Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

ЧОР САФАРИ ПУРСАМАР

ЧОР САФАРИ  ПУРСАМАРМиллати тоҷик бо фарзонафарзандони худ дар арсаи байналхалқӣ шинохта шудааст. Ин миллат дар дарозои мавҷудияти хеш ба таърихи башар садҳо нафар фарзандони лоиқу содиқ дод. Дар даврони мо, ибтидои асри бисту як Эмомалӣ Раҳмон ба ин ифтихор соҳиб гардид. Заҳмат, хирад, ҷоннисориҳо ҷиҳати барқарор кардани сулҳу ваҳдат, кӯшишҳои натиҷабахш баҳри суботу пойдории кишвар, мустаҳкам кардани пояҳои давлати навин, яъне демократию ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ, ҷаҳду талошҳо баҳри ободию азнавсозиҳои пойтахти ватани азизамон Душанбе ва ҳамин гуна даҳҳо омили ниятҳои нек миёни халқ ӯро ширинрӯ, маҳбуб, хирадманду оқил гардондааст.

Ҳамин аст, ки ҳар ҷо равад, ӯро ҳамчун Сарвари пешво бо самимият истиқбол мегиранд, пазироӣ мекунанд, азизи дил меҳисобанд. Сифати мардумдӯстдорӣ обрӯю нуфузу мартабаи одамгариашро як бар ҳазор кардааст. Инро Сарвари давлат хуб дарк мекунад ва ҳамеша бо халқ будан, розу ниёзи сокинони кишварро фаҳмидан, ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз намуданро аз вазифаҳои ҷонии худ медонад. Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ шаҳру ноҳияе намондааст, ки Сарвари давлат ба он ҷо сафари корӣ анҷом надода бошад. Агар гӯем, ки маҳбубияти ӯ аз ин сафарҳо ҳусни хуршедӣ пайдо кард, хато намешавад. Далелаш ҳамин аст, ки ҳанӯз аз солҳои 2007-2008 дар ҷо-ҷо ба ӯ унвони олии Пешвои миллат дода буданд. Ва барҳақ арзанда, ки буд, ба шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат соҳиб гардид. Яъне ин унвон арзиши қонунӣ гирифт.

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод чор дафъа сафари корӣ дошт.   Мардуми ноҳияи Файзобод ҳамеша ташнаи дидори Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, мехоҳанд муҳаббату садоқати худро нишон диҳанд, исбот кунанд, ки воқеан аз ҷумлаи байрақбардорони сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат мебошанд.   

23 октябри соли 1994. САФАРИ НАХУСТИН

Сафари нахустини Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод 23 октябри соли 1994, пас аз ду соли баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ омад.  Он вақт Э.Раҳмон дар мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард. Ӯ ба Файзобод ба сифати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон ташриф овард.

  Дар даромадгоҳи ноҳия, деҳаи Қарабулоқ, имрӯза Бӯстон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, номзади вазифаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмоновро раиси ноҳия Саидмурод Тағоев, гурӯҳи собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷавонони хоҷагии иҷоравии ба номи Рӯдакӣ гарму ҷӯшон истиқбол намуданд. 

Дар роҳи сафар Э.Раҳмонов ба коргарони бригадаи  рақами 1-и совхози «Октябр» мулоқот карда, ҳамчунин ба участкаи интихоботии воқеъ дар мактаби миёнаи № 40 даромад. Инҷо бо муаллимон, сокинони деҳкадаи Лолагӣ суҳбати самимӣ орост.

Сардори давлат дар маркази ноҳия нахуст аз касалхона дидан кард. 

Лаҳзаҳои зиёрат ва гулгузорӣ дар пояи пайкараи мармарини шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар боғи фарҳангу фароғатии «40-солагии Ғалаба» ҳаяҷонбахшу фаромӯшнашаванда буданд. Ин ҷо иштирокчиёни ҷанг, пирони баруманди Файзобод, толибилмони хурдсоли мактаби миёнаи №1 Эмомалӣ Раҳмоновро пазироӣ намуданд. 

