Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

БАЛАНДИИ САРИ МО АЗ ВАТАНДОРИСТ

Кас намехоҳад аз ҳаводиси ду даҳсолаи пеш ёд оварад. Вале магар метавон воқеоти таърихро пушти даст бигзориву ба ифодаи «Ба гузашта салавот» худро тасаллӣ бахшӣ?

Ҳодисаҳои солҳои 1992 -1997 аз саҳифаҳои таърихи миллат зудуда намешаванд.

То ба имрӯз ҳар хел баҳо доданд ҳаводиси он солҳоро . «Ҷанги таҳмилӣ» гуфтанд, «Аз ноогоҳии худшиносӣ» гуфтанд, «Дасти хориҷиён» гуфтанд, «Қувваҳои пинҳонкори сеюму чорум» гуфтанд…

Бадбахтона, воқеаҳои мудҳиши ҳамон солҳои Тоҷикистон дар ин ё он гӯшаи олам рух дода истодаанд.

Хушбахтона, сахтиҳои рӯзгори халқи мо паси сар шудаасту боварӣ дорем, ки такрор намешаванд.

Мо орому осудаем. Сулҳи мо барҷост, Ваҳдати мо тавоност, ончунон, ки дигарон аз мо меомӯзанд. Ин бурди мост.

Сулҳи тоҷикон ба номи сарвари халқ Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст. Инро мо чун панҷ ангушти дастамон медонем. Сиёсатмадорони ҷаҳон ҳам аз ин раванд хуб огоҳанд. Таваҷҷуҳ кунед, ки собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Раман Нараянан соли 2001 чӣ гуфта буд:

«Моро кӯшишҳои хастанопазири Ҷаноби Олӣ Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самараи нек медиҳад».

Мо сол аз сол пеш меравем, рушд мекунем. Равнақу ривоҷ ҳамқадами мост.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, ки «маҳз роҳу пайкари софдилона, саъю кӯшиши пайгирона ва заҳмати бунёдкоронаи халқи шарифи кишварамон… аст, ки мо ба шоҳроҳи рушди босуръат ва устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ворид шуда, пешрафти иқтисодии Тоҷикистони азизамонро таъмин карда истодаем».

Аз анҷоми воқеоти мудҳиши Тоҷикистон қариб бист сол мегузарад. Ҳаждаҳ сол тифли балоғатрасидаро мемонад, тифле, ки акнун дар ин сину сол ба ҳама чиз сарфаҳм меравад. Истед, ки ҳаждаҳсолаҳои имрӯза ҷангу ҷидоли солҳои навадуми асри пешини кишварамонро аз забони падару бобоён шунидаанд. Оҳ, чӣ рӯзҳои сахтро аз сар гузарондем мойи имрӯз аз чилсола боло!! Шумо, ҷавонҳо, ҳаргиз набинед он рӯзҳоро!

Тарсу ҳарос дар умқи дилҳо шишта буд. Серӣ надоштем, на аз нону на аз дидори хешу табору ёру дӯстон. Намедонистем, ки анҷоми ҷангу ҷидолу кашмакашу хархашаҳо, одамфурӯшию одамкушиҳо кай фаро мерасад.

Имрӯз ҳавои сулҳ, оромӣ, ки, ба ифодаи мушаххас Ваҳдат унвон дорад, моро, халқи Тоҷикистонро, пирони аз ҳаводиси он солҳо хабардорро, ҷавонони бехабар аз он рӯзҳоро хушҳол гардондааст. Ҳар рӯз, ки хуршед тулӯъ мекунад, нури Ваҳдат рӯшантар, фаровонтар мегардад. Ин нур ба дилҳо сурур мебахшад, касро ба шукргузорӣ даъват мекунад, ҳидоят менамояд, ки ба қадри Сулҳу Ваҳдату Оромӣ бирасем. Зеро ду даҳсола пеш дар орзуи ҳамин се мӯъҷиза будем. Ва боз чанд муъҷизаҳои ҷонбахшу дилхоҳ…

Акнун, кӣ сулҳи моро халалдор карда метавонад? Кӣ ба иродаи мо ҷуръати дахолат кардан дорад? Кӣ барои Ваҳдати мо монеъ мешавад? Кӣ моро азми шикастан дорад? Кӣ? Кӣ? Кӣ? Ин садо ба гӯши ҳама ваҳдатбезорон расад!

Мо дигар парешон нестем. Ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри XX моро сабақ дод. Мо якдилем, яктанем, якҷонем.

Ин лаҳза баҳои раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир Саидҷалоли Бадахшонӣ ба ёд меояд, ки ҳанӯз соли 2002 барои мо, тоҷикони фарҳангӣ муроҷиаткунон баён дошта буд: «Шумо дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси ҷумҳур ба як натиҷае расидед, ки дар дунё имрӯз беназир аст. Мамлакате, ки ҷанг фаро гирифта будаш, бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷойи дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад. Шумо худро хурд напиндоред ва Раиси ҷумҳури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро, ки таҳти роҳбарии ишон ин матлаб дуруст шудааст».

