ИФТИХОР
ОФТОБИ РӮЗГОРИ ТОҶИКОН
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 11:36
- Автор: Super User
Ту ба монанди офтобе дар рӯзгори тоҷик омадӣ бо хости Худо ва дар самои давлати соҳибистиқлоли тоҷик дурахшидиву роҳи мардумро рушан кардӣ.
Муҳаббати ту дар тоҷикзамин миллати тоҷикро сарҷамъ кард ва онҳо барои ободии Ватани худ ба нанг омаданд ва барои дубора сохтани Ватани худ камар бастанд.
Муҳаббати ту аз ҳамон лаҳзаҳои аввале, ки дар Иҷлосияи шонздаҳум баромад карда, дар бораи кашмакашиҳои зиёди бемаънии сиёсӣ изҳори ташвиш кардаю иқдоми пешгирифтаи худро баён кардӣ ва гуфтӣ ки,
Оштии тоҷик қарзи ман аст.
Ҳар куҷо тоҷик бувад, марзи ман аст.
Ҳис карда мешуд, ки метавонӣ бо муҳаббати худ ба вазъият таъсир расонӣ. Баъди иҷлосия бо “ҷомаи тоҷикӣ”, ки ба Оши оштии Хуҷанд омадӣ аз қадамҳои аввалинат дар ин роҳи пешгирифтаат, аз ҳиммати ту тирамоҳ ба монанди баҳорон шуд. Роҳи тоҷик пурнур шуд, чунки зиндагии онҳоро бо номи Худою дуои пирон аз сари нав ҷон бахшидӣ.
Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.
Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,
Ба рухат акси рухи себ диҳад.
Муҳаббати ту ба сарзаминат дар лаҳзаву соатҳои тақдирсоз, ки дар ҳар суханат ормону орзу, нангу номус, садоқат ба Ватан ба монанди савганд ба тақдири халқу Ватан изҳор доштӣ, аз воқеият дарак медиҳад.
Муҳаббати ту, суханҳои ту самимӣ буданд, чунки дар лаҳзаҳои номумкин, гурӯҳҳо ташнаи хуни якдигар, дар дил кинаву адоват, силоҳ ба даст рӯ ба рӯи ҳам, номумкинро мумкин кардӣ.
Ба қавли худ: “ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам” вафо кардӣ. Ба ин корнамоии қаҳрамононаи худ байни сиёсатмадорони бузурги Ғарбу Шарқ, олимону тадқиқотчиён мавқеи намоёнро ишғол кардӣ. Тавонистӣ бо эҳёи дубораи миллати тоҷик, ки дар вожаи гуфторат ҷон дошт, ҳарорати баланд дошт, дар ҳар ибораи аз забонат баромада орзуи як миллат ифода мешуд, бо гуфтору рафтори худ истиқлолиятро ҳифз кардӣ.
Муҳаббати ту ба забони тоҷикӣ, ба ин ёдгории ниёгони мо ба ин забони шакарин ҳамаи имтиёзҳоро дод, орзуҳои гузаштагони худро бароварда кард.
Ҳар сол халқи азизат Паёмҳои туро бесаброна интизоранд. Боварӣ доранд, ки ҳар сол ягон хушхабари тоза мешунаванд, медонанд, ки аз ин паёмҳо, пайғомҳо, хушхабарҳо ҳар сол зина ба зина зиндагии онҳо пеш рафта истодааст. Ту сарвари танҳо тоҷикон не, балки сарвари ҳамаи миллатҳое, ки дар Ватани мо ҳаёт ба сар мебаранд, ҳастӣ.
Чун падар даст ба сари ятимон мегузорӣ, дасти барҷомондагонро мегирӣ, беморонро тасалло медиҳӣ, ба онҳо ғамхорӣ мекунӣ, дастгири ҷавонон ҳастӣ.
Банда яке аз нафароне мебошам, ки дар деҳаи Хамисавра дар як синфхонаи тангу торик, ки аз шифташ рӯзҳои борон об мечакид, Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 аз радио шунидам. Аввалан Худованд, шукӯҳу шаҳомати ту, меҳру муҳаббати ту, шарофати ту, Ваҳдати ту ба синфи тангу торики мо равшанӣ овард. Аҳли деҳаи мо аз меваҳои баборовардаи Истиқлолият бенасиб намонд. Соли 2010 мактаби ибтидоӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд. 20 нафар бонувони деҳа соҳиби ҷойи кор шуданд.
Бо меҳру муҳаббате, ки ба сарзамини аҷдодии худ дорӣ, 25 сол мешавад, ки Истиқлолият онро ҳифз мекунад. 25 сол на онқадар муҳлат мебошад, лекин созандагиҳо, ободиҳое, ки ба назар мерасад, аз 70 сол кам нест. Бошад, ки халқе, ки ба оламиён муаррифиаш кардиву тавассути Истиқлолият аз тамоми ҷаҳон онҳоро бо ҳам овардӣ, ин неъмати бебаҳоро, ин тоҷро, ин забонро ба сӯи абадият роҳнамоӣ карда, пос дорад.
Ғалатмоҳ МИРОВА, омӯзгор.