Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

ОСОИШ – МЕВАИ СОЗИШ

Модару Ватан ба ҷумлаи муқаддасоти олами маънӣ шомиланд. Аз ин ду муқаддастаринаш Модар аст! Ва ба бузургии  Модар Ватанро тавъам медоданд, ки ибораи гӯшнавози “Модар-Ватан” ҳам аз ин маънӣ накҳат бардоштаю тароват пошидааст. Беҳуда наофаридаанд, ки “Ватан ҷону ҷонон аст”. Ин ифода аз бузургии Модар рӯ зада. Агар Ватан чун Модар азиз набошад, чаро онро ба нақди ҷон баробар медонем?!

Модар ҳастии мо, вуҷуди мост, Ватан низ. Он қадар, ки бо Модар пайванд ҳастем, бо Ватан ҳам ин гуна пайвандем. Ва мегӯем: “Ману туем ҳамбадан, Ватан, Ватан, Ватан, Ватан”, (мисраи устод Бозор Собир). Занҷири меҳри Ватану Модарро ҳеҷ тавоноие канда наметавонад. Дар даврони истиқлолият вожаи “Ваҳдат” ҳамрадифи Модару Ватан шуд. Ваҳдат (Ваҳдати миллии тоҷикон) пирӯзии хираду ақли солими намояндагони шуурноктарини миллати мост. Агар ин хирад дар ақлҳову дилҳо ба мустаҳкамӣ ҷо намегирифт, агар он чун офтоб рӯ наметофт, мо ба созиши умумӣ намесабзидем. Воқеан, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар миёни ибтидою интиҳои гуфтушунидҳо пайзанироҳи осон надошт. Ба қавле гӯшае намонд, ки дар он атрофи оромкунии муноқишаҳо ва мавзӯи сулҳи умумии мо гуфтушунид барпо нашуда бошад.

Майдони гуфтушунид аз кишвари худамон оғоз шуда то ба Афғонистону Туркманистону пойтахти Россия паҳн шуд. То 27 июни соли 1997,  рӯзи имзои Созишнома дар давоми ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома дошт, бо намояндагони мухолифин 21 вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ (ҷамъулҷамъ 40 дафъа) доир карда шуд. Ин тавр ки ҳаст, яъне агар сулҳи деринтизори мо ба осонӣ муяссар нагардида бошад, чаро онро гиромӣ надорему қадр накунем?! Оғоз аз соли 1998 дар ин ё он шаҳру навоҳии кишвар мутантан таҷлил кардани Ваҳдат ба ҳамин хотир аст, ба хотире, ки ин ваҳдат мустаҳкам гардаду пойдор монад, наслҳои оянда донанд, ки мо чӣ рӯз доштему ба кадом рӯзгор расидем.

Дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон вожаи “Ваҳдат” арзиши олӣ касб кард, зеро ин Ваҳдат, чи тавре гуфтем, бо мушкилӣ ба мардуми тоҷик, ба давлати Тоҷикистон муяссар гардид. Соли 1997, вақте дар пойтахти Федератсияи Русия – шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиатнома баромад карда, қайд намуд: “Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6-солаи охир барои нигоҳ доштани давлати тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик аввал пешпо хӯрд, вале имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар миёни халқи мо роҳ гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳрнокеро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон карданд, саркӯб созад”.

Мо аз аллаи Модар шаҳди ҳузуру ҳаловат чашидаем, бо ин наво аз ҳавои Ватан нафаси фароғат кашидаем. Ваҳдати миллӣ ба ҳавои нафаси мо оромию роҳати тоза бахшид. Ба туфайли Ваҳдат осоиши Ватан таъмин гардид, халқи тоҷик ба марҳилаи бунёдкорию созандагӣ ворид шуд.

Модар моро чи ҳидояте кунад, бо дилу ҷон паи он меравем. Ватан чи дархосте пеш гузорад, мақбул медорем. Амри Ватан амри Модари мост. Бо Ваҳдати имрӯзаи халқи худ менозему сари ифтихор боло менамоем. Поянда бошад Ваҳдати тоҷикон!

Соли чилуяки асри гузашта, ҳине ки Гитлер ба ғасби Ватани мо қасд кард, каму ғам не, қариб 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба ҳифзи Ватани онвақта, ки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ном дошт, бархест. Дар бадали чор соли басо дароз ба ғарази Гитлер муқобилат карда, мардона ҷангидем. Ва бар фашизми Германия ғолиб омадем. Маҳз Ваҳдати халқҳо Иттиҳоди Шӯравиро ба ғалаба расонд. Соҳиб шудан ба 54 нишони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шаҳодати қаҳрамонии фиристодаҳои Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 панҷоҳ нафар ҳамватанон сазовори ордени “Шараф” гардиданд. 58 ҳазор ҷавонмардони шӯҷои тоҷик ордену медалҳои корнамоии ҷангиро шарафёб шуданд.

Аз қурбониҳои ин ҷанги хонумонсӯз намехоҳам забон кӯшоем. Вале магар алами дил мемонад, нагӯем, ки дар ин даҳшат ҷони беш аз 92 ҳазор ҳамватанони мо нисор шуд? Даҳҳо ҳазор нафар маъюбу маслуқ ба Ватан баргаштанд. Ин ҷанг, ки хеле пареш хӯрд, дар 40 давлати дунё дуду дудғала барангехт ва ҷамъулҷамъ, 55 миллион одамро ба коми даҳшати худ кашид. Ҳарчанд дарднок аст, вале бо як ҷумла ифода мекунем, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ҷони беш аз сад ҳазор ҷавонмардро аз даст додем. Войи мо! Ҳазорон нафар бешавҳару бепадар шуданд. Номи ҷанг гум! Вожаи Ваҳдат ҷовидон!!

Мо (мо гуфта онҳоеро дар назар дорем, ки воқеан шуури баланд, тафаккури ояндабин, фаросати олӣ, худшинос бошанд) бояд бо ҳавои Ваҳдат, бо суруди Ваҳдат, бо навои Ваҳдату саломи Ваҳдат зиндагӣ кунем. Баробари тараннуми Ваҳдат ин вожаро дар қалбҳо маъво бидиҳем. Фақат як кас, даҳ кас, саду садҳазор кас не, ҳама Ваҳдатсаро бошем, ваҳдатро он қадар дӯст дорем, ки Садри азами кишвар, Пешвои миллат дӯст медорад. Эҳтироми мо ба Ваҳдат эҳтиром ба Ватан аст.

Ҳама Ваҳдатсарои ин Ватан бошем.

Анису бовафои ин Ватан бошем,

Ҳамеша ҷонфидои ин Ватан бошем.

Ба ҷон андар ризои ин Ватан бошем.

Агар чунин бошем, агар чунин буда тавонем, Ватан моро чу модар дӯст медорад. – Ба  ҷону дил баробар дӯст медорад.

Боз андаке ба ёд орем, ки соли 1979 тоҷикписарон бо даъвати Ватан ба Афғонистон рафтанд. Магар касе аз мо мехост, ки ба рағми ҳамсояи худ, ҳамзабони худ, хешу ақрабои худ биравем?! Охир мо аз як обу хокем, ки чанд шохоб шудаем. Мо навдаҳои  як дарахтем, ҳамзабонем, ҳамхунем. Бисёриҳо сафарбаршавии аскарони  Шӯравиро ба ҷанги Афғонистон хатои  роҳбарони ҳамонвақта медонанд. Ва шояд ҳамин тавр ҳаст! Дарозии дасти башардӯстонаи СССР-и онвақта ба Афғонистон мисли дастандозии ҳолиёи  Амрико ба ин мулк ва дигар мамолики Шарқӣ аст. Вале магар он вақт аз рафтан сар тофтан мумкин буд? Қурбонии тоҷикистониён дар ҷанги Афғонистон ҳам кам нест. Фақат аз ҳаминаш мегӯем, ки ин ҷанг ба оилаи сокини деҳаи Бобоивалӣ Садриддин Ғиёсов чӣ мусибате овард. Бародари ӯ Иззатулло Ғиёсов, ки аввал дар қисми ҳарбии 61452, баътар дар қисми ҳарбии 53380-и дивизияи 102 ба сифати муҳандиси сохтмон кор мекард, ба ҷанги Афғонистон сафарбар шуд. Ва ҳангоми амалиёти ҷангӣ аз гази сахтаъсири кимиёвӣ заҳролуд шуд, аз забон гӯё монд оқибат дар 41-солагӣ аз олам гузашт. Ҳазорон орзу дошт. Ва ҳазоронашро ба хок бурд.

Магар бародари бузурги ӯ Садриддин Ғиёсов, ҳамсари меҳрубонаш Нигина Собирова, ҷигарбандонаш Парвинаю Рухшона, Баҳодуру Раҳима орзуе доштанд, ки аз пайванди ҷонашон ҷудо шаванд?! Ҳаргиз! Вале ҷанг ҳамин гуна нишонаҳо дорад.

Обу хоки мо аз Модар-Ватан аст. Бе ҳавои Ватан нафас дар гулӯ дар мемонад. Устоди калом Бозор Собир дар сари чунин андеша офаридааст: “Аз Ватан дур гарчӣ бисёр аст зиндаю мурдаи ба ному нишон. Лек осон набуду осон нест, аз Ватан дур мурдани мардон”.

Ниҳоли баҳамшинондаи Ваҳдати мо 19-сола шуд. Яъне ба балоғат расид. Ба имзо расидани санади муҳиму барои халқи тоҷик тақдирсоз-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нуздаҳ сол пур шуд. Солҳои ин миён солҳои эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, солҳои худсозию худшиносиву худогоҳӣ, солҳои сулҳу субот ва оромӣ ва, ба ифодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “муҳимтар аз ҳама қадами устувор дар роҳи эъмори озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд”.

Дарахт дар сесолагӣ самар медиҳад. Ваҳдати миллӣ дар умри нуздаҳсолаи хеш фаровон бору самар дод. Ҳар фарди худогоҳи кишвар бо чашмони сар мебинад ин фаровониҳоро. Таваҷҷуҳи андешаи ҳамдиёрони худро ба бунёди иншооти азими энергетикию нақбу роҳҳо ҷалб кардан мехоҳем, ки шумораю ҳадду ҳудудашон сари ифтихори миллии мо буда, онро болотару болотар мебардорад.

Аз қадамҳои устувори кишвари мо на фақат мо ифтихору шодмонӣ мекунем. Ин дигаргуниҳо таваҷҷуҳи хориҷиён, дӯстони беғарази моро низ ба худ кашидаанд.

Соли бистум меравад, ки оромӣ, сулҳу субот моро оромишу осоиш ва ҳузуру ҳаловат медиҳад. Шукр, сад шукр аз Ваҳдат.

Мехоҳам, ки иншои хурди худро бо ин ҳарфҳои пешвои ваҳдатсароёни кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳусни анҷом бахшам, ки ба ифтихори ҳамон ҳуҷҷати таърихии рӯзи 27 июни соли 1997 дар Москва баён дошта буд: “Бори дигар таъкид менамоям, ки маҳз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки кишварамонро аз буҳрони шадид бароварда, рушди онро таъмин намуд ва барои зиндагии осудаи сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам овард”.

Ҷӯрабек МУЪМИН.