ИФТИХОР
МАН АЗ ФАРЗАНДОНИ ВАТАНДӮСТАМ ИФТИХОР ДОРАМ МЕГӮЯД СОКИНИ ДЕҲАИ СУРХДАРА САФАР ТАҒОЕВ
- Подробности
- Опубликовано 29.02.2016 15:30
- Автор: Super User
Акаи Сафар сокини деҳаи Сурхдараи ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев мебошад. Оилаи намуна буда, фарзандонашро тарбияи хуб додааст. Тӯли беш аз чил соли зиндагии доштааш бо ҳамсари меҳрубону ҷигарбандонаш касе аз бошандагони деҳа аз узви ин хонавода ба ҷое шикоят набурдааст. Меҳнати ҳалолу зиндагии хоксоранаашро ӯ аз ҳама чӣ боло медонад. Аслан муҳтавои ин суҳбатро акаи Сафар намехоҳад рӯи коғаз биёрем ва агар чизе ҳам иншо карданӣ бошем, хоҳиш дошт, ки бисёр кӯтоҳ баён кунем.
Фарзандони акаи Сафар воқеан ҳам чун падари хеш зиндагии хушу гуворо ва тенҷу осударо дар баракати меҳнати ҳалол ёфтан мехоҳанд. Се писараш, Сангинмурод ва Бахтиёру Давлатёр дар ҳамин давраи соҳибистиқлолии кишвари азизашон, қарзи ҷавонмардии худро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо сари баланд ба сомон расондаанд. Падар ҳар гоҳе ки даъватномаи комиссариати ҳарбиро ба унвони фарзандонаш мегирифт, онҳоро сари дастурхон хонда, ҳуҷҷатро ба дасташон медоду насиҳати қатъӣ мекард, ки пагоҳ, фардо ё рӯзи даъватӣ соати даркорӣ дар комиссариат шавад. Ӯ онҳоро мефаҳмонд, ки падарашон ҳангоми ҷавонӣ фарсахҳо дур аз ватан, дар кишвари Приморйе хизмат кардаасту чаро онҳо дар ватани зебову офтобиашон, ки ҳамагӣ на беш аз 100 ё 500 км аст, хизмат карда натавонанд. Бачаҳои боодоб баъди ин машварати падар дигар ҳарфе зиёде нагуфта, дар комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешуданд. Ҳамин тавр се писари акаи Сафар паёпай бо сари баланд дар солҳои гуногун қарзи ҷавонмардии хешро бе саркашӣ аз даъват ва дудилагӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба субут расонда, сари падарашонро назди қавм, хеше ақраболо боло бардоштанд. Акаи Сафар ин ҷавонмардии писарони ватандӯсташро дастак намекунад, балки онро қарзи шаҳрвандии фарзандонаш медонад. Танҳо мегӯяд, ки бо ҳамин гуна як фарзандони далеру ватандӯсташ назди мардум сари ифтихор дорад.
Ораз