ИФТИХОР
ҚАҲРАМОНИИ ШУМО НИШОНИ МАРДОНАГИСТ
- Подробности
- Опубликовано 09.02.2018 13:26
- Автор: Super User
15 феврал аз хуруҷи Артиши Шӯравӣ
аз Афғонистон 29 сол пур шуд
Ин шабу рӯз аз хуруҷи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон расо 29 сол сипари гашт. Ҳамасола 15 феврал дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи мо ҷиҳати ёдоварӣ аз корнамоиҳои ҷанговарони интернатсионалист чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуда, дар муассисаҳои таълимии ноҳия перомуни ватандӯстиву худшиносии миллӣ дарсҳои кушод доир мегардад.
Ба ҷанги Афғонистон аз Тоҷикистон 15 ҳазор нафар сарбозу афсарон сафарбар шуда, 336 нафари онҳо ҳалок, 5 тан бедарак ва беш аз 1100 тан маҷрӯҳу маъюб шуданд. Панҷ нафар аз тоҷикистониёни дар ин ҷанг иштироккарда ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шарафёб гардиданд. Мутобиқи омор ин набард 112 нафар ҷавонмардони ноҳияи моро фаро гирифта, айни ҳол 95 нафари онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.
Чун дар арафаи ин санаи фархунда қарор дорем, месазад, ки аз далериву ҷасурӣ ва шуҷоату мардонагии эшон ҳарф занем. Ба дурустӣ, ки эшон ба ҷавонони имрӯзу оянда дар самти хештаншиносиву меҳанпарастӣ намунаи ибратанд. Кору пайкори онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан намунаи олии мардонагист. Албатта, ҳамин ғайрату шуҷоат ва қавииродагиашон дар роҳи суботу оромии меҳан буд, ки аз ҷониби роҳбарияти олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо мукофотҳо сарфароз гардидаанд. Далелаш ин ки аз шумораи 112 нафар ҳамдиёри мо 4 нафар ордени “Ситораи сурх” ва боқӣ ҳама медалҳои ҷангӣ ва дигар мукофотҳои давлатӣ гирифтанд.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тавассути сиёсати башардӯстонаву оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба зиндагиномаву корнамоиҳои фарзандони асилу қаҳрамони миллат ба як самти муҳими фаъолият табдил ёфтааст.
Мо ифтихор аз он дорем, ки аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон ҳамчун фарзандони асили Ватан ба хотири пойдории сулҳу оромӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи кишвари ҳамсоя далерона ҷангида, имрӯз бошад бо таҷрибаи ибратомӯзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳм мегузоранд.
Таърихи ҷанги Афғонистон бори дигар собит намуд, ки бузургтарин неъмати рўи замин Сулҳ аст ва мо бояд ба қадри Сулҳ ва оромию осудагии Ватан бирасем ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.