ИФТИХОР
МӮСО ШАРИФОВ ОМӮЗГОР БУД
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2016 16:48
- Автор: Super User
Аз аҳли маориф Мӯсо Шарифовро онҳое хуб медонанд, ки солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ба омӯзгорӣ шурӯъ карданд. Мӯсо Шарифов пеш аз ҷанг ҳам омӯзгор буд. Ӯ бо ин касби пуршараф соли 1934, аз шонздаҳсолагӣ машғул шуд. Мисли тамоми ҷавонмардони шердили тоҷик соли 1941 ба ҳимояи Ватан, ба ҷанги зидди адӯ рафт. Ӯ дар яке аз муҳорибаҳо захмин шуда, ба ақибгоҳ баргашт.
Солҳои (1943 – 1946) дар вазифаи котиби комитети комсомолии ноҳияи Файзобод кор кард. Он солҳо қувваи асосии пешбаранда ба ҳимояи Ватан сафарбар шуда буд. Дар саҳрою фермаҳо мардони пиронсол ва занон машғули кор буданд. Мӯсо Шарифов ҳамарӯза аз аҳволи коргарон хабар мегирифт. Ҳамчунон барои сафарбар шудани ҷавонписарон ба ҷанги зидди фашистон корҳои ташвиқотӣ мебурд.
Замоне, ки рӯ ба тинҷию осудагӣ зад, Мӯсо Шарифов ба Институти педагогии шаҳри Душанде ба номи Т.Г. Шевнико, ҳозира ба номи Садриддини Айнӣ, дохил шуд ва ин донишкадаро соли 1962 хатм намуд. Аз соли 1965 то соли 1980 дар мактабҳои деҳаҳои Ҳаймаҳмадӣ, Тақназарӣ, Кӯрдавлатӣ, Ҷойникӯдӣ, Гумбулоқ вазифаи директории мактабро иҷро намуд. Аз рӯи кори софдилона ва хизматҳои арзандааш бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (соли 1966) ва Грамотаи фахрии Комитети марказии Партияи коммунистии Тоҷикистон (соли 1969) мукофотонида шуд. Мӯсо Шарифов ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», 2 медал барои меҳнати шоён, 3 медал барои меҳнати шуҷоатнок, ҳамчунин чандин медали юбилеӣ дошт. Ба унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон мушарраф гардида буд.
Мӯсо Шарифов зодаи деҳаи Тақназарӣ (Сомониёни имрӯза) буд. Аз вафоти ӯ чандин сол гузашта бошад ҳам, хотирааш дар дили мо, дӯстону ҳамкоронаш, ҷой дорад. Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки ҷавонони деҳа ба исми ӯ хуб шинос нестанд. Шиносо кардани кору фаъолият ва номи ӯ вазифаи омӯзгорони мактаб аст.
Зариф СОБИР,
собиқадори соҳаи маориф.