Соҳибистиқлолӣ ба мо нерӯ мебахшад, сӯйи бунёдкорӣ, созандагӣ ҳидоят менамояд. Шукуфоӣ, зебоӣ, ободии кишвари азизамон – Тоҷикистонро аз мо, сокинони бонангу номусаш, тақозо мекунанд. Истиқлолият худ меваи шаҳдбор аст. Меваи ин дарахти муқаддасро нозукона бояд чинд, нозукона бояд хӯрд, лаззаташро нозукона бояд чашид. Ана, ҳамон вақт ба қадри ширинии Истиқлолият мерасӣ, онро арҷ мегузорӣ, муқаддас медонӣ. Истиқлолият модару зояндаи Парчаму Нишони давлатии мост. Парчаму Нишон аз муқаддасоти миллианд. Ҳолӣ, ки Парчами дар пойтахти кишвар устувори мо дар ҷаҳон баландтарин аст, ифтихори миллии мост, аз ҳастии давлати мо башорат медиҳад. Баландии Парчам нишони баландии ақлу заковати тоҷикон аст, баландии фарҳанги мо баландии мақсаду мароми дурахшандаи мо сӯи ояндаи созандаи мост.

Мо дар миёни садҳо давлати мустақил камшуморем, вале беназирем. Инро ман мегӯям! Ту ҳам бояд эътироф кунӣ, хонандаи азизи ман. Бо ин шумораи кам, андак зиёдтар аз ҳашт миллион, моро дар ҷаҳон ҳамчун соҳибдавлат мешиносанду қадр мекунанд. Яъне баландии сари мо, тоҷикон аз ватандорист! Мо бо номи шоиронаи ТОҶИКИСТОН Ватан дорем. Президенти мо аз сари минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо сари баланд аз ватандории мо ҳарф мезанад.

Дурахши ахтари мо аз ватандорист,

Уқоби шаҳпарӣ мо аз ватандорист.

Нумӯи кишвари мо аз ватандорист,

Садои раҳбари мо аз ватандорист.

Барои ҳамин Ватан моро чун модар дӯст медорад,-- Ба ҷону дил баробар дӯст медорад.

Мо аз худ берун буда метавонем, вале аз Ватан не. Зеро мо дар оғӯши Ватанем, дар оғӯши гарму нарми ӯ. Ватан моро зиёдтар аз худамон дӯст медорад. Бо Тоҷикистон будан дар оғӯши модар будан аст. Яъне ин ки ҳамтану бо ҷон баробар будан аст. Агар як рӯз аз оғӯши ин Ватан ҷудо бошем, хунинҷигар мешавем. Ҳама осоишу оромиши мо аз роҳати ӯст, ҳама фатҳу зафарамон пайваста бо номи ӯст. Мо бо Ватан наздикему ӯ ба мо наздиктар, балки ӯ ҷон бошад, мо ба ӯ ҷону ҷигар ҳастем.

Мо бо Ватани азизи худ ба пирӯзии 25- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар қадам мениҳем, аз ҳамин ҷиҳат соли хоса аст соли 2016. Бисту панҷ соли Истиқлолият, ки ҳавои оғозаш ғуборолуд буду имрӯз софу беғубор аст, моро аз ояндаи неки кишвар башорат медиҳад. Бисту панҷ сол назди таърих ночиз намояд ҳам, барои мо, тоҷикон, бисёр чиз дод: пойдории давлатӣ, эътирофи ҷаҳонӣ, мустаҳкамии муносибатҳои дипломатӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди роҳҳои азими нақлиётӣ, неругоҳу нақбу купрӯкҳо, сохтмону ободонии рӯзафзун. Ҳамаи инро Ҳукумати Тоҷикистон дар такя ба нерӯи созандаи халқи бузургаш ба ҷо овард. Ва намешавад нагӯем, ки ин пешравиҳо ба хиради олии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст. Ҳамин хирад ӯро ба мақоми бузург - Пешвои миллат сазовор гардонд. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон аввалан аз ҷониби халқ эътироф шуду баъд ба либоси қонун даромад. Яъне Пешвои миллат будан рисолати ӯст. Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ инро барвақт ҳис карда буданд. Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, понздаҳ сол пеш, соли 1999, баъди якуним соли Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москва ба имзо расида буд, изҳор намуд, ки сарвари Тоҷикистон «яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад». «Ин беҳуда нест, - таъкид кард В. Путин. – Тамоми ҷиду ҷаҳди ӯ аз ин шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташаниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».

Эътирофи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷаноби сиёсатмадорони ҷаҳон эътирофу эҳтироми халқи тоҷик аст. Чунки Эмомалӣ Раҳмон зодаю парвардаи ҳамин халқи бузургофар мебошад.

Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон