Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

БИБИИ 100-СОЛА СОҲИБИ 100 НАБЕРАЮ...

Дар арафаи Наврӯзи имсола ба хотири як каф дуою болидарӯҳии пирони табаррукӣ ба манзили сокини деҳаи Ҷонварсӯз бибии Файзимоҳ Бердиеваи 100-сола омадем. Ташрифи мо ба ин хонадон ғайричашмдошти аҳли хонавода буд. Бибиро рӯи тахти тозаю озода дар ҳалқаи наберагон бо либосҳои сафеди ба қад зебанда чун фаришта дарёфтем. Бибӣ зери лаб сари набераҳояшро сила карда зам-зама менамуд:

Ман булбуламу баҳора дӯст медорам,

Себаргаю лолазора дӯст медорам.

Себаргаю лолазор дар боғи шумо,

Эй Пирназари ҷон, шуморо дӯст медорам…

Бо шунидани ин мисраҳою чеҳраи бардамонаи бибӣ гумони пешакии мо, ки шояд ӯ дар ин синну сол хеле нотавону хотирпарешону бемор бошад, дигар шуд. Бибӣ он қадар аз хотираҳои кӯдакию ҷавонию пириаш ёдовар мешуд, ки шояд мо ба андозаи ӯ ёд оварда натавонем.

- Бибии азиз, то ҷое медонем шуморо авлоди дарозумрон дар диёр мегӯянд. Шояд инҷо сире бошад?

- Духтарам, ин суханҳо то дараҷае ҳақиқат доранд. Хоҳарам Сочигул, ки говҷӯши пешқадаму даҳҳо мукофотҳо дошт ва, шумо ӯро медонед, умри хуб дид. Акаам Оймаҳмад умри аз 90 боло дид. Додарам Аҳмад Бердиев ба 93 медарояд. Духтари амакам аз деҳаи Кабкрез Бибигул Ҳақназарова дар синни 122-солагӣ вафот кард. Синну соли ман шояд аз 100 боло бошад. Чунки модари раҳматиам мегуфтанд, ки баъди ман се фарзанди дигарашон вафот кардаанду баъд хоҳарам Сочигул таваллуд шудааст. Сири дарозумрии мо, авлод шояд аз дили поку соф, холӣ аз кинаву кудурат ва зиндадилиамон бошад. Мо як бурда нонро бо табъи хуш ва шукронакунӣ мехӯрем. Дар ин синну сол сиҳатмандам. Бовар кунед, ягон хел доруро истеъмол намекунам. Хӯроки дӯстдоштаам то ҳол қурутобу шакаробу фатирмаска, суманаки чанголию далдаю шавдег аст.

- Сад сол умр дидаед ва шояд аз ин ҳам зиёд. Сад баҳору тобистону тирамоҳу зимистон ба гуфтан осон. Шояд аз Наврӯзиҳои давраи ҷавониятон ёд кунед?

- Давраҳои кӯдакию ҷавонии ман, то шавҳар карданам, дар деҳаи Хурӯзак (ҳозира Чува), ки он вақт деҳаи хеле обод буд, паси сар гашт. Ёд дорам, рӯзҳои Наврӯзӣ модарам аз шаб то субҳгоҳон дар рӯшании чароғ дар деги калон далда мепухт. Мо, духтаракони қадрасро бо гули қоқу майдабофӣ мекарданд. Занону мардону кӯдакон дар рӯзҳои Наврӯзӣ алоҳида-алоҳида нишаста базм меоростанд. Имрӯз ҳам, шукрона мекунем, ки наврӯзиҳо хеле хушу хуррамона мегузарад. Ман ҳар сол бо дастони худ суманак мемонаму мекӯбаму мепазам. Сари дегдон назди келинҳоям нишаста нон тунук мекунам…

- Бибиҷон, аҳли хонадонатонро ба мо муаррифӣ мекардед?

- Шукрона, ки 5 духтару як писар дорам. Набераю абераю чевараю кабераҳоям аз 100 зиёданду… 100 нафар нависед, мешавад. (Чашм нарасад гуфта бибӣ механдад). Духтаронам ҳама соҳиби хонаву дари обод. Ҳамеша аз ҳолу аҳволам пурсонанд. Писари ягонаам Мирзоалиҷон бо ҳамсару фарзандонаш ба ҷони ман бечора. Келинам, ки ҳамноми худам Файзимоҳ аст, намегузорад, ки болои болини ман чанг афтад. Ҳамеша дар ҳаққаш дуои хайр мекунам. Падари фарзандонам Пирназар барвақт вафот кард. Ҳар нафас ӯро ёд мекунаму мегирям. Ёд аз зиндагии ширину якҷояамон. Ба набераҳоям аз бобои меҳрубонашон нақл карда рубоихонӣ мекунам.:

Ман булбуламу баҳора дӯст медорам…

-Домони дуо сабз аст. Ҳоло, ки ба баҳори нав расидем, ба хотири як каф дуо меҳмони шумо, бибии меҳрубону табаррук шудем…

-Худованди бузург ин давлату Сарвари халқамон Эмомалӣ Раҳмонро, ки ман чун писари ягонаам дӯсташ медорам, нигаҳбону мададгор бошад. Дуо мекунам, ки ранги ман умри бобаракати аз 100 зиёд бинеду баҳору Наврӯзи имсола бофайзу баракат ояд.