ИФТИХОР
ЗАЙНИДДИНИ ҒУРАМАРГИ ОТА, ОРЗУҲОИ ШИРИНИ ҶАВОНИАШРО БА ХОК БУРД
- Подробности
- Опубликовано 12.02.2016 16:18
- Автор: Super User
Ман Изомиддинов Тоҷиддин собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошам. 27 сол дар ин соҳа хизмати ҳалолу поквиҷдодона карда, бо сари баланд ба нафақа баромадам. Фаъолияти ман асосан ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд. Он солҳо мо, кормандони милиса, шабу рӯз хоб надоштем. Бо баҳои ҷони даҳҳо фидоиёни роҳи ин касб сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон барқарор гардид. Ифтихорманду худро хушбахту хурсанд меҳисобидам, ки заррае бошад ҳам, барои Ватану мардуми азизам баҳри расидан ба чунин рӯзҳои нек хизмат намудаам. Лек зиндагӣ пастию баландӣ, талхию ширинӣ доштааст. Ва мане, ки дар сояи фарзандони азизам даврони хуши пирӣ мерондам, доғу дарди сахте дидам, ки тамоми умри боқимонда месӯзаму мегирям. Писарам Зайниддинҷон, ки корманди оперативӣ дар Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буду дар қалби софу беолоиши ҷавониаш ҳазору як орзую ҳавас дошт, бо мақсади хонадор шудан ва пасандози маблағ як муддат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Аз рафтанаш як моҳ нагузашта хабари марги ӯ аҳли оила, хешу таборонро ба чоҳи ғаму андуҳ андохт. Хабари шум расид, ки писарам дар ҷойи кори наврафтааш ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардидааст. Чӣ рӯзи даҳшату чӣ рӯзи сиёҳе ба сари оилаи мо омад. Дар чунин рӯзҳо омадурафти ёру дӯстон, қаъму ақрабо заррае ҳам бошад, одами ғамдорро тасаллият медодааст. Ман миннатдорӣ мекунам аз раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода, муовинонаш, раиси ҷаомати деҳоти Вашгирд, раиси маҳалла, ки дар чунин рӯзи сахт дар паҳлӯи мани азодор буданд. Махсусан ҳар сухани раис, ки баробари мани фарзандгумкарда ашк мерехт, маро ба худ меовард, ки фикр намоям ин рӯзи сахт ба сари ҳар як инсон меояд. Мо, бандагон бояд сабру таҳаммул намоем.
Аз марги писари ман қариб 2 моҳ гузашта бошад ҳам, аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия касе маро суроғ накард, напурсид, ки мо чунин собиқадори соҳа дорем. Ду нафар фарзанди ман кормандони ин соҳа буданд. Ҳатто милисаи қитъавӣ низ моро аёдат накард. Сабаб чист, намедонам? Албатта бо омадани онҳо фарзанди ман зинда намешавад, танҳо дарди қалби дар ғами фарзанд обшудаи ман ин аст, ки вақте кас як умр дар як коргоҳ меҳнати фидокорона мекунад, дар чунин рӯзи сахт ӯ ба ёди касе намерасад, аламаш мекардааст.
Дар сурат: Зайниддин Изомиддинов
Тоҷиддин ИЗОМИДДИНОВ, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати деҳоти Вашгирд