Пн11252024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

БИЁ, БАҲОРИ ИШҚУ ЗЕБОӢ!

Сабзу шукуфову дилангез аст баҳори Аҷам. Бо вазидани насими накҳатбор бӯйи хуши гулу ёсуман ба машом мерасад. Насими атрогини баҳорӣ сару рӯйи касро сила мекунад, чангу ғубори танро меафканад, кӯфти касро дур месозад, ғами дилро мебарад, ба дилҳо шодиву сурур меорад. Ин насими фораму дилангез гӯё гулобест, ки дар соғар аз дасти арӯси моҳпайкар бо сад ишваву ноз, ғамзаву роз, саодату садоқат, меҳру муҳаббат таровид, ки онро ба як дам дар мекашӣ. Фораму лазизу дилкаш ва нозуку латифу париваш. Беҳуда нагуфтаанд: «аз боди баҳор баҳра бардор…»

Оҳанги марғубу ҷаззобе дорад насими баҳорӣ. Шояд аввалин оҳанги зиндагӣ, аввалин суруди ишқу зебоиро баҳор суруда бошад. Баҳор фасли рӯъёҳову шукуфтанҳост. Дарахтон, ки баъд аз сармои зимистон, баъд аз сардӣ ва тираву торӣ, баъд аз бараҳнагиву қаҳтӣ ва хориву зорӣ дубора зинда шуда, ба тан куртаи ҳарири садранги баҳорӣ пӯшида, чун гулдухтарони нозанин, арӯсони дилҷӯ дар лаби ҷӯ ба ҳам роз мегӯянд, чун кабкони сари кӯҳ қаҳ-қаҳ мезананд, ҳама дастобадаст ба рақс меоянд ва шодӣ мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки ин оҳанг аз дили қарнҳо садо медиҳад ва ба ин оҳанги дилҷӯ бобову бибиҳои мо мерақсиданд. Ин оҳанги дили мост, ки бо баҳор якҷо меояд. Баҳори Аҷам баҳори мост. Мо худ баҳори зиндагием… Баҳорон агар ба сайри кӯҳ бароем, оламро зебо ва шукуфову дилрабо дармеёбем. Гулу гиёҳ, сангу кӯҳ, оби ҷӯйю дарё, парандагону чарандагон дар рақси самоанд ва бо суруд якдигарро ба баҳор табрик мегӯянд. Аз сару рӯйи онҳо ишқ мерезад, ки олам равшану мунаввар гардад.

Баҳор фасли ишқ аст. Ман тараннумгари баҳори нозанин ва ишқу зебоиям. Дар қалби ман тамоми зебоиҳои олам нуҳуфтааст…

Ёрзода Орзубеки ҲАСАН.