ИФТИХОР
БА ФАЙЗОБОД ... ГУЛЧИНӢ
- Подробности
- Опубликовано 02.08.2016 16:36
- Автор: Super User
(Қайдҳо аз баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони диёр дар Муассисаи давлатии боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе)
24 июл дар доираи омодагиҳои истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои сокинони ноҳияамон дар Муассисаи давлатии боғи «Ирам»-и пойтахт баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ муаррифии фарҳанг, суннату анъанаҳои миллии тоҷикии мардуми диёр, таъмини истироҳат ва фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистони азизамон буд. Воқеан, баргузории чунин чорабиниҳо гувоҳ аз он аст, ки тӯли 25 соли Истиқлолият тавассути дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кӯшиши сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми заҳматписанди диёрамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои назаррас ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омадаанд. Даҳҳо муассисаҳои таълимию тандурустӣ, иншооти хизматрасон сохта ба истифода дода шуданд. Дастовардҳо дар соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ, маориф ва фарҳангу иҷтимоиёт низ дилпуркунандаанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кардаанд, ки «Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром, рамзи саодат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдорию бақои он мебошад».
Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ аз нуҳ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияамон намудҳои гуногуни маҳсули ҳунари мардуми диёр: заргарӣ, оҳангарӣ, гулдӯзӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ, табақтарошӣ, чеварӣ, қаннодӣ, анвои нону хӯрок, нӯшокиҳо ва ғайраҳо ба сокинону меҳмонони Душанбешаҳр намоиш дода шуд. Табақҳои тарошидаи усто Солеҳбек, маҳсули ҳунарҳои чӯбтарошии усто Бобишо, кулолгарии Сочигул-хола Асоеваю Сайёра Раҳимова, номгӯи маҳсули дастони Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия, боғча-яслии рақами 5, намоиши маҳсулотҳои ҶСК «Мурғи ҳилол», «Оби Файзобод», суруду таронаҳои шуху марғуладори Нигинаи элокӣ, Зирагули бӯстонӣ, Ҳуринисои қалъаидаштӣ, ки дар сар то сари боғ танинандоз буд, қалби ҳар як бинандаро ба ваҷд меовард. Ба дастагули консертие, ки онро ҳунармандони диёр омода карда буданду дар он Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Ш.Орумбекзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Қосимзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Назарзода ва дигарон иштирок доштанд, баҳои баланд дода шуд. Дар ҳақиқат ҳангоме, ки ҳунармандони соҳибзавқи диёр Ҳабибуллои Мирзошариф ва Шоира Иброҳимова шеъри устод Усмон Шарифзодаро бо садои ширин месароиданд, аҳли нишаст зери кафкӯбиҳои бардавом баробари онҳо замзама мекарданд:
…Хаёлам мебарад манро ба Файзобод гулчинӣ,
Ба ҳуснободи рангине ба сӯишаҳду ширинӣ…
Баъди анҷоми чорабинии фарҳангию маърифатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ мо бо чанд нафар аз сокинони пойтахт вохӯрӣ намуда, таассуроти гирифтаашонро баъди тамошои намоиш фаҳмиданӣ шудем.
Шаҳло САЙФИДДИНОВА – корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. Хуб аст, ки бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ба истиқболи 25-солагии ҷашни истиқлолият аз моҳи апрел сар карда ҳар якшанбе чунин чорабиниҳои хотирмон – барномаи фарҳангию маърифатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълими кишвар баргузор мегардад. Мо мардуми Душанбешаҳр ба ин боғи афсонавӣ омада истироҳати хуб менамоем, бо маҳсули ҳунарҳои мардум шинос мешавем. Имрӯз маро ҳунари табақтарошию чӯбтарошии устоҳои ҳунарманди файзободӣ – бобои Солеҳбеку Бобишо писанд омад. Дастони ҳунармандашон дардро набинад. Ин ҳадяи онҳоро (табақчаи хурдакаку қошуқи чубини дасташро ба мо нишон медиҳад) чун нишони меҳр нигоҳ хоҳам дошт.
Сайҳомид ХОЛОВ – соҳибкор, сокини шаҳр. Баҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки «мардуми Файзобод на фақат ҳамчун боғдорону кишоварзони меҳнатқарин машҳуранд, балки мардуми фарҳангу санъатдӯст ва шеъру адабпарвар низ ҳастанд» воқеию арзандааст. Аз субҳи содиқ гумон мекунам, ки овози ширину нотакрори шодравонҳо Нигина Рауфоваю Дӯстмурод Алиев, ки ба воситаҳои баландгӯякҳо садо медод, зинда шудаанду боғи «Ирам»-ро ба тӯйхонае табдил додаанд. Равонашон шод бод!
М.ТАҒОЕВА,
хабарнигори «Набзи Файзобод».