоҷ нест” – гӯён сабаби гиряи худро мефаҳмонад.
Соли 1942 бародарон Авғон ва Бегмаҳмад Эрдонаевҳо аз совети қишлоқи Гумбулоқ ихтиёрӣ ба ҷанг мераванд. Баъди ба охир расидани ҷанг Бегмаҳмад ба деҳаи худ бармегардад. Авғон, ки дар яке аз муҳорибаҳои шаҳри Прага сахт ярадор мешавад, баъди андак табобат боз ба қисми худ бармегардад. Дар озодкунии шаҳри Берлин иштирок мекунад. Вале захмҳояш боз аз нав хуруҷ мекунанд. Ин дафъа ӯро барои табобат ба госпитали шаҳри Кандалахши вилояти Мурманск мефиристанд. Дар госпитал ду сол хоб мекунад, аммо духтурон илоҷи гирифтани оҳанпораҳои тани ӯро намеёбанд. Ӯро ҷарроҳӣ мекунанд. Авғон ҳангоми ҷарроҳӣ вафот мекунад.
Авғон рӯзҳои аввали ба ҷанг даромаданаш бо ҳамяроқи худ Холбек Нарзиқулови ӯзбек аҳди бародарӣ баста буданд. Вақте ҷанг ба охир мерасад, Холбек ба диёри худ, райони Ховости РСС Ӯзбекистон бармегардад. Вай бародари ҳамхунаш Авғон Эрдонаевро фаромӯш намекунад. Борҳо мактуб менависад, аммо аз Совети қишлоқи Гумбулоқ ҷавобе намегирад. Ҳамин тариқ ӯ 37 сол ҳамяроқи худ Авғон Эрдонаевро ҷустуҷӯ мекунад. Ниҳоят соли 1983 ба Файзобод омада аз асли воқеа огоҳ мегардад.
Бародарони Авғон – Абдулло ва Бегмаҳмадро меёбад. Холбек Нарзиқулов нақл мекунад, ки ҳангоми муҳорибаҳои шадид Авғон Эрдонаев чор бор ярадор шуд, вале ҳар дафъа баъди андак табобат ба назди ҳамяроқонаш бармегашт.
Дар яке аз муҳорибаҳои шаҳри Грозний Авғон ҷароҳати сахт гирифт. Ӯро ба госпитал фиристонданд. Бо ҳамин мо аз дидори якдигар бенасиб гаштем. Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки ӯ вафот карда бошад. Сад афсӯс, насиби дидор набудааст.
Бародари ҷанговар Абдулло Эрдонаев бо сӯзу гудоз аз хусуси номаҳои фронтии ӯ нақл карда симои Авғонро пеши назар меорад ва ашк мерезад. Номи неки Авғон, корнамоиҳои бемисли ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Бародари 92-солаи ӯ Абдулло Эрдонаев дар бистари беморӣ мебошад. Ин мактуби 69-соларо дар таги сар гузошта ҳафтае як бор мехонад ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешавад. Ва аз мо хоҳиш намуд, ки ҳамин гуфтаҳоро дар рӯзномаи дӯстдоштааш – “Набзи Файзобод” чоп намоем.
Зариф СОБИРОВ, омӯзгори собиқадор.