Номзад ба президентиро дар хонаи фарҳанги ноҳия фаъолони ноҳия, намояндагони интихобкунандагон интизор буданд. 

30 майи соли 2008. САФАРИ ДУЮМ

Сафари дуюми Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод пас аз 14 соли ташрифи нахустини ӯ ба ин диёр, баъди дафъаи дуюм ба мансаби Президенти Тоҷикистон соҳиб гардиданаш, ба вуқӯъ пайваст. Ин дафъа на ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ, балки ҳамчун Сардори давлат, Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ баҳри шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ба ин мулки қадимии Тоҷикистон омад.

 Сафари кории Президент Эмомалӣ Раҳмон аз даромадгоҳи Файзобод оғоз гардид.  Президенти мамлакат ба боғи намунавии навбунёди деҳаи Бӯстон ташриф оварда, бо деҳқонону боғдорон суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳини ташрифаш ба коргоҳи парандапарварии ноҳия – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Мурғи ҳилол» изҳори ризоят намуд, ки супориши Сардори давлат дар хусуси ба кор андохтани парваришгоҳи мурғ ба иҷро расонда шудааст.  Сардори давлат иттилоъ гирифт, ки чор мурғхонаи амалкунанда бо 93600 мурғи тухмдеҳ пурмаҳсул фаъолият доранд ва 3 мурғхонаи дигар барои қабули 90 ҳазор мурғ тайёр аст.

Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли заҳмати корхона суҳбат намуда, аз шароити корӣ ва аҳволи рӯзгорашон пурсон шуд. Аз он ки коргарони ин корхона моҳе то 1500 сомонӣ маош мегиранд, ба роҳбарият ташаккур изҳор кард.

 Худи ҳамон рӯз Сардори давлат аз замини гандуми лалмӣ ва маъсарзори хоҷагии деҳқонии «Осоиш» мутааллиқ ба Маҳмад Сафаров, ки дар канори шоҳроҳи Душанбе-Помир қарор дорад, дидан кард ва ба нашъунамои зироат баҳои баланд дод. 

Сафари кории Сардори давлат ба кушода шудани нимпайкараи Султони шоирони Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рост омад. Шарафи кушода шудани парда аз рӯи нимпайкара ба Сардори давлат муяссар гардид. 

Дар боғи фарҳангию фароғатии «40-солагии Ғалаба» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон оид ба баррасии натиҷаҳои истеҳсолот аз аввали соли равон ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда машварати корӣ доир кард. Ӯ изҳор намуд, ки дер боз ба ноҳияи хушбоду ҳавои Файзобод ба дидорбинии мардуми сарбаланду меҳмоннавоз ва меҳнатдӯсти он омадан мехост, вале корҳои зиёди давлатӣ, ки дар тӯли ин солҳо доштааст, монеаи иҷрошавии ин ният мегардиданд.

15 июли соли 2011. САФАРИ СЕЮМ

Ташрифи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Файзобод дар фасли тобистон сурат гирифт, айёме, ки сокинони диёр ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳлона тайёрӣ медиданд. Сардори давлат истиқлолияти давлатиро бузургтарин дастовард ва дороии халқи тоҷик тавсиф намуда онро нишони озодиву соҳибихтиёрӣ, сарчашмаи бахту саодат, омили муҳими пешрафт ва шарти асоситарини тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт арзёбӣ кард.

Мақсади омадани Сардори  давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Файзобод иштирок дар маросими ба истифода додани як зумра иншооти наву замонавӣ ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум буд.

Сардори давлат тавассути чархбол ба диёри  мо омада, боздиди кории худро аз деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Мискинобод аз шиносоӣ бо парвариши картошка дар Корхонаи воҳиди давлатии ба номи Абдулвоҳид Назиров оғоз кард. Инҷо меҳмони олиқадрро пирони кордидаи нуронии Қалъаидашт пазироӣ намуда, ба саломатии бардавоми ӯ дасти омин бардоштанд. Ҳамон сол хоҷагӣ дар 300 гектар картошка парвариш мекард. Оғози нашъунамои картошказор ба Сарвари давлат хуш омад. Ва таъкид кард, ки Файзобод имкон дорад, ки майдони картошкаро ба 1000 гектар расонад. Хати сафари Сардори давлат ӯро ба деҳаи Заркамар бурд. Инҷо ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёди як мактаби зебои намунавии дуошёна барои 1240 хонанда ба анҷом расида буд, ки бо иштироки Сардори давлат мавриди истифода қарор дода шуд. Мардуми деҳаи Заркамар хурсандию миннатдории хешро дар рӯ ба рӯ ба Президенти Тоҷикистон ба давлату ҳукумат баён доштанд.

 Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ бо кору бори  хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷавонон хурсандӣ изҳор намуд. 

Ҳамон соли 2011 дар маркази ноҳия – шаҳраки Файзобод ду иншооти бар ба бар, яке осорхона, дигаре «Чойхонаи миллӣ» ба истифода тайёр шуда буданд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ҳарду иншоот ба ташрифи Сарвари давлат рост омад. Ӯ дар осорхона бо осори таърихии шаҳри бостонии Вашгирд ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ шинос шуд.  Воқеан, Сарвари давлат дар яке аз сафарҳояш ба Файзобод мавқеи муҳими таърихии ин шаҳри қадимиро қайд карда таваҷҷуҳи олимони бостоншиносро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи Вашгирд ҷалб намуд.

Табиист, ки сафарҳои кории Сарвари давлат бо маҷлиси ҷамъбастӣ ва мулоқот бо фаъолон анҷом мепазирад. Ҳамин аст, ки ба ин хотир дар «Боғи фарҳангию фароғатии 40-солагӣ» ҷамъомади мулоқот доир гардид.

10 апрели соли 2014. САФАРИ ЧОРУМ

Дар Файзобод баҳор пай мезад. Аз заминҳои минтақаи болои ноҳия – Қалъаидашту Мискинобод барф ҳанӯз нахеста буд. Дар мавзеи доманфарохи Даштимарзо бояд ба боғи 120-гектара асос мегузоштанд.  Ба ин амали нек бояд дасти босаховати Сардори давлат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасид. 

Рӯзи омадани Сардори давлати Тоҷикистон дар Қалъаидашт борон меборид. Рӯзноманигорони маҳаллӣ Низомиддини Шамсиён ва Мунаввара Тағоева манзараро образнок тасвир кардаанд: «Аз борони найсони боридаистода мардум ҳаловат мебурданд. Гӯё ин лаҳзаҳо ба сару рӯи онҳо аз осмон борони файзу баракат меборид».

Шодию нишоти одамони ҷамъомада, хосса мардуми Даштимарзо ба истиқболи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон интиҳо надошт. Ба туфайли қадами мубораки шахси аввали Тоҷикистон мардуми деҳа боз соҳиби 120 гектар боғи нав шуданд, ки дар оянда бо ташкили 60 хоҷагии инфиродӣ 250 нафар шуғли доимӣ меёбанд.

Меҳмони олиқадри заҳматкашони Файзобод, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мавзеи хушбоду ҳавои Қалъаидашт дар канори замине, ки барои боғи 120-гектара муқаррар шуда буд, бо фаъолони Файзобод маҷлиси мулоқот орост.

Ба шарафи сафари кории Президент намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаи ҳунарҳои дастии мардуми ноҳия ташкил карда шуд. Сарвари давлат ба ҳунари кулолгарони тусанбоғӣ Сочигул Асоева ва Сайёра Раҳимова, устоҳои табақтарош Солиҳбек Зоирову Бобишо Ҷалилов мароқ зоҳир кард. Таваҷҷуҳи бештари ӯро лоиҳаи бунёди навбати дуюми корхонаи ҶДММ «Мурғи ҳилол» ба худ кашид. Лоиҳа 61 мурғхонаи навро барои парвариши мурғҳои гӯштӣ дар бар мегирифт, ки дар 29-тои он ҳар сол то 6 миллион сар мурғ парвариш хоҳад ёфт. Соле корхона бояд 12 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол кунад. 

Ҷӯрабек Муъмин, «НФ».