ИФТИХОР
ЯК РӮЗИ ОБОДКОРӢ
- Подробности
- Опубликовано 02.09.2016 09:28
- Автор: Super User
Имрӯзҳо дар миқёси ноҳия ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии кишварамон иншооти гуногун бунёд шудаву мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Ҳамаи ин дигаргуниҳо ва ободиву гулкардану шукуфтанҳо мардуми диёри моро аз файзу самари даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз насиб гаштааст, ки имрӯзҳо 25-умин солгарди онро таҷлил менамоем. Мо кормандони нашрия тасмим гирифтем, ки рӯзи истироҳат аз рафти корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, ки айни ҳол бо ҷӯшу хурӯш идома дорад, ошноӣ пайдо намоем. Роҳбарии Ҷамоати мазурро давоми як моҳ мешавад, ки Ҷаҳонбек Боев ба уҳда дорад. Ӯ бо ғайрати ҷавонӣ мекӯшад, ки қаламрави ҷамоат ҳамарӯза дигаргуниҳо ба чашм расад.
Қариб дар ҳамаи деҳаҳои Ҷамоати Ҷавонон мардум пайи ободкорӣ камар бастаанд. Дар деҳаи Саричашма, ки солҳо боз бунгоҳи саломатӣ надошт ҳафтаи дуюм аст, ки сокинонаш корҳои сохтмониро муваффақона пеш мебаранд. Алакай деворҳо қомат рост кардаву мардум пайи маҳкам кардани болопӯш мебошанд. Аз даромади деҳа то наздикии бинои бунгоҳ атрофи роҳ сохтмони истгоҳ анҷом ёфтаву корҳои сангу шағалкашонӣ шурӯъ гардидааст. Дар деҳаи Хӯҷамард бошад кор ҷӯш мезад. Якбора мардум дар чанд нуқта ҳашар доштанд. Ба масофаи 2 киломаетр роҳро булдозер ҳамвор кардаву канори он мардум ҷӯй меканданд. Ин роҳи сангфарш гардида имкони рафтуои сокинони деҳаро ба шоҳроҳи Душанбе –Лахш наздик мегардонад. Ду купруке, ки болои дарёчаи Обисангбур дар ҳудуди деҳа мавҷуд буд, дар натиҷаи сели шоми 12 май корношоям гардидаву рафтуомади мардумро дар фасли зимистон қатъ мекард. Бо ғайрати ҷавонмардони деҳа он рӯз корҳои барқарорсозии ин купрукҳо идома дошт. Ҳамчунин бунёдкорӣ дар толори варзишии деҳа дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Хӯҷамардиён тасмим доранд, ки ҳамаи иншооти бунёдшудаистодаи деҳаро то ҷашни Истиқлолият ба истифода диҳанд. Деҳаи Навобод ояндаи нек дорад. Аҳолии деҳа аз ҳисоби заминҳои барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудошуда бояд зиёд шавад. Бо назардошти ҳамин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарурати сохтмони мактабро дар деҳа зарур шуморид. Айни ҳол сохтмони мактаби деҳаи Навобод, ки аз 9 синфхона иборат аст бо кӯмаки роҳбарияти ноҳия идома дорад. Алакай мардуми Навобод деворҳоро мебардоранд. Маркази савдо ва хизматрасонии Ҳоҷӣ Ашӯр, ки ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ бунёд мешавад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва он туҳфаи ҷашнст, ки дар рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад. Рӯ ба рӯи он ба масофаи беш аз 800 метр оромгоҳи деҳаи Дубеда панҷарабандӣ шудааст, ки ин иқдом боиси ситоиш аст. Атрофи шоҳроҳ мавриди истифода қарор гирифтани “Гӯшаи деҳқон”, ки алакай деҳқонон бо қаноатмандӣ маҳсулоташонро савдо доранд, таваҷҷуҳи ҳар роҳгузарро ҷалб менамояд. Сохтмони истгоҳи замонавӣ дар назди ин гӯша хуб ҷараён дорад. Бояд ёдовар шуд, ки дар Ҷамоати Ҷавонон ин сеюмин истгоҳи навсохт ба ҳисоб меравад.
Дар деҳаи Чаноро низ мардум кори хайру савоберо пеш гирифтаанд. Ҷавонон бо завқу шавқи беандоза пайи ба тартиб даровардани марқади яке аз орифони асрҳои пешин камар бастанд. Ростӣ бо Ҷаҳонбек Боев диққати моро сангҳои болои ин макон, ки шаклҳои гуногунро дошт ҷалб сохт. Пайи омӯзиши ин гӯшаи диёр корҳои бостоншиносиро анҷом додан меарзад, ки он таърихи нуҳуфтаи Вашгирди бостон аст. Мавзеи мазкур дар атрофи дарёчаи деҳа қарор доштаву замоне дар як кунҷи он телевизиони ҷумҳурӣ барномаи “Панҷ суруди Зафар”-ро, ки аз эҷоди Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Зафар Нозимов ҳикоят мекард сабт намудааст. Обод кардани инҷо бо ташаббусу роҳбарии раиси маҳалла Ҳафиз Ғуломов аст, ки боиси таҳсин аст.
Дар деҳаи Обисангбур низ механизмҳои бузург пайи бартараф кардани хисороти сели шаби 12 май расонда мебошанд. Алакай дарёчаи Обисангбур маҷрои хешро аз нав пайдо карда истодаву маркази деҳа намуди худро дигар хоҳад кард. Сокинони деҳа барои ин аз раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ миннатдоранд, ки ҳамеша мардумро дастгиру ҳамдам аст.
Бале, дар ҳами иншооти бунёдшавандаи Ҷамоат мардум бо дили гарм ва сипосу шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои фарзонафарзанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро доштанд, ки зиндагии осудаву тинҷӣ маҳз туфайли ӯ даст омадааст.
Бо Ҷаҳонбек Боев, ки имрӯзҳо масъулияти сарварии яке аз ҷамоатҳои калонро ба дӯш дорад, як рӯзи хешро пайи ошноӣ бо рафти сохтмонҳои Ҷамоати деҳоти Ҷавонон сипарӣ намуда, боварӣ бар он намудем, ки мардум омодаи дастгирии ташаббусҳои созандаанд.
“НФ”.